Россотрудничество министерство образования республики таджикистан академия образования таджикистана

Вид материалаДокументы

Содержание


Инъикоси фарњанг ва илму маърифати воло дар «туњафи ањли бухоро»
Воспитание толерантность в условиях
Вањида бобохонї
Тањаввулоти отифии нављавонон ва наќши волидайн дар тањаммулпазири рафторї
Талоќ ва ихтилолоти рафторї-иљтимої
Омори ва ихтилолоти вобаста аз талоќ
Иллатњо ва паёмадњои талоќ
Фаќр, бекорї ва адами огоњї
Мушкилоти иќтисодї
Эътиёд, маншаи 85 дар сади талоќњо
Мушкилоти љинсї, омили 50 дар сади талоќ
Подобный материал:
1   ...   9   10   11   12   13   14   15   16   17

Литература
  1. Абульханова-Славская К.А. Стратегия жизни. - М.: Мысль, 1991.-299 с.
  2. Ананьев Б. Г. Человек как предмет познания. С-Пб.: Питер, 2000. 282 с.
  3. Бабий Г И Формирование коммуникативной культуры менеджеров туристской деятельности в процессе их профессиональной подготовки: Автореф. Дисс.... канд.пед.наук.-М.,1999.-19с.
  4. Бондырева С. К., Колесов Д.В. Толерантность (введение в проблему) М.: Издательство Московского психолого-социального института; Воронеж: Издательство НПО «МОДЭК», 2003. - 240 с.


Муњаммадалї АФЃОНОВ

директории Пажўњишгоњи

рушди маорифи АТТ,

номзади илмњои педагогї


ИНЪИКОСИ ФАРЊАНГ ВА ИЛМУ МАЪРИФАТИ ВОЛО ДАР «ТУЊАФИ АЊЛИ БУХОРО»


Дар охирњои асри 19 Осиёи Миёна аз љониби Россия забт гардида буд. Дар ибтидои асри 20 ба ќуллаи баланди рушди худ, ба империализм расид. Вале дар Осиёи Миёна сохти феодалї њукмронї на намуд ва манбаи ашёи хоми давлатњои Ѓарб ќарор дошт. Дар ин давра зери таъсири аќидањои маорифпарваронаи Ањмади Дониш як силсила маорифпарварони љавон, ба мисли Њайрат, Аљзї, Сањбо, Асирї, Айнї, Фитрат, Мирзо Сирољи Њаким (бо тахаллуси доктор Собир) ба арсаи илму адаб ва маърифат ворид шуданд. Мизо Сирољи Њаким муддате ба кишварњои мутараќќии Аврупо ба сайёњат баромада, мушоњидањои худро дар «Туњафи ањли Бухоро» (соли 1910) љамъбаст намудааст.

Таассуроти муаллиф аз ин сафарњо хеле љолиб ва хотирнишон сурат гирифта, ба рушди тафаккури худи ў таъсири мусбат расондааст. Ободї ва зебої ва шукўњи шањомати ин давлатњо ба ў тассуроти амиќ гузаштаанд. Аз љумла ў ваќти дидани Австрия ба ваљд омада, навиштааст, ки дар атрофи нањри Туна ќањвахона ва мењмонхонањое сохтаанд, ки назири онњо дар дунё камтар дида мешаванд. Њар рўз тарафњои бегоњї мардуми ин шањр, ки аз касбу кори худ фориѓ мешаванд, љињати сайру тамошо њар кас бо дўсту рафиќи худ ба ин мавзеъњо озодона ба саёњат меоянд.

Муаллиф ба дастовардњои баланди илмию фарњангї ноил гардидани онњоро дар њифзи ёдагорињои таърихї медонад ва дар замима иттифоќу иттињоди халќњоро ба таъкид меорад: «Баъд ки ќадре болотар рафтам, чашмам аз дур ба як иморате афтод, ки манорањои он шибњи манораи масљид буд. Беихтиёр савораи фойтун шуда, ба тарафи он бинои дилкаш, ки бандаро ба сўи худ мисли оњанрабо мекашид, равона шудам. Аз колискачї суол кардам гуфт: Масљиди ањли ислом аст. Тааљљуби банда зиёдтар шуда, ба худ гуфтам: оё чи гуна шуда, ки дар ин шањр дар чунин љой масљид сохта бошанд? Ваќте ки расидам, дидам, ки дарвоќеъ масљид аст. Пурсидам, дар ин љо мусулмоне, ки бонии масљид бошад ва ин љо омада намоз гузорад њаст ё на? Гуфтанд на, ходими масљид њам насронист, тааљљуб бар тааљљубам афзуд. Баъд аз вазъи бинои он љўё шудам. Гуфтанд дар чандин сол ќабл, ки лашкари ислом аз тарафи салотини турк омада ин љоро гирифтаанд, дар ин љо масљиде мањзи шиор ва ёдгори фатњи ислом сохтаанд. Ва дар њамон таърих лашкари ислом то Вина рафта он шањрро њам муњосира кардаанд. Баъд, ки раиси лашкар кушта ва шањид шуда баргаштаанд, аз он таърих то кунун ин масљид боќист. Бонї њам дорад, ки рўфту рўб мекунад. Банда моту мабњути ин як матлаб шудам, ки њоло бояд он мулкситонї ва кишваргирии пешиниён ва ниёгони худро ба хотир биёварем. Забун ва мутеъ будани њолияи худро њам ба чашм бубинем. Он њама тараќќиро боис чї буд? Ва ин њама таназзулро рўбоњ шудан аз чї шуд? Бале, он ваќт љалодат доштем, њоло фалокат, он ваќт огоњ будем, акнун табоњ гаштем. Сабаб чї ва боис кї? Сабабу боиси инњо он ки он ваќт иттифоќ доштем, њоло нифоќ. Он дам ѓайрат ва њиммати динї доштем, њоло муњаббати дунёї. Он ваќт ѓами дин мехўрдем, њоло зулм. Он ваќт олим будем аз тамоми олам, њоло љоњилтарин халќ шудаем. Тамоми шарќу ѓарби дунё ба мо мўњтољ буданд ва аз мо сармашќ мегирифтанд. Акнун мо бояд дар камоли эњтиёљ забуну зердасти халќи олам бошем» (55 сањ.). Муаллиф илму дониш ва њамдастию вањдатро асоси рушду тараќќии љомеа инсонї дониста афсус мехурад, ки чун мо илму донишро аз даст додем, њоламон табоњ гардид.

Сипас ў бо умед рў љониби само карда мегўяд: «Худованд ба фазли худаш моро њидоят фармуда аз вартаи њалокат наљот бидињад ва илло кори мо хароб, бори мо он об аст» (56 сањ.).

Мирзо Сирољи Њаким ободию рушди кишварњои Аврупо ва љањолату ифротгароињоро дар аморати Бухоро ва дигар манотиќи Осиёи Миёна дида, рўњан хеле азият мекашад. Ў дар васфи шањри Вена (пойтахти Австрия – А.М.) менависад, ки он яке аз шањрњои маъмуру босафои Фарангистон (Аврупо – А.М.) буда, дар он саноат ва тиљорат хуб тараќќї дорад: «Арозии он њам бисёрмунбит ва ќобили зироат аст. Маодин њам бисъёр дорад. Мардумонаш хушсимо ва ботарбият мебошанд. Имороти ин шањр бењтарин имороти соири шањрњои Урўпост, чаро ки тамоми он ба як ќисм бино шуда, роњњоро њам бисъёр хуб хиёбонбандї намудаанд, васеъ ва мусаттањ аст, аз ду самт дарахтњои мавзуни соядор нишонидаанд. Аз тањти онњо љўи об љорї аст. Конкаи электрик дар њар кўча мегардад. Роњи ўтумўбил ва колиска ва пиёдагарди њар раста алоњида аст, яъне роњи пиёдагардон аз ду тарафи роњ аст, ки бо сангњои ќиматии гаронбањо фарш намудаанд. Зери дарахтњои атрофии роњ устул ва нимкатњои ќашанг љињати нишастани обирин гузоштаанд». (57 сањ.)

Нависанда ба мамнуят хабар медињад, ки ин љо њаррўза чандин ќисм рўзномањо дар матбаањои ин шањр чоп шуда мебароянд. Мардуми ин шањр хурду бузург, зану мард рўзнома мехонанд ва одами бекору бесавод абадан ёфт намешавад.

Дар хусуси пешрафти санъати сохтмонї ва меъмории имороти ин шањр менависад, ки аксари онњо дорои мартаба ва мошини мусаъад (лифт) буда, боѓча ва њаёти васати он иморатро бо оинаи булўр пўшидаанд.

Сайёњ ва нависандаи номдор Мирзо Сирољи Бухорої бо ќаноатмандї ќайд мекунад, ки мардуми ин сарзамин дар шањрњо театрњои хеле хушсохти замонавї бунёд кардаанд ва онњо маркази донишу маърифат ба шумор мераванд. «Шомро дар солуни њўтел майл намуда, њаммом даромада касолатро аз худам дафъ карда, либоси сиёњи сурмагї, ки дар Фарангистон як ќисм либоси махсуси тиётир аст, пўшида ба тамошои тиётир рафтам, бисёр тиётири бузурги оростаи босафое буд. Чандин милюн гўё харљи ин тиётир шуда бошад. Чандин њазор тамошобин бо либосњои махсус аз зану мард омада, саф-саф пушти сари њамдигар нишаста буданд. Чароѓњои барќ равшан, хадамањо бо либосњои ќашангу марѓуб машѓули пазироии мењмонњо буданд. Дар дами дар хонаи махсусе дошт, ки чанд нафар хидматкор бо либоси зардор ва бо кулоњи нишону аломат насбкарда истода буданд, ки ќулоњ ва палто ва калўш ва чатри мардумро аз дасташон гирифта, њар кадомро дар мехе бадевор овезон мекарданд. Ва фавран бо мовути поккуни пашмї пок ва орста мекарданд ки гарду ѓуборе намонад. Баъдро аз дари дигар дохили долоне, ки шахс мешавад, як чанд нўкарњои дигар истодаанд, ки ба хонаи белатфурўшї рањнамої бикунанд, ки дар он љо белати тиётир бояд харид (58 сањ.).

Муаллиф аз шукўњи театрњо ва њунари њунармандон ба шавќ омада, менависад, ки бозии онњо аз њад зиёд олї ва дилчасп буда, бисёр бозињои хуб ва созњои матлуб, занњои хушшакли хушовоз бо нолањои дилхарош мехонданд ва мераќсиданд. «Даста-даста њамовоз бо наѓмаи музик ва соз њама баробар бо як савт ва садо нола мекарданд, ки дили шахси сомеъ ва нозир аз худ мерафт. Ва њар дам пардаи тиётир баланд мешуд, як намоиши аљибе нишон медоданд, ки инсон моту мабњут мегардид. Аз паси парда як олами дигаре љилвагар мешуд. Ва баъд аз парда афтодан ба ќадри рубуъ соат таътил карда занги танаффус мезаданд. Мардум бархоста дар беруни тиётир, ки боѓча ва солуни шомхўрї ва ќањвахонаи тиётир аст, рафта ќадре гардиш ва касби њаво мекарданд. Дар он љо аз маъкул ва машруб њама чиз њозир аст. Баъд боз занги ахбор садо мекард, њама меомаданд. Он шаб, ки банда будам, дувоздањ парда боло рафт ва то нисфи шаб доир буд. Баъдро анвои бозї ва намоишро нишон дода тамом кард. Занги мураххасї заданд, њама баромада рафтанд. Мо њам омадем манзил ва истироњат намудем» (сањ.58-59).

Муаллиф таваљљўњи моро ба тарњї иморатсозњо тозагию ободонии биноњо ва шањрњо низ љалб мекунад. Масъалан, ў њангоми ворид гардидан ба шањри Берлини Олмон менависад: «Ќашангї намудор буд. Вагзоли ин љо њам дахле ба соири вагзалњои Вина ва ѓайра надошт. Иморате буд аз аќли инсон хориљ чунин иморате дар дунё кам аст. Ваќте ки аз мошин пиёда шудам, як соат тамошои иморат ва сањни вагзалро мекардам. …Ваќте ки ба дарвозаи њўтел ва љўлўи иморати он расидам, дидам як иморати бузурги сар ба фалак кашидаест. Хостам аз фойтунчї суол намоям, ки ин бино ба ин хубї аз кадом як аз аъёни шањр аст, оё магар арки давлати аст? Дидам, ки дар љўлўи он иморат фойтун таваќќуф намуд» (61 сањ.).

Ё худ ки дар љои дигар гўяд: «Дар таърифи ин њўтел њамин бас аст, ки њар як нумраи он ќариб дањ њазор манот асбобу адавот дошт. Бо ќасри подшоњони Осиё баробар, балки зиёдтар буд. Аз бобати асбобу иморат њазор дараља баландтар гўям иѓроќ намешавад» (61-62 сањ.).

Мирзо Сирољ дар бораи мардуми Олмон сухан ронда аз љумла менависад, ки миллати олмон њама ботарбият ва боилм ва ањли санъату камоланд. Осори љањду бењунарї аз ин шањр канора гирифта вуљудаш алнќост, Берлинро «мадинатулулум валфунун» меноманд. Тањсили ибтидої иљборї аст. Чандин њазор мактубу мадраса ва дорулфунун дорад, ки тамоми илму санъатро мешавад дар камоли осонї дар ин мактаб ва мадрасањо тањсил намуд. Дар покї ва тамизии ин њељ як аз шањрњои њамљаворї ў баробарї намекунад. Дар миёни ду милюну ним нуфуси ин шањр, ки бисту панљ лак (њазор) одам бошад, як одами либосаш кўњна абадан дида намешавад. Ва дар ин шањр як иморати кўњна ва як кўчаи танг ё касиф пайдо намешавад. Хоку гил ва гарду ѓубор ба пул њам агар шахс бихарад, ёфт намешавад. Давлати Олмон тамом панљоњу ду милюн нуфуси ботарбияти ањли илму њунар дорад. Фаъла ва дењќон ва пасттарин раоёи ин давлат њам ба андозаи худ тарбият шудаанд. Банда он рўз ки аз чандин хиёбон бо вагони электрик мегузаштам, ки тўли њар як аз фарсах илова буд, арзи он њам сад газ мешуд. Ва тамом аз ду тараф иморатњои олии сар ба фалаккашида, ки ба њар як чандин милюн махориљ кардаанд, ки њељ кадом аз њамдигар сари мўе паст ё баланд набуд. Кўча ва растањо њам инчунин аз ибтидо то интињо, агар бо раља ва миќёс бисанљанд, як сари сўзан инњироф надошт. Дар ќувваи нория ва санъати оњанкорї њам яди тўло доранд» (62-63 сањ.).

Њамин тариќ, муаллиф маърифат ахлоќу одоб, арљгузорї ба мероси таърихї, тозагии кўчаю шањрњо ва рушди илму фарњангро аз амалњои тараќќї ва ободии њар як сарзамин мешуморад.


Гахар МУХТОРОВА

кандидат педагогических наук,

зав. кафедрой технологии обучения

ТГПУ им.С.Айни


ВОСПИТАНИЕ ТОЛЕРАНТНОСТЬ В УСЛОВИЯХ

ОБЩЕОБРАЗОВАТЕЛЬНОЙ ШКОЛЫ


Если родитель толерантен, уверен, открыт, доброже­лателен, он выступает по отношению к ребенку в роли наставника, который умеет видеть, слышать, принимать, открывать, помогать, рабо­тать с другим.

Толерантность начинается с первых контактов ребенка с родителя­ми. Общеизвестно, что своим поведением, действиями, укладом жизни они формируют определенное сознание, отношение к ценностям, вос­питывают культуру.

Первым моментом в воспитании у ребенка толерантности может быть простое уважение к его мнению, стремление видеть мир его гла­зами, слышать и разговаривать с ним. Все это поможет глубже проник­нуть в духовный мир ребенка, позволит попять и принять его таким, каков ои есть, познать его «Я».

Второй важный момент — организация общения с детьми в форме диалога. Это наилучший путь овладения истиной, суть самой мысли. Диалог как раз и позволяет принимать иную точку зрения. В диалоге раскрывается ценность другого.

Одной из форм воспитания толерантности является моделирование эпизодов-ситуаций (интересная информация о культуре, быте, извест­ных людях - представителях конкретной национальности).

Становление толерантности предполагает становление личностных смыслов ребенка, а взрослым следует знать приемы толерантности «на каждый день»: не обобщать; не делать скоропалительных выводов; не отрицать без причины; думать самостоятельно; не отождествлять фор­му и содержание; быть более открытыми; проявлять хоть небольшой интерес к тому, что происходит вокруг; формировать навыки незави­симого мышления, критического осмысления и выработки суждений, основанных на моральных ценностях; поощрять проявление толерант­ности у членов семьи, класса

В целом толерантность есть личностная и общественная характерис­тика, которая предполагает осознание личностью того, что мир и соци­альная среда являются многомерными, а значит, и взгляды на этот мир разные и не должны сводиться к единообразию. Толерантность предполагает готовность и способность понять и принять иную точку зрения.

Взрослым необходимо четко понимать самим и довести до сознания ребенка, что толерантность -это терпимость по отношению к друго­му, что нужно уважительно относиться к существованию другой точ­ки зрения на предмет и явления действительности, учиться восприни­мать другого с пониманием его индивидуальности и неповторимости.

Во взаимодействии взрослых с детьми следует стремиться к тому, чтобы диалог стал приоритетной формой их общения.

Необходимо осознавать, что путь к толерантности это серьезный эмоциональный, интеллектуальный труд и психическое напряжение.

Родителям желательно читать и обсуждать совместно с детьми рас­сказы, повести, статьи о проявлении толерантности, например в «Шахнаме» Фирдоуси, «Бустан» и «Гулистане» Саади, в лирических произведениях Рудаки, Санои и т. д.

Важно учиться овладевать приемами воспитания толерантности: взвешенно принимать любое решение по отношению к ребенку; не от­рицать без причины его точку зрения; проявлять интерес к тому, что вокруг ребенка, и т. д.

Целесообразно воспитывать в себе непредубежденность к оценке людей и событий, что послужит примером для детей.

Комплекс психологических условий, включающий толерантное отношение преподавателя к учащимся; постановку перед детьми творческих задач; организацию выполнения коллективных творческих работ такого объема и содержания, что вероятность достижения успеха в их решении существенно выше при коллективной работе над задачей, чем индивидуальной; реализацию преподавателем принципа трансформации когнитивного содержания (информации) в эмоциональное; принятие преподавателем отношений между участниками работы и выделение их как одной из ведущих (основных) ценностей при выполнении коллективных творческих работ; доведение до сознания учащихся взаимосвязи между качеством отношений в группе и эффективностью работы; передачу детям ответственности за складывающиеся в группе отношения; обучение детей правилам эффективной организации совместной работы (обсуждать и согласовывать планы, использовать справедливые процедуры и объективные критерии и т.д.) обеспечивает эффективное формирование толерантности у младших школьников. Решающая роль в развитии толерантности младшего школьника принадлежит взрослому, направляющему этот процесс и служащему моделью толерантного взаимодействия.

Развитие толерантности, как в возрастном, так и в индивидуальном аспектах, представляет собой непрерывный и целостный процесс, в ходе которого развиваются и синтезируются в единое целое содержательные компоненты толерантности. Уровень развития каждого из компонентов определяет общий уровень развития толерантности и вносит вклад в своеобразие их итоговой целостности.

При формировании толерантности у младших школьников с учетом особенностей возраста акцент должен ставиться на формировании просоциальной направленности формирующейся личности. Необходимо ориентировать детей на поиски возможностей самореализации в рамках просоциальной деятельности, активное взаимодействие с социальным окружением в направлении развития конструктивных отношений.


ВАЊИДА БОБОХОНЇ

устоди Донишгоњи Абњар (Ирон)


ТАЛОЌ ВА МУШКИЛОТИ ТАЊАММУЛПАЗИРИИ КЎДАКОН ДАР ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯТ


Талоќ инфиљоре аст, ки манзумаи хонаводагї ва равобити отифї ва шинохтї ва иљтимоии наздиктарин аъзои иртиботї ва отифиро аз њам мепошанд. Умеду эътимод ва наќшпазирии кўдакону нављавонон аз волидайн ва ниёзи онњо ба њимоятњои молї ва отифї ва дармонию шинохтї ва иљтимої аз ончори бўњрон ва дигаргунї мегардад ва навъе эњсоси дармондагї ва эњсоси њаќорат ва худкамбинї дар афрод ба вуљуд меоянд. Њамин эњсосоти худ навъе ихтилолоти рафториро халќ мекунанд. Кўдаку нављвоне, ки эњсоси худкамбинї мекунад дар адои таколифи мадраса ва посухгўї ба суолот изтироби шадиде дорад ва аз ин ки ин тавоноиро надорад ба худ фурў меравад ваг урезу инзиво аз љамъ ва гурўњро интихоб мекунад. Эњсоси дармондагї иззати нафси ўро коњиш медињад ва ситеъдодњои дарунии худро дар вуљуди бўњронзадаи худ дафн мекунад. Эњсоси кењтарї дар вуљуди навъе нигариш бартарии дигарон нисбат ба худро ташдид мекунад ва худро дар тамоми заминањо аз њамсолону њамбозињо камтар мебинад ва шояд дар идома ва бўњрони онњо ба афсурдагию изтироб ва гўшагирї њам мубтало шавад.

Тањаввулоти отифии нављавонон ва наќши волидайн дар тањаммулпазири рафторї:

Давраи нављавонї давраи касби ниёзњои отифї ва равобити иљтимої аз волидайн ва тамрини он дар иљтимоъ ва мадраса ва гурўњњои њамсолон аст ва дар ин си наст, ки кўдакони бузургшуда ва нављавонон алоќаи шадид доранд, ки омўхтањо ва истеъдодњои даруниро дар маърази њамсолону дўстон ќарор дињанд.

Ањамияти гузар аз ин марњилла аст, ки љавонони мустаќил ва боирода ва ќавї ва боэътимод ба нафси болоро ба вуљуд меоварад ва дар айн њол дар маърази осебњо ва офатњои фаровон аст. Дар давраи нављавонї фард њаяљонитар аз даврањои дигар аст ва ин њаяљонњо иборатанд аз:

А) хашм; б) яъс 4 в) тарс; г) муњаббат.

Дар ин давра нављавонон ба суръат хашмигн мешаванд. Дар ин давра дар муќобили кўчактарин шикасту бетаваљљўњї яъсу ноумедї бар онњо чира мешавад. дар ин давра тарс аз муњити волидайн ва њаводиси бештар шахсияти ўро мегирад. Дар ин даврон асосан алоќамандї ба њамсолон, ба хусус љинси мухолиф шадидтар мегардад. Аз маљмўаи ин рафторњои шахсиятї фард њуввияти худро меёбад. Эњсоси њуввият яке аз муњимтарин шохисањои шахсиятии афрод ва нављавонон ба шумор меравад ва аз ин асос гурўњњои инњироф ба нафъи худ истифода мекунанд, ки њуввияти љинсї, њуввияти шуѓлї ва њуввияти тањсилї ва њуввияти эътиќодї дар ин давоа бисёр њассосу шикананда аст.

Талоќ ва ихтилолоти рафторї-иљтимої

Сарфи назар аз рафторњои ихтилолї мисли изтиробу афсурдагї ва худкамбинї ва эњсоси њаќорат, ки аз ноияи талоќу гусехтагии хонаводањо насиби кўдакону нављавонон мешавад ва дар буъди иљтимої рафторњои ихтилолии хатарноктар аст. Ќарор гирифтани кўдакону нављавонони бесарпараст дар муњитњои ноорому носолими иљтимої, ки аз саводи гарон ва сўистифодакунандагону бањрабардорон аз ин гурўњ дар камин шикори ин нерўњои солиму бетаљриба ва тўъмањо ќарор доранд, бо додани ваъдањои фиребандаву иѓфолкунанда ва љаззоб мисли озод шудан аз амру нањии волидайн, кайф кардан дар канори дўстон, њар кореро дўст дорї анљом бидењ; мошин, телефонии њамроњ, анвои хўрданињо ва мусофиратњо дар интизори шумост ва аз ин ќабил шиорњо нављавононро дар ду ё се њафта ќарор дињанд ва зиндагї ва шуљоати дигар дўстони тозаи онњоро дар ќапидани кайф ва баќияи ашёъ ва ва љайббарї ба рухи онњо мекашанд ва ќањрамононро ба оѓўш мекашанд то ангеза ва њисси раќобат ва хатарпазириро дар онњо зинда кунанд ва бо аввалин дуздї дар гирдоб ва доми инњироф ва рафтори зиддииљтимої ќарор мегиранд ва аз ин муваффаќият мвриди ташвиќ ва таъйиди гурўњ воќеъ мешаванд ва рафторњои зиддииљтимої дар заминаи мусоиди шахсияти онњо шакл мегирад.

Омори ва ихтилолоти вобаста аз талоќ

Тибќи тањќиќоти анљоми рафта дар саросари љањон ва низ Ирон ва дар минтаќа мавриди мутолиа њозир ќариб ба ииттифоќи кўдакон ва нављавонони дорои ихтилолоти рафторї љузъи хонаводањое њастанд, ки:

А) талоќ гирифтаанд.

Б) дар остонаи талоќ њастанд.

В) талоќ нагрифтанд, аммо дар равобити хонавода њамеша кашокашу ситез ва даъвое ва маъмул шудааст.

Г) падар ва ё модари набавї дар гузашта аз шароит ва ихтилолоти рафторї ранљ бурдаанд ва тавоної парвариш ва тарбияти сањењи кудаконро надоштаанд.

Д) муњити зиндагї ба шиддати мустаъид ва омодаи љазби кўдакон ва нављавонон ба ихтилолот рафторї будааст.

Е) нигариш ба ихтилолот аз тарафи волидайн амре оддї ва пазируфта шуда буда ва ањамияти чандоне ба бурўзи рафторњои ихтилолї надодаанд.

Ё) муњитњои солими фарњангї ва мазњабї ва гурўњњои фаъоли илмї, њунарї, тафрењї ва парваришї дар муќобили гурўњњои базњакор камтар будааст.

Иллатњо ва паёмадњои талоќ

Бар асоси баррасињое, ки дар соли 80 дар дафтари умури иљтимоии Вазорати кишвар ва марокази умури мушорикати занон анљом шуда, дар устони Тењрон аз њар 6 издивољ яке ба талоќ меанљомад, вале дар њоли њозир омори даќиќе аз издивољњои суратгирифта дар кишвар ва њамчунин мизони афзоиши талоќ нисбат ба гузашта вуљуд надора.

Яке аздалелњои афзоиши омори талоќ бармегардад ба љомеаи мардон ва далели дигар он марбут ба кулли љомеа аст. Боло рафтани сатњи огоњиии занон сатњи огоњии занон боис мешавад дар љомеа аз њаќу њуќуќи худ огоњї дошта бошанд ва аз њељ кору иќдоме барои расидан ба он кўтоњї накунанд. Њамчунин, майл ба иртиќои дар занон як њаракати мусбате дар иљтимоъ мањсуб мешавад, вале бархе аз мардон монеи иштиѓоли занонашон ва иљозаи истифода аз озодињои иљтимоиро ба онон намедињанд ва тамоми ин омилњо боиси афзоиши талоќ дар љомеа хоњад шуд.

Баррасии омилњое, ки боиси боло рафтани талоќ мешавад ниёз ба кори коршиносї ва љомеашиносї дорад, аммо дар кулли эътиёд, фањшо ва издивољњои зудњангом ва эњсосе, ки аз рўйи аќлу тадбир анљом намешавад аз далелњои талоќ дар байни афрод аст. Боло рафтани сатњи тањсилот дар занон аз 2 љињат ќобили баррасї аст. Аввал ин ки тањсилот ба фард кўмак мекунад то мањорат дар њалли мушкилот ва маъзалот бештар шавад ва ба роњатї ќудрати бештаре барои њалли мушкилоти худ дошта бошад ва аз тарафи дигар тањсилоти боло монеъ аз тањаммул ва зери бори зўр рафтани фард хоњад шуд ва ин як вазъияти дугонае аст, ки дар љомеа вуљуд дорад. Фард дар хонавода як љур тарбият мешавад ва сипас адрп иљтимоъ ва мадраса бо нањваи дигаре аз тарбият мувољењ мешавад ва ин дугонагї дар тарбият бояд як љои худро нишон дињад ва баъд аз издивољ фардро дар зиндагї дучори мушкил мекунад.

Фаќр, бекорї ва адами огоњї

Бекорї, эътиёд, бехонумонї, фаќру омилњои иќтисодї, нордонї ва набуди омўзишњои ќабл аз издивољ барои љавонону донишљўён аз љумлаи омилњое њастанд, ки дар талоќ наќши муњиме доранд ва њамчунин нигоњи суннатии ќадим низ мўљиб мешавад то љавонону донишљўён бидуни иттилоъ, огоњї ва тањќиќоти лозим аз љараён ва оќибатњои издивољ бо машварати падару модар ин корро анљом медињанд, ки натиљаи хубе дар бар нахоњад дошт. Дар шањрњои бузург, монанди Тењрон анбўњ ва издиёди љамъият ва номутаодил будани он , сиёсатњои нодуруст ва муњољирати беравияи рустоиён ба шањрњо боиси эљоди иѓтишошоту нороњатињои рўњию равонї дар байни афрод мешавад ва нобасомонињои бисёре монанди фаќр, бекорї, бењудагардї ва ѓайраро ба вуљуд меоварад ва дар тамоми ин мавридњо ниёз б арасидагї аз тарафи давлат вуљуд дорад. Њамчунин, теъдоди зиёде аз донишљўёну љавонон дар љомеаи мо бекоранд ва баъд аз идомаи тањсил низ шуѓле барои онњо вуљуд надорад ва чархи иќтисодии онњо он тавр, ки бояд дар гардиш нест ва њамин боис мешавад љавонону донишљўён дар фаќр, бадбахтию беиттилої издивољ кунанд ва натиљаи он чизе љуз талоќ дар бар надорад. Дар кишвари мо бархе аз хонаводањо ба далели фаќри иќтисодї духтарони худро дар азои дарёфти пул мефурўшанд ва онњоро водор ба издивољ бо афроди мусин мекунанд. Бояд ба афрод ќабл аз издивољ омўзишњои лозим дода ва иттилоърасонї дар ин замина зиёд шавад, то донишљўён бо огоњї иќдом ба издивољ кунанд ва њамчунин аз афзоиши љамъияти шањрњои бузург пешгирї в або барномарезии дуруст онро контрол ва ба њоли таодул дароваранд. Барои огоњї додан аз издивољ ва рафъи мушкилоти рўњию равонии донишљўён бояд дар донишгоњњо марказњои мушовираи хонавода ройгон эљод шавад ва њамчунин баро ииштиѓоли онњо низ бояд портибозї ва табъиз аз байн равад то њар касс бар асоси лаёќату шоситагињое, ки дорад машѓул ба кор шавад ва дар ин сурат чархи иќтисоди кишвар ба њаракат дарояд.

Мушкилоти иќтисодї

Мушкилоту нобасомонињои сиёсї, иќтисодию иљтимоии мављуд дар љомеа, бекорї, нороњатињои рўњию равонии мардум, афзоиши эътиёд, боло рафтани сатњи сини издивољ, адами шинохти зану мард аз якдигар, аз љумлаи омилњое њастанд, ки дар афзоиши талоќ дар љомеа муассиранд. Омори воќеї аз касоне, ки људо аз якдигар зиндагї мекунанд ва ба навъе талоќ гирифтаанд вуљуд надорад, вале омори онњое, ки онр ба сурати расмї сабт кардаанд дар Созмони сабти аснод ва сабти ањволи кишвар мављуд аст. Дар солњои ќабл омори талоќ дар шањрњо ибузург бештар буд, вале даор њоли њозир њељ тафовуте байни шањри кўчак ва бузург вуљуд надорад ва бар асоси оморњои ироашуда њар рўз шоњиди афзоиш дар сади нархи талоќ нисбат ба солњои ќабл њастем. Дар њар кишваре давлат аз аќшори мухталиф, ба хусус зављањои чавон њимоят мекунад. Вале дар кишвари мо ин њимоятњо бисёр кам аст ва бояд барои коњиши омори талоќ ин њимоятњо афзоиш пайдо кунад ва њамчунин бояд бо таќвияти масоили мазњабї ва омўзишњои ќабл аз издивољ аз шуюи падидаи талоќ пешгирї кард.

Эътиёд, маншаи 85 дар сади талоќњо

Як ќозии додгоњи хонавода мўътаќид аст, ки 85 дар сади талоќњо аз эътиёд ва бекории завља сарчашма мегирад ва эътиёд сарчашмаи аксари мушкилоте аст, ки дар нињоят зављаро маљбур ба руљўъ ба додгоњњо кунад.

Аз сўйи дигар бархеи дигар аз коршиосони њуќуќ низ бар ин боваранд, ки дар ин мавќеъњо завља таќозои талоќ карда ва њаќу њуќуќи ќонуниашро талаб мекунад. Аммо маъмулан завља истеоти молї барои пардохти ин њаќу њуќуќ надорад ва ба њабс то замони пардохти мањкум мешавад ва дар нињоят зиндагї аз њам муталошї шуда ва њаќу њуќуќе њам пардохт намешавад.

Се иллати умдаи талоќро мубоњиси иќтисодї, фаќру бекорї ва даѓдаѓањои маишатї, эътиёд, ки бо таваљљўњ ба зиёд шудани рўзафзуни мўътодони ин параметр ба як аз муњимтарин иллатњои талоќ табдил шудааст ва дар нињоят адами тафоњими зављайн, ки бисёре аз талоќњо дар ин ќолаб рух медињад ва зану шавњарњо бо вуљуди ин ки њељ кадом мушкили хосе надоранд наметавонанд бо њам зиндагї кунанд, унвон кардааст. Дар сад италоќњо аз эътиёд ва бекории шавњар сарчашма мегирад. Эътиёд сарчашмаи аксари мушкилоте аст, ки дар нињоят зављаро маљбур ба руљўъ ба додгоњњо мекунад. Дар њоле ки шавњар мўътод бошад, илова бар мушкилоти иќтисодї бо он мувољењ мешавад, њамсарро бо мушкил мувољењ мекунад ва дар нињоят боиси азњампошидагии хонавода мешавад.

Мушкилоти љинсї, омили 50 дар сади талоќ

Мардум бояд аз он њарф бизананд, масъулон барои он сиёсатгузорї ва барномарезї кунанд ва љавонон дар мавриди он дар мвариди он омўзиш бубинанд. Мушкилоти љинсї торики зиндагињои заношўї дар љомеа мост. Аз мушкилоти љинсї њарфе зада намешавад, на масъулон ва на занон ва на мардон.

Дар њоле, ки 50 дар сади талабгорони талоќ дар кишвар чї бигўянд, ки ба иллати мушкилоти љинсї мехоњанд талоќ бигиранд ва чї вуљуди мушкилоти љинсї иллати талоќро чизи дигаре унвон кунанд ба далели мушкилоти љинсї талоќ мегиранд. То имрўз мушкилоти љинсї на дра сиёсатгузорињо ва арномарезињо дида шудааст ва на марокази тахасуссї ва мавриди эътиќодї барои мурољиаи мардум вуљуддошта.

Ваќте коршиносон эълом меукнанд 10 дар сади мардон дучори нотавонии љинсианд ва 40 дар сади занон дар зиндагии заношўї аз ихтилоли љинсї ранљ мебаранд ба ин маъно аст, ки дарди мазмурї дар хонаводањо вуљуд дорад. ин дард, гоње он ќадар мемонад то билохира аз љойи дигаре берун мезанад ва тоза он мавќеъ њам худашро ба шакли афсурдагї ва изтироб ва њазору як дарди љисмї ва равнии дигар нишон медињад. Ваќте ниёзи љинсї, ки аз ѓароизи табиии инсонї аст ба дурустї ва боњидояти мантиќї ирзо нашавад натиљааш ё талоќ ё ирзои он дар хориљ аз хонавода ва ё вуљуди њамсароне аст, ки аз зиндагии заношўияшон лаззат намебаранд дар њоле, ки худи онњо тарбияткунандагони кўдакону нављавонони ин љомеа њастанд. Бо таъкид бар бузургии хатари заъфу осебпазирии хонаводањо бояд «нигоње кўтоњ ба вазъияти шуюи ихтилолоти љинсї дар љомеаи моро бояд аз хобби ѓафлат бедор кунад. Ба унвони мисол, бемории диабет, ки дар сатњи миллї барои он барномарезї мешавад ва ташкилоти давлатию ѓайридавлатии назорат бар онро бар ўњда доранд ва њазинањои њангуфтеро дар назар мегиранд. Фаќат 7 дар сади афроди љомеаро дар бар мегирад, дар њоле ки барои нотавонии љинсї, ки 8/9 дар сади мардони љомеа аз он ранљ мебаранд барномае надорем ва аз тарафи дигар 30 то 50 дар сади афрод мубтало ба диабет ва 60 дар сади афроде, ки дучори сактаи ќалбї мешаванд ва 55 то 65 дар сади мардоне, ки мубтало ба норасоии музаммини нафасї њастанд дучори ин мушкил њастанд».