Россотрудничество министерство образования республики таджикистан академия образования таджикистана

Вид материалаДокументы

Содержание


Тањаммулпазирї дар педаогикаи ислом
Маќсуд зи љумла офариш моем
Ањамияти вожаро мафњум созед ва шумо инсонњоро њадиаќќал аз роњгумзадан наљот медињед
Ранљи таълим њарчанд фаровонтар тањаммул наяфтад, дар сухан, ки шарафи одамї бар дигар љонварон бидонист ин манзалат натавон ёфт
Азњоб аз таънати ў шикастахотир мемонад ва љуз аз тањаммул чорае набуд.
Бо тањаммул будан
Орзуманди каъбаро шартест, ки тањаммул кунад нишебу фароз(Саъдї).
Мо њама аз Одмем ва Одам аз замин аст
Тањаммулпазирї дар Ќуръон
Ва агар Худо мехост, онњоро як уммат меградонид; валекин њар киро хоњад, дар рањмати Худ дармеорад; ва ситамгаронро њељ корсозе
Ва агар Парвардигори ту мехост, албатта, мардумро як миллат мегардонид. Ва (лекин) њамеша мухталиф бошанд
Тањаммулгароии мазњабї
Эй мурѓи сањар ишќ зи парвона биёмўз
Осебњо дар тањаммулпазирї кадомњоянд?
Подобный материал:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   17

Литература:
  1. Гафуров Б. Таджики. - М., 1983.
  2. Гершунский Б.С. Философия образования для XXI века: в поисках практико-ориентированных образовательных концепций. - М., 1998.
  3. Каримова И.Х. Теоретические основы гуманизации гуманитарного образования учащихся таджикских школ: автореф. дисс. докт. пед. наук. - Душанбе, 2000.
  4. Мец А. Мусульманский Ренессанс. - М.:Наука,1966. -460 с.
  5. Пчелинцева И. Толерантность и школьник. - М.: МОЗАИКА-СИНТЕЗ, 2003.
  6. Пчелинцева И. Толерантность, как она формируется? - М.: МОЗАИКА-СИНТЕЗ, 2001.
  7. Эмомали Рахмон. Таджики в зеркале истории. -Душанбе, 1999. -132 с.



Сафар СУЛАЙМОНЇ

доктори илмњои педагогї, профессор


ТАЊАММУЛПАЗИРЇ ДАР ПЕДАОГИКАИ ИСЛОМ

ВА ПРОБЛЕМАИ ОСЕБШИНОСИИ ОН


Ислом бо мазоњири њамешагии таълиму тарбият инсонро парвариш кард, ба ў донишомўзї, мутолиъа, ќалам рондану эљод намуданро ёд дод; љавњару ќаламро мояи бузургдошт донист ва ба онњо савганд хўрд ва донишмандонро худотарсони ростин номид ва аз нобаробарии донову нодон сухан гуфт, Ќуръони маљидро мўъљизаи Паёмбари бузургаш хонд ва ба тадбиру тафаккур роњнамої кард.

Ислом ба эътибори хеш барои таълиму тарбият ањамияти вижаро ќоил аст ва донишмандонро ворисони Паёмбар (с) мехонад ва донишљўйиро бар зану марди мусалмон вољиб мешуморад ва аз онњо мехоњад, ки аз гањвора то гўр дониш биљўянд ва дар пайи дониш то ба Чин роњ бипаймоянд. Инояти хоси ислом ба таълиму тарбият сабаб шуд, ки хостгоњи муњаддисону фаќењон, файласуфон, адибону мутакаллимон, сўфиёну доиратулмаъорифпардозон ва донишмандоне шавад, ки њар яке ба фаъолиятњои илмии худ дорои усул, равишњо ва њадафњои тарбиятї будаанд.

Ќуръон дар истилоњ «таълиму тарбият»-ро њавзаи густардатар бо далолатњои пуршумортар ба кор бурдааст ва дар њамаи корбурдњояш илм ба умур ба ѓайр аз олим изофа шудааст, то ба он олим шавад ва аз нодонї рањо ёбад, модоме ки ин кор ба мухталиф ва дар натиљаи иќомаи њуљљат наанљомид. Дар сураи Оли Имрон омадааст: «Инсонро офарид ва ба ў баён омўхт». Дар сураи Баќара омадааст: «Ва њамаи номњоро ба Одам омўхт, сипас онњоро бар фариштагон арза намуд ва фармуд аз номњои инњо ба ман хабар дињед…Гуфтанд: аз ту 1. Моро љуз он чи ба мо омўхтаї, њељ донише нест…». Дар сураи Нисо чунин омадааст: «…ва китобу њикмат бар ту нозил кард ва он чиро намедонистї ба ту омўхт…». Дар ин оят ва амсоли он илми баён ва нишонгузор аз љањл, тањаммулнопазирї, яъне нашинохтани корњо ва касби маърифат аст ва ин худ гунае гузар аз нотавонї ба тавоноист. Ќуръони маљид аз мазмуни иљтимоии таълиму тарбият дар бораи тањаммулпазирї бештар мегўяд.

Дар педагогикаи ислом, тарбияти тањаммулпазирї фикр карданро бењтарин ибодат шуморидааст. Фикру андеша дар айни њол, ки худ мањсули аќл аст, омили рушди аќлї ва боло бурдани нерўњои аќлонї њам њаст. Ба таври дигар бигўем, яке аз манбаъњои таќвияти аќлонї дар тањаммулпазирї масъалањо ва мавзўъњое њастанд, ки инсонро ба тафаккур кардан ва андешидан њидоят ва рањнамої мекунанд. Ба њамин далел инсон бо тарзњои гуногун ба тафаккур дар хилќати замину осмон, ситорагон, моњу хуршед, љамоду набот ва њайвон ба нафси инсон, љањону саргузашти ќавмњо тавсия шуда ва аз ин тариќ таќвияти ќуввањои аќлонии ў мавриди таваљљўњ ва таъкид ќарор гирифтааст. Аз њамин љост, ки мутафаккири бузурги исломї Умари Хайёми Нишопурї инсонро бо аќли тезбин, андешањои солиму созандааш «маќсуди љумла офариниш», «љавњари биниши чашми хирад» ва «наќши нигини доираи љањон» номидааст:


Маќсуд зи љумла офариш моем,

Дар чашми хирад љавњари биниш моем,

Ин доираи љањон чун ангуштарї аст,

Бе њељ шаке наќши нигинаш моем.


Яке аз мавзўъњои муњим дар таълиму тарбияти тањаммулпазири инсон парвариши љанбаи ахлоќї ва таъмини ниёзњои рўњии шахс аст. Аз он љое, ки љавобгўй ба бисёре аз ниёзњои инсон дар гарави эљоди иртибот бо дигарон аст, ба њамин муносибат дар таълиму тарбияти исломї парвариши љанбаи иљтимої бо таваљљўњ ба тањаммулгарої низ яке аз љанбањои муњими тарбиятї ба њисоб меравад. Иртибот бо дигарон, тањаммул, муњаббат ва алоќа мехоњад. Ислом Тањаммул, муњаббат ва алоќаро дар нињоди инсон мепарварад ва њељ омилеро монанди тањаммул созанда намедонад ва ишќу муњаббатро низ ба дигарон поя ва асоси ахлоќи фардї ва иљтимоии мањсуби касе мекунад ва онро заминаи муносибе барои пешрафти тарбияти рўњї дар инсон мешуморад. Дар ин низом рушд ва пешрафти рўњї арзандатарин роњ ба камоли нисбї аст. Ба ибораи дигар, яке аз сабабњои одобу ањкоми илоњї њаракат кардан ба сўйи такомули зоњиру ботин ва ахлоќи неку фозил ва тањаммули дигарон аст. Тавсиъа ба тањаммул ва таъкид ба корњои писандида, ташвиќ ба корњои хайри фардї, иљтимої ва парњез аз зиштињо ва костињо мустаќим ва ѓайримустаќим бо парвариши ахлоќ иртибот дорад. Тањќиќу пажўњиш нишон медињад, ки рамзу љавњари биъсати паёмбарон аз љониби Худованди бузург такмили рафторњои ахлоќии инсонњо буда, аз ин љињат гуфтан мумкин аст, ки дар њар давру замон худопарастони ростинро ба риояи одоби фардї ва иљтимої барои нигањдории ахлоќи њамидаву њасана ташвиќу тарѓиб мекунад ва чизеро дар тарозуи амал вазнинтар аз њусни ахлоќ намедонад. Аз ин рў, наќши ахлоќи накў, тањаммул ва тарбияти љанбаи ахлоќї дар сохтори шахсияти инсон мавриди таваљљўњи хос аст: «Мањбубтарини шумо дар назди Худо касоне њастанд, ки ахлоќашон накўтар бошад ва манфуртарини шумо назди Худо касоне њастанд, ки суханчинї мекунанд ва дар миёни бародарон људої меафкананд…».

Мо ин љо кўшиш ба харљ медїхем чанд вожањо ва истилоњотро пиромуни мавзў баррасї намоем. Ба ишора Р. Декард « Ањамияти вожаро мафњум созед ва шумо инсонњоро њадиаќќал аз роњгумзадан наљот медињед» (1, с.56).

Тањаммул.

Бурдборї ва шикебої, сабр, њалим, тоќату тоќати бисёр.


Ранљи таълим њарчанд фаровонтар тањаммул наяфтад, дар сухан, ки шарафи одамї бар дигар љонварон бидонист ин манзалат натавон ёфт (Калила ва димна).


Санги гаронро бо тањаммуцлу машаќќати фаровон аз замин бар китф тавон нињод (Калила ва димна)


Азњоб аз таънати ў шикастахотир мемонад ва љуз аз тањаммул чорае набуд. (Гулистон).


Яке гуфташ охар на марди ту низ

Тањаммул дареѓ аст аз он бетамиз. Саъдї.

Чу сабру тањаммул шавад ёри кас,

Ба некї муяссар шавад кори кас.


Тањаммулпазир. Ќобили сабру шикебої.


Тањаммулкунонро нахонанд мард, ки бечора аз бим сар бар накард (Саъдї, Бўстон).


Тањаммулгузор. Бештар аз тавоної ва тоќат. Он чи тањаммулро бибарад. Он чи аз тањаммул бурун бошад.


Бо тањаммул будан. Бо сабру тоќат будан. Тањаммул кардан. Тоќат овардан.


Сипари сабр тањаммул накунад тири фироќ,

Бо камони абрў агар љанг наёѓозї бењ.


Орзуманди каъбаро шартест, ки тањаммул кунад нишебу фароз(Саъдї).


Бархурди ранљу машаќќат овардан ва ранљ кашидан.

Дар Ќуръони маљид чигунагии сохтани муносибат ба мардумони ѓайримусалмонро дар зиндагии иљтимої, шахсї, иќтисоду сиёсат ва иљтимоиёт мушаххас намудааст.

Дар Сураи Нањл (Занбўри асал) ишора мегардад, ки: «Њамоно Худо ба инсофу накўкорї ва ато кардан ба хешовандон мефармояд ва аз бењаёї ва кори нописандида ва бедодї манъ мекунад: шумор панд медињам, то бувад, ки шумо пандпазир шавед» (16:90).

Ѓайр аз ин дар ислом матлаби болотари муносибати байни инсонњо мулоњиза мегардад, ки бояд њар як мусалмон онро њатман риоят намояд. «Онон, ки дар осоишу сахтї нафаќа мекунанд ва хашми худро фурўбарандагонанд ва мардумро авфкунандаанд ва Худо некўкоронро дўст медорад.» (3: 134). Ислом дар мусалмонон арзишњои усулиро тарбият мекунад ва шахсиятро ташаккул медињад, ки ин усулњоро ба инобат гирад. «Худо накўкоронро дўст медорад» (3.134). Хаќиќатнигар, бузургќалбї, тањаммул, бахшиш ва кўшиш барои посух њатто ба бадињои дигарон, ки сифати зиндагию рафтори Паёмбар буд барои њармуслимин идеал, намод ва такрор аст. «Ба дурустї, ки барои шумо- барои кассе, ки (савоби) Худо ва рўзи охирро умед дорад ва Худоро бисёр ёд мекунад, дар (кори) Пайѓамбари Худо иќтидои писандидае аст» (33:27; Азњоб). Бо таваљљўњ ба ин мушоњида мегардад, ки бунёди тарбиятї ва ташаккули ин ё он сифати усул (принсип) аст ва ё арзиш?. Ислом ин сифатњои инсониии тањамулпазирї, отифї, халлоќ, њаќиќатигарро бидуни ташаккули эътиќод, боварї ба зиндагї, кайњон ва инсон намепазирад. Он чи бастагї ба муносибати байниќавмї дар ислом хеле таъкид шудааст метавон онро њатто муносибати мусалмон ба њайвон мушоњида кард. Бо чунин муносибат исломро метавон аз мазоњиби дигар санљид. Њамчунин дар Ќуръон ва њам дар суннати Паёмбар масъалаи тањамулпазирї бештар таъкид шудааст. Њазрати Паёмбар бештар талош мекарданд, ки эњтиромгузориро ба мардумони ѓайримусалмон низ раво дидан яке аз шартњои мусалмон будан аст.

Тањаммулпазирї ва тоќатоварї (толерантность и терпимость) дар ислом як мафњум намебошад, ки инро бештар муњаќќиќини аљнабї таъкид менамоянд. Тањаммулпазирї дар ислом- чизе нест, ки ба он бовару эътиќод дошт. Тањаммулгарої дар Ислом маънии онро надорад, ки ба гуноњњо, бадахлоќї ва ё њаќорату бадбинї ба дигар дину фирќа бошад. Дар ќавонини шањрвандии кишварњои исломї барои шаробхорї, наркомания, њамљинсгарої (гомосексуализм) љазо раво дида мешавад, чунки ин падидањои номатлуб њам барои љомеа ва њам барои хонаводањо таъсири манфї моварад. Аз ин рў ислом бо онњо « сокитии тањаммулпазир» намебошад. Аз тарафи дигар ислом ба инсонњо имкон медињад, ки дину мазњаби худро озод интихоб намояд, дар њоле, ки ин ба мазњаб, љомеа ва кишвар хатар наоварад. Аз ин рў њам яњудиён ва њам масахїён дар љомеањои исломї бо њам дар дўстию рафоќат њазорсолањо дар канори њам зистаанд.

Њазрати Расули Акрам њамон даъватњое, ки Њазрати Иброњим, Њазрати Исои Масењ доштаанд, барои мусалмонон низ хуб мепазирфт, чунки инњо принсипи умумибашарї, инсонї ва бародарию баробарї будаанд. Мањз њамин тавњид буд, ки мусалмонон рўњияи тањаммулгароиро пазируфтанд ва дао осиштагию сулњу салоњ бо њам зистаанд. Дини мубини ислом аз бунёдаш бо мафњуми сулњу салоњ ошно буд «В ба шевае, ки он нек аст, бадиро дафъ кун! Мо бо он чи баён мекунанд, Донотарем» (23:96- «Мўъминун»).

Воќеан ислом дастур медињад, ки њамаи инсонњо яканд ва бо њам бародаранд. Њазрати Расули Акрам бар бунёди присипњои исломї давлати навро бано гузошт, ки инсонњоро на ба сафеду сияњу сурх ва ё ѓаною фаќир мешинохт. Ин меъёр дурустї ва барљоии исломро ташаккул ва ороиш дод. «Эй мардум, ба дурустї, ки шуморо аз як марду аз як зан офаридем ва шуморо ќавмњо ва ќабилањо сохтем, то ба якдигар шиносо шавед!...»(49:13; Њуљрањо).

Расули Акрам инсонњоро ба љойгоњи аввала баргардонид, ки инсонњо онро фаромўш карда буданд: « Мо њама аз Одмем ва Одам аз замин аст». Ин ишорњоро кулли њукомону сарварони давлат, мусалмонони оддї, илоњиётшиносон ва хулафои ислом риоят карданд. Аммо баъзан риоят нашудани он омили инсонї аст.

Тањаммулпазирї дар Ќуръон

«Эй мардум, ба дурустї, ки шуморо аз як марду аз як зан офаридем ва шуморо ќавмњо ва ќабилањо сохтем, то ба якдигар шиносо шавед!...»(49:13; Њуљрањо).

Худо мефармояд, ки разногласия дар дин, љањонбинї ва идеология табиатан танњо дар инсон зоњир мегардад.

« Ва агар Худо мехост, онњоро як уммат меградонид; валекин њар киро хоњад, дар рањмати Худ дармеорад; ва ситамгаронро њељ корсозе ва ёридињанда нест» (42:8 «Машварат»).

Барои њамин њам мусалмон он аз љониби Худо барои тањаммулпазирї ба ѓацр даъват шудаанд, аммо онњоро ба тањаммулпазирї ва боварї даъват менамояд.

Фанатизми миллї, ки дар араби љоњилия ба вуљуд омадааст ва «асабия» ном гирифта буду масали арабии «бародари худро дастгирї нам, замоне, ки тањќир шудааст», шиор гардида буд. Дар Ќуръон омадаст: «…ва ба накўкорї ва парњезгорї бо якдигар мадад куне два бар гуноњу ситам ба якдигар мадад макунед ва аз Худо битарсед!...» (5:2 «Моида»).


Тањаммулпазирї дар фарњанг

« Ва агар Парвардигори ту мехост, албатта, мардумро як миллат мегардонид. Ва (лекин) њамеша мухталиф бошанд (11:18-Њуд). «Пас гурўњњо дар миёни хеш ихтилоф карданд. Пас, вой бар онон, ки ситам карданд-аз азоби рўзи дарддињанда!» (43:65 «Зуњруф»).

Фактњои таърихї бар оннанд, ки њељ гоњ ислом фарњангњоро аз байн набурдааст, балки дар фаровардањо ва ёфтањои фарњанги дигарон ѓанию бой гардида онњоро такмил додаст. Ин аст, кии слом дар Шимои Африќо, Испания, Балкан, Шарќи наздик, Малайзия ва дар ќораи Индонезия пахш гардида, дини форсу арабу турк, мардумони Кавќоз, Африќо, Њинд ва славянњо гардид. Ин шањода аз он медињад, кии слом бо фарњангњои мухталиф сайёраро зебову муаттару пурбор гардонидааст. «Ва дар роњи Худо бо касоне љанг кунед, к ибо шумо љанг мекунанд; ва аз њад мегузаред! Њамоно Худо азњадгузарандагонро дўст намедорад!» («: 190 «Баќара»).


Тањаммулгароии мазњабї

Ислом њамеша воќеъбин, дурусткор, самимї буданро тарбият мекунад. «Пайѓамбарон бо он чи аз Парваридигораш ба сўи ў фуруд оварда шуд, бовар дошт ва мўъминон низ; њама ба Худо ва фариштагони Ў ва Китобњои Ў ва Паёмбарони Ў имон оварданд. (Гуфтанд:) Миёни њељ кассе аз пайѓамбарони Ў фарќ намегузорем. Ва гуфтанд: «Шунидем ва фармонбардорї кардем. Эй Парвардигори мо, омурзиши Туро мехоњем ва бозгашт ба сўи Ту аст!». («685 «Баќара»). Дар ин љо матлаб ба тањаммулгароии мазњабї ишора мешавад. Дар Худо танњо як мазњаби воќеї мављуд аст «Ба дурустї, ки дин (-и мўътабар) назди Худо ислом аст. Ва ањли китоб аз рўи њасад дар миёни хеш ихтилоф накарданд, магар баъд аз он, ки ба онњо дониш омад. Ва њар ки ба оятњои Худо кофир бошад, пас, њамоно Худо Зудњисобкунанда аст» (3:19 «Оли Имрон»).


Эй мурѓи сањар ишќ зи парвона биёмўз,

К-он сўхтаро љон шуду овоз наёмад.

Ин муддаъиён дар талабаш љома дарронанд,

В-онро, ки хабар шуд хабаре боз наёмад.


Касоне, ки аз ин равиш пайравї мекунанд, бар онанд, ки бо шинохти ин сифатњо ва мушаххасот метавон аввалин ќадамро дар љињати амалисозии њадафњои тањаммулпазирї бардошт ва роњу равиш ба њадаф ва маќсуд аз биъсатро, ки ба фармудаи Паёмбари Ислом (с) чизе љуз њамон ќарор гирифтани инсон дар ављи «макоримулахлоќ» нест, њамвора намуд (9). Зикри ин нукта низ лозим аст, ки дар диди љонибдорони ин равиши мафњуми ахлоќї њаргиз ба њељ унвон ба маљмўъае аз одобу русуми хушку берўњ ва хориљ аз матни зиндагї пайваст намешавад, балки тамоми мављудияти инсонро дарбар мегирад ва ба ибораи дигар, ба рушду шукуфоии њамаи љанбањо ва љињоти вуљудии вай таваљљўњ дорад.

Тарбияти тањаммулпазирї дар ин мафњуме, ки мо аз он муњаќќиќони педагогикаи ислом, аз љумла ба назари муњаќќиќони мазњаби ташаййўъ иборат хоњад буд, аз як «кулл» ва ё њараме, ки њадди аќал дорои љанбањо ва худ абъоди зер аст:

Аввалан, асоситарин љанбаи тањаммулпазирї бўъди маънавият аст, ки аз сарчашмаи зулоли имон моя мегирад ва ба фард ин нерўро медињад, ки бо илњом аз мабонии мазњабии худро ба малакут ва саљоёи фозилате чун адолатхоњї, ишќ ба љињоду шањодат, исор ва азхудгузаштагї нигарон кунад ва аз сўйи дигар аз зимомњо ва разоиле чун дурўѓу нифоќ, исроф ва ситамгарию ситампазирї ва ѓайра худро барканор дорад.

Сониян, љанбаи дигари тањаммулпазирї эњсоси масъулият намудан дар баробари љамъи мардум ва љомеъа аст, ки иборат хоњад буд аз «дар халќ будан» ва ба хотири ризои Худо «барои халќ будан» ва њаракат кардан дар љињати рафъи ниёзмандињо ва нигаронињо ва њалли масоилу мушкилоти онњо.

Бо таваљљўњ ба ин яке аз масъалањое, ки мушкилоту зарарњои рафтори инсонро дар сатњи илмї матрањ менамояд, осебшиносии фарњанги тањаммул мебошад. Осебшиносии фарњанги тањаммул ба баррасии офот ва осебњое мепардозад, ки унсурњои шаклдињанда ва созандаи илми педагогиро тањти таъсири худ ќарор медињад ва бунёду воќеияти илмиро барѓалат баррасї менамояд.

Осебшиносї мафњуми љадиде аст, ки аз улуми зистї гирифта шуда, донишмандон байни беморињо узвї ва осебњои иљтимої (каљравињо_ социальное потология) гуфтаанд.

Осебшиносї (pathology) path ба сурати пешванд ба кор рафта ва аз калимаи юнонии pathos ба маънии эњсосот, таљриба, ѓазаб, ранљ мењнат ва осеб мебошад ва logy ба маънии шинохт ва пасванди «шиносї» таркиб шудааст ва дар забони мо нохушишиносї, илми ташхиси беморињо, мебошад (2, с.43).

Аз дидгоњи пизишкї ба раванди решаёбии беморињо гуфта мешавад, аммо ба сабаби ин ки ин вожаро ќарз гирифта аз он «осебшиносии иљтимої» (социальная потология) сохтаанд. Агар меъёрњои пазируфташуда аз сўи афроди љомеа нодида гирифта шавад, он гоњ кажрафторї ба вуљуд меояд ва коркарду рафтори инсон шаклу шомили беморї ба худ мегирад.





Осебњо дар тањаммулпазирї кадомњоянд?:

Дар маљмў: муњимтарин осебњои тањаммулпазирї дар чист?

Муњимтарин осебњо дар заминаи шевањои тарбияти тањаммулпазирї дар педагогика чист?

Дар заминаи муассисоти пажўњишї ва њамкорињои илмї чї гуна осебњо дар тањаммулпазирї мављуданд?

Бањрагирї ва бакогирии фаровардањои илмї чї гуна осебњо дорад?

Дар маљмўъ муњимтарни осебњои кутуб ва манобеи омўзишї дар масъалаи тањаммулпазирї дар чист?

Дар бораи мушкилоти педагогикаи ислом: тарсу вањм, нодида гирифтани дастовардњои ин фан ва илм, монеият дучор кардан, иттилооти хуб надоштан яке аз дигар осебњо мебошад

Инњо њама бар эљоди ангезаи пажўњиш муассиранд ва дар маљмўъ метавон гуфт, ки пажўњиши масъалаи тањаммулпазириро бояд дар љањорчўби љомеъашиносии педагогика мавриди омўзиш ќарор дода ва ин амр шомили маљмўъаи омилњои иљтимої ва фарњангї аст, ки љомеъаро ба симати пажўњиш рањсипор намуда ва ё аз умури пажўњишї дар заминњои фарњангї боз меорад (3, с.89).

Таъмини маводи методї ва манбаъњои иттилоъотї барои муассисањои таълимї дар иртибот бо тањаммулпазирї хеле дар сатњи поён аст. Бубинед, беш аз 19 сол аст, ки мо дар шароити куллан љомеъаи нав ба сар мебарем, аммо китобњои сирфан наву тоза, ки тафаккури истиќлолро дошта бошанд, рўйи даст надорем. Дар донишгоњњои кишварамон садњо њазор нафар фанни «Педагогика»-ро меомўзанд, аммо аз рўи кадом китоб?

Омили дигаре барои чопи китобњои дарсию кўмакдарсї фаќр аст. Њаст фаќри молї ва њам фаќри фарњангї. Пай бурдан ба ин ки китоб фарњанг меоварад, худ ба фарњанги аввалия ниёз дорад, ки бисёр касон онро надоранд.

Дар тањќиќњои минбаъда бояд усулњои гуманизми шарќї, тарбияи љавонон, усулњо ва рањёфти навин дар тањќиќи мушкилињои мавзўъ ва инчунин самтњои љањонисозии омўзиш ва эњёи суннатњои миллї дар таълиму тарбият мавриди тањќиќ ќарор гирад. Проблемањои омўзиш ва парвариш дариртибот бо тањаммулпазирї аз дидгоњи арзишњои исломї ва парадигмаи омўзишу парвариш мењвари аслии пажўњишњо бошад. Инчунин дастгоњи мафњумии фанни педагогика, вожагузинї ва истилоњотсозї дар улуми тарбиятї мавриди бањрабардорї ќарор гирад. Таваљљўњи бештар ба тазкираињои педагогии ниёгон ва арзишњои афкори педагогии њавзаи тамаддуни иронї дода шавад.

Мавзўњои фавќ дар асоси рањёфти низомёфта, тањлил ва таљзия, тањќиќи назарї ва мантиќї бо истифодаи усулњои навини герменевтика ва контент-анализ мавриди бањрабардорї ќарор гирад.

Воќеъан, тањлилу баррасии тарбияти тањаммулпазирї дар кишвар нишон медињад, ки рўз аз рўз ба ин равияи тарбият ниёзњо меафзояд ва дар њаллу фасли масоили тањаммулпазирї наќши босазо мегузорад. Дар ин давраи муњими таърихї барои илми педагогика уфуќњои тоза, ки дар иртибот бо иттилоъсозии љомеъа, такмили технологияи навини омўзиш мебошад, ба амал омадааст. Бо таваљљўњ ба ин вазъият илми педагогика бо таваљљўњ ба тањаммулпазирии љавонону мактабиён њоло нигаронкунанда мебошад. Аз ин рў, зарурати бознигарии роњу равиши тарбияти тањаммулпазирї дар ќишрњои мухталифи љомеа аз љониби марказњои илмї зарурат дорад.

Манобеъ
  1. Антипин Н.А. Плюралистический характер современной философии и трудности разработки философии образования для XXI века // XXI век: Государственное, общественно-политическое и экономическое устройство жизни России.-СПб., 2000.- С. 133-136.
  2. Ќуръони Карим: матни асл ва тарљумаи маъноњои он ба забони тољикї.-Душанбе: Ирфон,2007.-609 с.
  3. Кумбс Ф.Г. Кризис образования в современном мире: системный анализ. М., 1970. -261 с.
  4. Раљабов М. Рушди маориф аз пажўњиш вобаста аст//Маорифи Тољикистон.-2010.-№3.-С.16-23.
  5. Сулаймонї, С. Мероси Имоми Аъзам ва осебшиносии тавсеаи фарњанги исломї // Паёмномаи фарњанг: нашрияи илмию тањлилии Пажўњишгоњи фарњанг ва иттилоот.-2009.-№1 (12).-С.3-7.
  6. Сулаймонї, С. Педагогикаи ислом: љойгоњ дар низоми омўзишу парвариши Ирон (Матн) / Зери назари Х.Афзалов; Академияи илмњои педагогии Тољикистон; Пажўњишгоњи илмњои педагогии Тољикистон.-Душанбе: Ирфон, 2008.-250 с.
  7. Сутуда, Њамидолллоњ. Осебшиносии иљтимої: љомеашиносии инњирофот.-Тењрон: интишороти овои Нур, 1387/2008.-256 с.
  8. Фарљод, Муњаммадњусайн. Осебшиносии иљтимої: кўдакони хиёбонї, духтарони фарорї, занони фоњиша.-Тењрон: нашри Алї, 1388/2009.-315 с.
  9. Файзулислом, Сайид Алии Наќї. Тарљума ва шарњи «Нањљу-л-балоѓа».-Тењрон:Файзулислом, 1376.- Хутбаи 9.-С.411.
  10. Шарифзода Ф. Педагогика: назарияи инсонофар ва љомеаи фарњангї/ Мураттиб ва муњаррири масъул С.Сулаймонї; Академияи тањсилоти Тољикистон.-Душанбе: Ирфон, 2010. -575 с.
  11. www.aot.tj
  12. www prmatt.tj