Дар тамоми соњањои зиндагї, махсусан маънавиёт, нобиѓањои зиёдеро ба арса овардааст, ки онњо њар кадом бо инсондўстиву миллатпарвариаш наќши арзандае гузоштаанд
Вид материала | Документы |
Содержание1. Публисистикаи то замони љанги Бузурги Ватанї. 2. Публиситикаи замони љанги Бузурги Ватанї. |
- Моу гимназия №24 Дар бесценный, дар глагола…, 176.41kb.
- Семь Жемчужин Вечности», «Серебряная нить», «Пульсирующий цветок», «Дар Небесный. Часть, 369.62kb.
- Қазақстанның тәуелсіздігі, 2085.24kb.
- Дьякова Маргарита, 53.77kb.
- План. Вступ. Вода найважливіший дар Природи. Річки блакитні стрічки нашого краю. Ставки, 134.07kb.
- «Чеховский дар» продолжает свой путь, 15.79kb.
- Ялом И. Дар психотерапии я 51 / Пер с англ. Ф. Прокофье-, 2417.93kb.
- Язык человека и сигнальные системы животных, 541.71kb.
- Кузьмина Нина Сергеевна Москва: ул Воронцовские Пруды 5-64 936-10-08 Маршрутно-квалификационная, 766.48kb.
- Учебное пособие Божий дар красота; и если прикинуть без лести, То ведь придется признать:, 9194.49kb.
ПУБЛИСИСТ
Фаъолияти публисистии Бобољон Ѓафуров аз соли 1935, аз замони баргаштани ў аз Москав оѓоз меёбад. Асарњои публисистии вай ба се забон- тољикї, русї ва ўзбекї навишта шудаанд. Публисистикаи ўзбекии ў ба даврае иртибот мегирад, ки дар рўзномаи «Ќизил Тожикистон» кор мекард. Яъне матолиби ўзбекиаш мањз бо маќсади иљрои вазифаи кориаш навишта шудаанд. Навиштањои публисистии тољикиаш аз солњои 1938-1940 шуруъ шуда, то давраи ба Москав ба кор рафтанаш давом кардааст.Дар ин давра вай публисистикаи худро ба забони русї њам навиштааст. Ва нињоят дар бист соли охири умраш устод асосан ба забони русї эљод кардааст. Њатто чунин таълифоташ, мисли «Хуршеди олам» («Садои Шарќ», 1960), «Дар оилаи тифоќи халќњо» ( «Тољикистони советї», 1967), повести «Мањмуд» низ ба забони русї навишта шудаанд. Русинависии ў асос, зарурияте дошт. Бобољон Ѓафуров дар он айём ба Институти Шарќшиносии Академияи фанњои СССР роњбарї мекард ва мусаллам аст, ки дар муассисањои марказии шўравї забони корї русї буд. Забони байналмилалї низ барои академик Ѓафуров њамин забон мањсуб мешуд. Дар конференсия, семинар ва симпозиумњои сершумори байналхалќї суханронињояш низ бо њамин забон буданд. Бештар дар матбуоти русизабони Иттифоќ маќолањо дарљ мекард, дар китобњои русинашр муќаддима менавишт, бо журналистони ватаниву хориљї бо њамин забон мусоњиба мекард ва доираи хонандагонаш, њадафи матолибаш аз чорчўби Тољикистон хеле ва хеле фаррохтар буданд. Ў Тољикистонро барои дигарон муаррифї мекард ва барои ин забони байналмилалї лозим буд ва забони русї барои вай њамин вазифаро иљро мекард. Бинобар ин забони корї ва амалиаш русї буд.
Хислати публисистикаи Бобољон Ѓафуровро бо ибораи «публисистикаи илмї» ифода кардан мумкин аст. Зеро дар њамаи навиштањояш дар тўли 40 сол тањќиќот ва мулоњизањои илмї љузъи муњими андешањояш, компоненти муњими тањќиќи мавзуъ ва баёни он буданд. Воќеан, махсусияти ин навъи маќолањои публисистии илмї асосан он аст, ки дар баёни муњимтарин воќеањои имрўз аз унсурњои љиддии илм истифода мешавад. Ин илми холис нест, балки истифодаи тезисњо, маќолањо ва андешањои илмї дар баёни мавзўи публисистї аст. Ин шакли маќола камолоти илмї ва маънавии муаллифро низ нишон медињанд. Яке аз хусусиятњои муњими он чизи душворро бо сабки осон фањмондан бошад, дигараш њамоно дар фањми душворињои рўзгор унсурњои омшудаи таърихро истифода бурдан мебошад.
Зимнан бояд гуфт, ки тањќиќи илмї, таваљљўњ ба таърихи халќ дар фаъолияти академик Бобољон Ѓафуров аз њамин чизи дар зоњир оддї - таваљљўњ ба зуњуроти њаррўзаи зиндагї оѓоз гардида, бо камолоти бењамтои илмї намоён шуд. Бо исбот дар бораи чизњои оддї сухан рондан, ўро ба такя ба манбањои боэтимод оварда расонд. Аз њамин сабаб њам дар асари аввалини илмиашон «Падение Бухарского эмирата», ки њанўз соли 1940 ба чоп расидааст, гарчи тањлил ва тањќиќи илмї кам нест, аммо таъсири публисистии он барозандатар аст. Ин барои асаре, ки барои таблиѓи гояе навишта мешавад, нињоят муњим аст. Зеро маќсади муаллиф танњо гуфтану хабар додан аз воќеањо ва зуњурот нест, балки бо ин чиз ба раванди воќеањо таъсир расонидан аст. Баъзан дар назари ман асари бадеии устод Садриддин Айнї – «Љаллодони Бухоро» аз кадом як љињате ба њамин асари устод Ѓафуров монанд менамояд.
Барои фањми њарчи бештари публисистикаи устод ба охирин маќолаашон дар вазифаи Котиби КМ ЊК (б) Тољикистон, ки дар рўзномаи «Известия» 31 маи соли 1946 чоп шудааст ва то нашри он дар рўзномаи «Тољикистони сурх» роњбари њизби Коммунисти Тољикистон интихоб шудаанд, таваљљўњ мекунем. Ин маќола гарчи бо услуби доимии Бобољон Ѓафуров - истифодаи фактњои таърихї , муќоисаи фактњо навишта шудааст, аммо забонаш њам, истифодаи унсурњои бадеї низ дар он дар пояи баландтар аст. Мавзўи маќола масъалаи тайёр кардани кадрњо аст ва он бо чунин ривояти сохтаи муаллиф шурўъ шудааст:
«Муддате пеш аз револютсия дар ќишлоќи Ќистакўз, ки њоло маркази райони Чкалов, вилояти Ленинобод мебошад, чунин воќеае рўй дода буд.:
Эълон карда шуд, ки калони волост (волостной) интихоб карда мешавад. Дар миёни бойњои мањаллї кашмакаш сар шуд – њар яке аз онњо мехост, ки ба ин мансаб интихоб шавад. Як бой барои порадињї ва зиёфат кардани интихобкунандагон ду њазор сўм, дигаре дуним њазор сўм ва сеюмї се њазор сўм харљ кард. Дар натиља аз онњо касе интихоб шуд, ки аз њама зиёдтар харљ карда буд. Он гоњ яке аз даъвогарони бенасибгашта – бой Малла Булус ба Генерал-губернаторї рафта ба чанд нафар амалдорони рутбабаланд пораи зиёде дод ва … интихобот ѓайрињаќиќї дониста шуд ва ба ќишлоќ амрнома омад, ки Малла Булусбой калони волост њисоб карда шавад.
Халќ ин амрномаро бепарвоёна истиќбол кард – ба он фарќ надошт, он касе, ки ба онњо зулм ва онњоро хонавайрон кунад, чї ном дорад. Илова бар ин одамњо медонистанд, ки эътироз кардан бефоида аст. Тартиби муќарраршуда чунин буд: амалдори амир духтари соњибљамолатро зўран аз ту бигирад – дам назан; бое боѓи туро аз дастат кашида гирад – овоз набарор, туро зананд, ба «обхона»-и бўйноки зиндон партоянд – лаб накушо…
Чунин буд рўзи тољикон дар замони амири Бухоро ва дар замони подшоњ.
Мамлакати аз дасти бероњї аз њам људошуда, мамлакати хароб ва ќашшоќшуда, ки дар он дењќонон худашонро аз номи мањалли таваллудшудаашон «вахонї», «ќаротегинї», «хуљандї» меномиданд, мамлакат саросар бесавод, дар љањолатмонда сарзаминњо, ки дар онњо касалињои бисёри гузарандае њукмфармо буданд, ва ањолиаш мањкуми мурда рафтан буд, - чунин буд Тољикистон њамагї 28 сол пеш аз ин».
Дар ин муќаддима њама чиз гуфта шудааст: њам шакл ва оќибати интихоботњои дурўѓин ва муносибати мардум ба онњо, њам монандии тарзи золимонаи яккароњбарї, њам бадкории амирони мањаллї ва подшоњони аљнабї нисбати мардуми мењнаткаш, њам зиндагии ќашшоќона ва њам парокандагии миллат, ки якдигарро намешинохт, њам тарсу, хомўш ва бадбахт шудани мардум, ки имкони овоз баланд карданро аз даст дода буд, њатто дар бадбахттарин рўзаш маљбур буд хомўширо нигањ дорад, то осмон ба сараш наафтад. Ин бузургии нависанда аст, ки дар як порчаи хурд њамаи дарду аламро гуфта тавонад ва тавре нависад, ки барои њама фањмо шавад ва ба истилоњ, савол боќї намонад.
Дар ин порча дар симои персонажи сохташудаи Малла Булусбой (дар халќ маллабой - рус, булус - волость аст) муносибати халќи тољик ба истисморгарони рус. Муаллиф онњоро бо тамасхўр ёд мекунад.
Баъди ин нависанда дар хусуси муваффаќиятњои зиёди истењсолї ва тарбияи кадр дар солњои панљсолањои сталинї сухан мегўяд.
Аз љумла менависад, ки «Дар зарфи панљсолањои сталинї мо нафаќат љуѓрофияи республикаамонро таѓйир додем, аз миёни кўњњое, ки пеш касногузар буданд, роњњо мебаровардем, дар биёбонњои беоб каналњо месохтем, нафаќат маъданњои нави зеризаминї кашф мекардем ва онњоро ба хизмати халќ мегузоштем, балки мо аз таги ќабатњои замин даврањои гузаштаи бои таърихии худро, маданияти худро кашф мекардем, мо барои ба майдон баромадан ва гул-гул шукуфтани ќобилиятњои халќї мадад мерасонидем, ки онњо истеъдоди ташкилотї ва ќуввањои эљодии худро дар њама соњањои сохтмони сосиалистї ба кор мебурданд. Барои халќи мо дар њаёт ва амалиёти он таълимоти ленинї-сталинї дар бораи баробарњуќуќии миллатњо, дар бораи тараќќї додани маданияти миллишаклу сосиалистимазмун машъали рањнамо мебошад.
Аммо мувафаќќияти аз њама муњимтар ва аз њама пурќиматтарини республика одамњои он мебошанд. Дар панљсолаи Сталинї мо халќро дар рўњияи шуурнокии баланди миллї ва гражданї тарбия менамудем. Љањонбинї ва психологияи одамњо таѓйир ёфт».
Дар ин порчаи маќола њамаи пешрафтњоро зикр карда, Бобољон Ѓафуров пешрафти маънавии халќ, тарбия шудани кадрдњоро аз њама асосї ва муњимтар медонад ва аз ин чиз бештар ифтихор дорад. Ва ин табиист. Зеро ин хок ва ин марзи Тољикистон њазорњо сол вуљуд дошт, аммо њама чизаш барои мардум дастнорас буд Сохти нав кадре тарбия намуд, ки ин заминро шикофт, сирри онро ёфт ва истифода кард. Вай одамони аз нигоњи фањмиши маънои зиндагї навро дида, хурсанд мешавад:
«Боре ба ман сухани як пирамарди колхозчии њамон ќишлоќи Ќистакўзро шунидан рост омад. Ин колхозчии пир дар маљлиси машваратии районии пахтакорони пешќадам баромада, сухан кард ва дар сухани худ раиси колхози худро ба ин айбдор кард, ки ба звенои ў миќдори даркории нуриро надод, ки ин кори нодуруст аст. Иштироккунандаи дигари њамон маљлиси машваратї ба як норизогї мегуфт, ки маърўзачї номи стахановчї Умароваро набурд, ки колхоз бо ў фахр мекунад ва ба фикри ў ањли тамоми район кї будани ин стахановчизанро бояд бидонад.
Ин гуна фактњо, ки мумкин аст дар назари аввал ночиз ва беањамият намояд, дар бораи дењќони нави тољик, ки як ваќтњо бењуќуќ, аќибмонда ва хорузор буд тасаввуроти равшан медињанд».
Бо ин порча муаллиф хеле устодона вазъияти нави рўњияи тољиконро бо он авзое, ки дар аввали маќолааш тасвир кардааст, муќоиса мекунад. Таѓйирёбии тарзи фикр ва зиндагї, таѓйирёбии маънавии халќи тољик асоситарин комёбии ўст. Маќсади маќола њам пеш аз њама њамин чизро нишон додан аст. Дар маќола таѓйироти сифатї ва миќдории кадрњо зикр шуда, муаллиф пеш аз њама ба тайёр шудани кадрњои соњаи саноат ва маориф диќќатро љалб менамояд Ў аз љумла менависад: «Дар соли 1928 дар Тољикистон њамааш шуда 487 нафар коргарони саноатї буданд, дар соли 1940 бошад, шумораи онњо ба 28 њазор расид. Пеш аз революсия дар Тољикистон касони хату саводнок 0,5 просентро ташкил медоданд. Њозир дар мо саводнокњо 76 просент мебошанд. Акнун мо муаллимњо ва духтурњо, инженерњо ва агрономњо, ирригаторњо (обёрњо) ва роњсозњои худро дорем»
Дар радифи њамин гуфтаи боифтихор, ки «мо мутахассисони худро дорем», мегўяд, мехоњам таъкид намоям, ки таърихи худро нагуфтан, ё нодуруст гуфтан, ва ё умуман рад кардан, натанњо ба нофањмї, балки ба кўрнамакї низ мебарад ва мављуд будани чунин маќолањо моро аз ин ќадрнодонї мебароранд. Гап дар сари он аст, ки як идда љавонњои мо, ки аз он таърих хеле дер ба дунё омадаанд ва Тољикистонро дар замоне дидаанд, ки саноат, зироат ва маданияти асрї дорад, дар замоне дидаанд, ки мардум бо техникаи муосир кор мекунанд, ба таблиѓу ташвиќи онњое, ки худашон гузаштаро дуруст дарк намекунанд, дода шуда, чунин мепиндоранд, ки халќу ватани мо аз ќадим чунин обод буд, фаќат дигарњо омада моро аз роњ мезаданд, ѓорат мекарданд, истисмор мекарданд ва ѓайра. Барои онњое, ки ба миллати худ хизмат кардан мехоњанд, пеш аз њама донистани воќеияти гузашта муњим аст, то ба имрўз бањои њаќиќї дода тавонанд. Ин маќола моро ба чунин андешањо вомедорад.
Дар як љои маќола Бобољон Ѓафуров таваљљўњро ба чунин мисолњо љалб мекунад: «Омўзишњои системаи резервњои мењнатї дар муддати давоми худ аллакай 5700 нафар роњиоњанчиён, алоќачиён, ангишканњо, нефтчињо, газворбофњоро тайёр карда бароварданд. То охири панљсолаи нав мактабњои ФЗО ва омўзишгоњњои њунармандї боз 16 њазор нафар коргаронро тайёр мекунанд
Дар ваќти љанг кори тайёр кардани мутахассисони миёна ва олї суст нашуда буд. Дар солњои љанг техникумњои индустриалї ва консерв кушода шуда буданд ва онњо ба наздикї дафъаи якум як гурўњ талабагонро тайёр карда мебароранд. Мактабњои зерин кор мекунанд: техникумњои хољагии об, роњи автомобилї, молия, кооперативї, ќироатхонагї, хољагии ќишлоќ, мактаби миёнаи тиббї, мактаби адлия, 11 омўзишгоњњои педагогї, 3 институти муаллимон ва ду институти педагогї, институти хољагии ќишлоќ ва институти тиббї. Шумораи талабагон аз миллатњои мањаллї назар ба соли 1941 дар техникумњо чор баробар ва дар мактабњои олї се баробар зиёд шудааст.
Дар як худи соли 1946 барои маорифи халќ ва илм аз бюджети республика 275 миллион сўм људо карда шудааст… Дар мактабњои ибтидої ва миёна зиёдтар аз 300.000 нафар талаба, яъне аз 5 нафар гражданини республика як нафараш ва дар техникумњо ва мактабњои олї то 12 њазор нафар одам тањсили илм мекунанд. Барои дар наздиктарин солњо кушодани Дорулфунуни тољикї кори тайёрї пеш бурда шуда истодаст, ташкил кардани Академияи фанњои Тољикистон низ дар пеш аст».
Бояд гуфт, ки он чи дар мавриди таъсиси Университет ва Академия омадааст, ин аз аввалин тазаккурот дар хусуси ташкилшавии ин ду муассисаи муњими илму таълим аст. Бобољон Ѓафуров натанњо аз ин чиз хабар медињад, балки њамчунон дар раванди омодагї ва ба кор даровардани онњо шахси соњибсухан буд. Масалан дар ќарор дар хусуси таъсиси Донишгоњи давлатии Тољикистон, ки соли 1947 бо имзои Сталин баромадааст, пешнињоди Ѓафуров будани ин ташаббус зикр карда шудааст. Публисистикаи вай пайванди амалии кораш низ мебошад.
Аз ин маќолаи калон танњо як љумлаи дигарро ба тањлил мегирем.Устод менависад, ки «Асоси тайёр кардани кадрњои интеллигенсия мактабњои ибтидої ва миёна мебошанд». Ин сухан дар диди аввал аљиб менамояд, вале агар даќиќан нигарем, њаќиќати мањз аст. Аввал ин ки хишти аввали илму амал ва муносибати љамъиятї мањз дар мактаб гузошта мешавад. Сониян одобе, ки дар мактаб таълим дода мешавад ва наврасон дар муносибати боњамї ва таълими устодон, дар заминаи одоби хонаводагї асоси тафаккурро савќ медињанд ва њамин чиз интеллектро равшану фаъол мекунад ва њамин чиз заминаи муносибатњои минбаъдаи шахсро ташкил медињад. Бино бар ин танњо маълумоти олидоштагонро ба гурўњи интеллигенсия дохил карда, дигарњоро сарфи назар кардан, ба њаќиќат мувофиќ намеояд.
Маќолаи мазкур як масъалаи дигарро барои мо рашан мекунад: дар замони љанги Бузурги Ватанї сарфи назар аз он ки тамоми имконоти моддї пеш аз њама ба манфиати фронт нигаронида шуда буд ва баъди ин масъалаи инкишофи истењсолот дар рўзнома меистод, аммо масъалаи тањсил ва тайёр кардани кадр њељ гоњ аз назар дур нарафтааст. Ин масъала баробари масъалањои дигари аввалдараља меистодааст. Он чиз муњим ба назар мерасад, ки Тољикистон дар масъалаи тайёр кардани кадрњо ба соњаи саноат таваљљўњи бештар дода, ба саноатикунонии мамлакат имтиёз медодааст. Ба гумонам, ин ягона роњи дурусти пешрафти минбаъдаи Тољикистон аст. Тољикистони саноатї, ки дар заминаи конњои бояш инкишоф ёфтанаш лозим аст, метавонад дар минтаќа обрў дошта бошад.
Публисистикаи алломаро ба чор давраи зерин таќсим кардан мумкин аст;
1. Публисистикаи то замони љанги Бузурги Ватанї. Дар ин давра ў бештар маќолањои иљтимої ва илмию таблиѓї менавишт. Дар онњо мавзўњои мубориза ба муќобили аќидањои бої-феодалї, ташкили рўзгори нав, фањмондани моњияти Конститутсияи Шўравї - Конститутсияи Сталинї, баробарњуќуќии занњо, ташкили кори таблиѓотчиён бартарї пайдо кардааст. Ин мавзуњо аз диди имрўз хело одї ва содалавњона менамоянд, аммо аз диди њафтод сол муќќадам онњо хело муњим ва актуалитарин мавзўъ ба њисоб мераванд ва њар кас ба он даст зада наметавонист ва ё аз даст задан метарсид. Дар бораи эътибори њамонваќтаи чунин матолиб академик А. Пулодов навиштааст:
«Велением судьбы впервые я познакомился с Бободжаном Гафуровым заочно.Это в середине тридцатых годов, когда я ещё был школьником. Б. Гафуров тогда часто публиковал статьи на страницах республиканской газеты «Тоджикистони сурх» и областной «Большевики Худжанд» под псевдонимом «Бободжон чулоќ» - «Храмой Бободжан». В связи с этим мне вспоминается забавная история.
В нашей школе учился старшеклассник по фамилии Гафуров, звали его также Бободжаном и при чем он также храмал на одну ногу. Как только в газетах появились статьи, подписанные означенным псевдонимом этот парень сказал сверстникам, что эти публикации – «творение его ума», Но все сомневались или удивлялись стол высокому таланту старшеклассника. И вот однажды учитель истории небезизвестный Абдугаффор Хасанов на уроке сказал, что эти корреспонденции на самом деле вышли из –под пера его талантливого ученика из Исписара Бободжана Гафурова. Когда была выяснена правда, юный автор – «плагиатор» был наказан бойкотом школьников.
Особое впечатление на нас, учеников, произвела статья Бободжана Гафурова, опубликованная на страницах газеты «Тоджикистони сурх» в 1938 году под названием «Таърихи Иди ќурбон» (История праздника жертвопринощение»). Статья знакомила с тончайщими нюансами истории известного мусульманского праздника, получившего свое начало еще от пророка Авраама. (Иброњима) Автор подробно и со знанием дело описал не только историю, но и все виды ритуалов праздника и в том числе, жертвоприношения, когда, в день праздника, состоятельные люды режут барана и часть его мяса раздают нуждающимся. Мне удиевило тонкое знание относительно ещё молодым корреспондентом религиозных ритуалов Я был заинтригован, ибо в те годы в советских школах преподавали сгубо светские науки, о какой либо религиозной информации и речи не могло быть А у этого корреспондента оказались такие богатые знания в области теологии. нравились, религиозных же фанатиков они даже радражали. И это послужило поводом для покущения с их стороны на жизь корреспондента. (А.М.Пулатов. Академик Гафуров – гордость нации, факел знания. - Душанбе, Ирфон,1998. С.8-10)..
Воќеан, он гирудори сиёсие, ки имрўзњо дар љомеаи мо дар атрофи равияњо ва арзишњои динї давом доранд, моро во медоранд, ба он гузаштаи таърихамон љиддитар нигоњ кунем ва барои худ дарёбем ки чи њолатњои ногузири сиёсї дар заминаи он маќолањо нуњуфтаанд. Ногуфта намонад, ки Бобољон Ѓафуров њангоми навиштани ин маќолањо њам аз нигоњи синнусол ва њам аз нигоњи эљодї хеле љавон буд ва дар бисёр њолатњо ба дигарон такя мекард. Асоситарин хислаташ боварии том ба аќидае буд, ки дар борааш менавишт. Публисистикаи ин давраи вай хислати равшани сиёсии таблиѓотї ва њадафи таблиѓи марксизм ва донишњои илмї, намунаи таблиѓ дар муќобили таблиѓ будааст Муњаќќиќ С. Њайдаров яке аз вазифањо ё мавзўњои публисистикаи ин давраи эљодии устодро мавзўи Тољикистон меномад ва менависад, ки «аз як маќола то маќолаи дигар дар публисистикаи ў таѓйир ёфтан, бењтар шудани симои Тољикистон, аз зулми аморат то истиќлоли њаќиќї тасвир меёбад. Ва муаллиф њамватанонашро ба таќвияти ин пешрафт даъват мекунад» ( Њайдаров С. Автореферати дисс.с.11)
2. Публиситикаи замони љанги Бузурги Ватанї. Ин замони шаклгирї, пухташавї ва муайянгардии мавзўъњои асосии публисистикаи арбоби давлатї Бобољон Ѓафуров, замони амиќтар шудани равияи эљодии ў, мустањкам шудани заминањои илмии тањќиќоту таблиѓоташ, амиќ шудани мавзўи сарнавишти миллати тољик, њамчун њадафи асосии зиндагии Бобољон Ѓафуров мебошад. Њатто дар маќолањои оддитарини расмиаш, масалан дар «Тољикистон ба фронт» мавзўи миллї тарњ мешавад. Имрўзро ба мардум фањмонидан, њамватанонро бари њимояи Ватан ба по хезонидан, њам дар фронт ва њам дар аќибгоњ шуљоати шахсї ва ѓайрати ватанпарастиро вусъат додан - њаминњо буданд, маќсад ва равияи маќолањои ин давр. Номњои фарзандони содиќи халќи тољик, ки дар тули асрњо корномаашон фаромўш нашудааст - Кова, Рустам, Шерак, Спитамен, Муќаннаъ, Темурмалик, Восеъ дар ин маќолаву навиштањо њамчун рамзи ќањрамонї ва љовидонї садо медоданд. Асосњои илмиву таърихї њамчун василаи муайянкунандаи таъсирнокии ин навиштањо ањамият пайдо мекарданд. Дар ин замон маќолањои публисистии вай хусусияти маќолањои роњбарикунандаро пайдо карданд, зеро вазифаи давлатиаш ин вазнро барои онњо муњайё кард. Дар публисистикаи ў тамкин ва салобат, илм ва сиёсат таъсири сухан зиёдтар шуд. Худи миќдори навиштањои публисистї камтар шуданд, аммо дар суханронињо, фањмондадињињо таъсири публисистии суханаш афзоиш ёфт.
Албатта, каломи шафоии публисистї барои нишон додани таъсири сухан ва ањамияти сухан барои пешбурди љомеа ањамияти бузурге дорад ва аз соли 1940 ба баъд Бобољон Ѓафуров аз ин имкон васеъ истифода мебурд, гумон мекунам, ки мавзўъ тањќиќоти сарењ ва љиддиро нигарон аст.
3. Публисистикаи Бобољон Ѓафуров дар давраи эњёи баъдиљангї публисистикаи сиёсї буд. Ў дар ин давра кам менавишт, зеро масъулияти сиёсии давлатдориаш имконияташро њам аз нигоњи ваќт ва њам аз нигоњи масъулият мањдуд мекард. Аз ин нигоњ њатто фаъолияти ин давраинаи публисистии ўро ба гурўњи алоњида људо кардан душвор аст. Аммо ба назар гирем, ки матолиби ками навиштааш њам хеле љиддї ва омўзанда буданд ва чун асоснок буданд, мисли дастуре ба чашм мехўрданд, проблемањоро муайян мекарданд, вазифа мегузоштанд, ин давраи томи фаъолият мешавад. Боз зикр кардан лозим аст, ки Котиби аввали њизби коммунист барои ањли эљод мисли њамкасб, дўсту рафиќ буд. Аљиб аст, он њолати таърих, ки аксари роњбарон китоб нависанд. Аксари онњо касби китобнависї надоранд, аммо чун роњбар шуданд, китобнавис њам мешаванд. Шояд ин табиї бошад. Аммо китобнависии роњбарон ба ду сурат мебошад: яке худашон менависанд ва ё донистаашонро мегўянд, дигарон менависанд ва дигаре барои роњбарон дигарон менависанду онњо имзо мекунанд ва чунин роњбарон дар њамаи мавзўъ китоб менависанд. Бобољон Ѓафуров олим буд ва худаш китобу маќола менавишт. Роњбари давлат бештар маќолањои назариявї менавишт, бештар авзои иљтимоиву сиёсиро тањлил мекард. Ин тањлил олимвор, адибвор буд. Барои дарки мавзўъ яке аз маќолањои асосии ин давр навиштаи ў «Дар бораи баъзе аз масъалањои тараќќиёти маданият ва фан»-ро , ки дар се шумораи рўзномаи «Тољикистони сурх» моњи июли соли 1945 чоп шудааст, тањлил мекунем. Ин маќола аслан маќолаи таблиѓотї аст. Аммо азбаски ба он котиби КМ ЊК Тољикистон имзо кардааст, хислати маќолаи директивиро касб кардааст. Маќола масълагузорињои сарењ дорад ва он хислати консептуалї низ пайдо карда аст. Аслан моњияти барномаи амали њизб ва њукумати Тољикистонро дар ин мавзўъ муайён менамояд. Пас гуфтан мумкин аст, ки Бобољон Ѓафуров дар ин маќолаи худ барномаи пешрафти маданият ва илми љумњуриро муайян намудааст.
Дар оѓози маќола наќши муњими ташкилотчигии Њизби коммунист дар солњои љанги Бузурги Ватанї ва сарфи назар аз мушкилињо таваљљўњи љиддї зоњир карданаш ба масъалаи тайёр кардани кадрњо сухан гуфта, сипас аввалин бор дар маќолањояш зикр мекунад, ки «Халќе, ки дар амал њељ гоњ дар љанг иштирок накарда буд, акнун дањњо њазор љанговарон ва командирони шоёни тањсин дорад, ки онњо техникаи мураккаби њарбиро аз худ карда, аз љињати љангї ва маданї хеле афзуданд. Аз фронт гашта омадани ин одамон барои республика ањамияти махсусан калон хоњад дошт, онњо сафи интеллигенсияи тољикро пур карда, ба минбаъд гул-гул шукуфтани маданияти халќи тољик мадад мерасонанд». Ин андеша, ки таљрибаи љанг онњоро пухта ва иродаашонро ќавї гардонидааст ва сахтињои замони љанг мењри онњоро ба Ватан зиёд кардааст ва мањз онњо ба љавонон дар парвариши рўњи нав зиёдтар ёрї расонида метавонанд, асоси маќола мешавад. Аз њамин сабаб хам дар вазифањои замони баъдиљангї, замони барќароркунии хољагии халќ Бобољон Ѓафуров масъалаи маърифатноккунии ањолиро ба љои аввал мегузорад. Дар заминаи назари таърихї ба роњи тайкардаи Тољикистони Шўравї вай аз љумла менависад:
«Дар баробари афзоиши иќтисодиёт маданияти Тољикистон тараќќї мекард. Фавран баъди револютсияи Бухоро (соли 1920) ќариб дар њамаи районњои Тољикистон мактаби нави советї ташкил карда шуда буд. Дар давоми солњои гузашта дањњо њазор нафар наврасон ин мактабњоро тамом карданд. Дар соли тањсили 1944-1945 дар 2345 мактаби ибтидої, њафтсола ва миёнаи мављуда 250-280 њазор нафар бачањо, аз љумла зиёда аз 230 њазор нафар бачањои миллати мањаллї тањсил карданд. Дар техникумњо ва мактабњои олї 4640 нафар љавонписарон ва духтарон хонданд.
Дар солњои њокимияти советї дар республика санъат бо суръати пурмављ тараќќї кард. Дањрўзаи дар соли 1941 дар Москва гузаштаи санъати тољик муваффаќиятњои бузурги ин соњаро ба таври дурахшон нишон дод. Њоло мо дорои шаш театри республикавї, 6 театри вилоятї ва 5 театри районї мебошем, ки дар онњо садњо нафар ашўлачињо, раќќосон ва мусиќачиён кор мекунанд.
Пеш аз революсия дар Тољикистон ягонто њам газета намебаромад, њоло се газетаи республикавї, 10 газетаи вилоятї ва 54 газетаи районї мебарояд, ки тиражи умумии онњо 187 290 нусха мебошад. Нашриёти давлатии республика дар давоми 15 сол 5023 ном китоб баровардааст, ки инњо асосан ба забони тољикї буда, аз 30.120. 000 нусха иборат аст, аз он љумла дар замони љанг 1387 ном китоб ба миќдори 4.460.000 нусха баромад.»
Дар ин фикр ва эњсоияњо як чиз дар назар шубњанок менамояд. Он ки ба назари муаллиф то инќилоби Бухоро матбуот надоштаем. Инро њамчун бехабарии Бобољон Ѓафуров аз таърихи матбуоти Осёи Миёна шарњ додан ба њаќиќат рост намеояд, њатто ба он сабаб. ки ў таърихи матбуоти империяи русро дар Университети коммунистиии журналистика омўхтааст ва њамчунин дар асари «Аз тахт афтидани амири Бухоро», ки муддатњо пештар аз ин маќола навишта шудааст, ёди матбот мекунад. Аввал ин ки таъкиди мазкур дар маќола нашриёти мусалсалро дар назар дорад, дувум ин ки воќеан њам дар арафаи Инќилоби Бухоро дар њудуди Тољикистони онрўза матбуот ба табъ намерасид. Онњое,ки ќаблан мебаромаданд, фаъолияти худро ќатъ карда буданд. Бобољон Ѓафуров дар маќола њамин фикрро гуфтааст.
Муаллиф дар маќолааш тањлили вазъи мављудаи маданиятро идома дода менависад: «Нависандагон, драмматургњо ва шоирони љавон бо сардории кўњансолтарин нависандагони тољик Садриддин Айнї ва Абулќосим Лоњутї самаранок кор карда истодаанд.
Муваффаќиятњои мо дар кори нигањдории тандурустии халќ калонанд. Њоло дар Республика 13 муассисаи тиббии стасионарї кор мекунад, ки дар онњо 6000 љой мављуд аст. Ќариб њазор нафар духтурњо ва 3.500 њазор ходимони миёнаи тиббї ба саломатии мењнаткашон њаррўза ѓамхорї мекунанд.
Тарбия кардани отряди интеллигенсияи миллии советї љамъбасти он кори бузурге мебошад, ки дар соњаи маданият гузаронида шудааст. Гуфтан кифоя аст, ки дар республика дар соли 1944-1945-ум 12.455 нафар муаллимон, аз он љумла 9000 нафар тољикон ва ўзбекњо кор карданд.
Дараљаи маданияти худи халќи тољик таѓйир ёфт».
Бо ин арќом тањлили вазъи маданият дар маќола ба охир расида, сипас муаллиф ба проблемањо ва проблемагузорї диќќат медињад. Албаттта, зимни ин кор њам боз аз факту раќамњои њамон ваќт истифода мешаванд, аммо ин дигар марњалаи маќола аст. Дар ин ќисмат аввал фарањмандї аз бузургтарин муваффаќќияти халќи тољик зикр мешавад: «Аз нав зинда карда шудани маданияти ќадимии халќи тољик яке аз бузургтарин комёбињои ин халќ мебошад. Дар баробари ин тољикон нафаќат ба аз нав зинда кардани маданияти ќадимаи халќи худ муваффаќ шуданд, балки вайро ба комёбињои маданияти љањон, бо комёбињои маданияти халќи кабири рус ва халќњои бародарии Иттифоќи Советї бой њам карданд». Ва сипас таъкид мешавад, ки «Муваффаќиятњои соњаи маданиятро мо мањкам ба даст даровардем, онњоро њељ кас кашида гирифта наметавонад. Аммо бо муваффаќќиятњои ба даст даровардашуда маѓрур ва хотирљамъ шудан хислати одамони советї нест. Мо њоло вазифадор њастем дар бораи он фикр кунем, ки оё мо аз њамаи имкониятњое, ки њокимияти советї барои тараќќї додани маданияти халќи тољик ба мо додааст, пурра истифода кардаем?» Сипас, Бобољон Ѓафуров дар маќолааш савол гузошта, ки «Дар соњаи маданият аќибмонии мо аз чї иборат аст» масъалањои зеринро тарњ мекунад.
- суръати тайёр кардани зиёиён дар љумњурї ѓайриќаноатбахш аст. Мутахасисони маълумотдорро аз он миќдоре, ки талаботи хољагии халќ аст, хеле кам тайёр мекунем;
- моњияти аслии маданияти муосири миллиро намедонем ва онро мањдуд мекунем;
- илмро бо истењсолот пайваста наметавонем ва ё дар доираи мавзуњои хурд мањдуд мемонем;
- кадрњои мањаллиро дар тараќќии илм камтар истифода мекунем ва баъзан ба онњо бовар надорем.
Дар давоми маќола масъалањои муњими зерин тарњ мешаванд.
Аввал дар мавриди тањсил дар матабњои олии марказї:
«Пеш аз љанг дар мактабњои олии Москва, Ленинград ва дигар шањрњои Россияи марказї дањњо нафар тољикон ва ўзбекон мехонданд. Дар се соли охир таљрибаи ба ин шањрњо фиристодани љавонписарон ва духтарон хеле кам дида мешавад. Њол он ки дар республика чунин мактабњои олї нестанд, ки ба мо инженерњои геолог, энергетикњо, роњсозњо, бофандањо, мутахассисони саноати хўрокворї, инженерњои металлург, мутахассисони саноати ангишт ва нефт, инженерони бинокор, конструкторњо, архитекторњо тарбия карда бароянд. Дар дигар шањрњо ба одамон ин ихтисосњоро таълим надода, мо ба республикаи худамон зарар мерасонем, кадрњои мањаллии вайро аз ихтисосњои ба мо хеле зарурї мањрум мекунем. Бинобар ин таљрибаи ба мактабњои олии Россияи марказї фиристодани тољикон ва ўзбекњоро аз нав барќарор карда, барои омўзиши пурсамараи онњо, њамаи шароитро муњайё кардан лозим аст.
Кадрњои интеллигенсия натанњо дар омўзиш, балки бевосита дар кори институтњои илмї-тањќиќотї ва лабораторияњои таљрибавии филиали Академияи фанњо, КХ маориф, КХ зироат, КХ назорати тандурустї ва ѓайра низ тарбия карда мешаванд. Барои ин ки маданияти мо баланд бардошта шуда, таълимамон бой карда шавад, ба кори ин муассисањо диќќати љиддї додан лозим аст».
Тавре мабинем, дар ин љо муаллифи маќола ба тањсил дар донишгоњњои марказии ватинї, азбаркунии илмњои даќиќ, пеш аз њама оид ба саноат, таљрибаомўзї дар заминаи муассисањои илмї таваљљўњро љалб мекунад. Яъне, барои илм бартарї (преоритет) дода мешавад ва ман тахмин мекунам, ки Бобољон Гафуров пешрафти Тољикистонро дар саноатї ва илмї шудани хислати истењсолоти љумњурї мебинад. Шояд барои њамин њам ў мегўяд:
«Дар назди республика чунин вазифа истодааст, ки дар се-чор соли наздик Академияи Тољикистонии фанњоро ташкил кунад ва дар соли 1946 Дорулфунуни давлатии Тољикистонро кушояд. Иљро кардани ин вазифањо бешубња аз мо ба таври ќатъї бењтар карда шудани кори тайёр кардан ва тарбия намудани интеллигенсияи илмї ба дараљаи хеле баланд бардоштани кори муассисањои илмї тањќиќотиро талаб мекунад».
Воќеан вазифањое, ки дар соњаи тайёр кардани кадрњои илмї ва фарњанг пеш омаданд, нињоят муњим ва зарур буданд ва онњо диќќати љиддиро талаб мекарданд. Лињозо дар ин маќолаи директивї чунин масъалагузорї карда мешавад.
«Ташкилотњои партиявї ва советї вазифадор њастанд, ки кори илмї-тањќиќотии инженерњо, агрономњо, духтурњоро њарљониба њавсманд кунанд, тамоми шароитро муњайё кунанд, ки мутахассисони амалиётчї кори худро тањлил кунанд ва мушоњидањои худро љамбаст намоянд. Кори љамъиятњои илмиро зинда карда, гузаронидани конференсияњои илмї ва илмї-техникї, даъват намудани маљлисњои машваратиро таљриба кардан лозим аст, ки дар онњо духтурњо, педагогњо, инженерњо, агрономњо маърўзањои илмї карда метавонанд. Ба мутахассисоне, ки бо ягон сабаб мактаби олиро тамом карда натавонистаанд, ёрї расонидан лозим аст, ки маълумоти худро мукаммал кунанд ва ба касоне, ки кори илмї мебаранд мадад расонидан даркор аст, ки диссертасияи худро тартиб дињанд ва онро муњофизат кунанд».
Аз тарзи масъалагузорї, аз тариќи сухангўи дар бораи кори илмї ва олимон, аз дарку таблиѓи масъала ва проблемаи илмї маълум шуда меистад, ки мутахассис, олим муаллифи ин маќола мебошад, на каси дигар. Дар давоми сухан, вобаста ба мавзўи тарњшаванда муаллифи маќола чун сиёсатмадор падид меояд:
«Ба тараќќиёти маданияти миллї, њамчун маданияти људогонаи дар дохили худ бандбудагї, аз таъсири маданияти халќњои дигар мањрум будагї муносибат кардан, мубориза барои дар санъат нигоњ доштани пеш аз њама хислати аќибмондагї, кўњна дар байни табаќањои хеле оќибмондаи интеллигенсияи мо, ки онњо аз душворињои азхудкардани маданияти пешќадам метарсанд, инчунин дар байни боќимондањои он унсурњои душман мављуд аст, ки онњо ба суст шудани алоќаи байни халќњои Иттифоќи Советї ва суст шудани дўстии халќњои СССР манфиатдор мебошанд. Вазъи ин одамон, ки вазъи зарарнок ва харобиовар, вазъи вайронкунандаи љавонони мо мебошад, аз ин иборат аст, ки онњо мањорати касбии ходимони маданиятро инкор мекунанд ва даъво мекунанд, ки гўё бе тайёрии махсус њам фаъолияти самараноки эљодї мумкин бошад. Мо бояд дар кори худ он касонеро, ки хоњ нохоњ ба комёбињои маданияти халќњои Иттифоќи советиро азхуд кардани тољикон халал расониданї мешаванд, ќатъиян фош кунем, зеро, ки рўњияи онњо дар оќибат дар соњаи маданият миллатчигии буржуазї буда, ба манфиатњои халќи худ хиёнат кардан аст.»
Дар ин ќисмати маќола, ки нигоњи сиёсї ба санъат аст, масъалае низ нуњуфта аст, ки дертар њам ба ин ё он сабаб тарњ мешавад ва дар атрофаш фикрњои ба њам муќобил баён карда мешаванд. Ин масъалаи мазмуни сотсиалистии санъат, ки бисёрињо онро дурравї аз асли маданияти миллї мењисобанд ва ин иттињом гоњ-гоње аз нав такрор мешавад. Аммо њадафи Ѓафуров дар ин маќола мутлаќо муќобили маданияти миллї нест:
«Лозим аст, ки коркуни санъати мо музикаи халќро омўхта, бой карда ва ба камол расонида, барои аз худ кардани тамоми комёбињои санъати советї, дар навбати аввал комёбињои халќи рус шурўъ намояд, онњо аниќ ба тарзи музикавї, аз чињати техникї дуруст сароянд ва бозї кунанд… Инчунин лозим аст, ки нависандагони мо ба таври формалї не, ба таври њаќиќї бойтарин мероси назми классики тољикро аз худ кунанд. Дар айни ваќт њамаи он чизњои бењтаринеро, ки дар адабиёти халќњои бародари Иттифоќи Советї ва дар навбати аввал дар адабиёти халќи кабири рус мављуд аст, ба таври эљодї гиранд ва ќабул намоянд.
Лозим аст, ки доираи адабиёти мо ба њисоби ќиссањо, достонњо, романњо, драммањо васеъ шавад ва онњо нафаќат барои тољикон, балки барои дигар халќњои Иттифоќи советї њам, њавасангез ва пурќиммат бошанд.
Нињоят, њамаи корро кардан лозим аст, ки халќи мо бо бойтарин адабиёти Иттифоќи советї то мумкин аст, васеътар ошно шавад ва асарњои Пушкин, Лермонтов, Толстой, Гогол, Чехов, Горкий, асарњои нависандагони њозираи рус, классикони адабиёти Европаи ѓарбї, нависандагони республикањои бародарї зудтар ба забони тољикї тарљума карда шаванд»
Яке аз мавзуњои умдаи ин маќола масъалаи омўхтани забони русї мебошад ва ба андешаи устод «забони русиро надониста истода маданияти русро аз худ кардан мумкин нест». Маќолаи мазкур њовии хамаи масъалањои марбут ба маданияти миллии мо буда, натанњо дар назди эљодкорон ва ањли илму маданият, дар назди масъулин, роњбарони њизбї ва давлатї, балки дар назди тамоми миллат барои инкишофи он вазифа мегузорад, зеро:
«Агар мо њаќиќатан њам хоњем, ки Тољикистон дар дарвозаи мамлакатњои Шарќ республикаи намунавї шавад, …мо бояд дар бобати инкишоф додани маданият бо ѓайрати сечанд кор кунем.»
Дар њаќиќат њам маќолаи «Дар бори баъзе масъалањои тараќќиёти маданият ва фан» аз љумлаи маќолањои консептуалии устод буда, худашон дар татбиќи он њам, назораташ низ, хеле фаъолона иштирок карда, дар ташаккули интеллигенсияи воќеии тољик њиссаи бузург доранд. Тезис ва мавзуњои ин маќола бо мурури замон, њатто бо таѓйир ёфтани сохти иљтимоии Тољикистон ањамияти худро гум накардаанд.
Дар бораи фаъолияти публисистии Бобољон Ѓафуров дар солњои 1946-1956 сухан ронда, ба як масъала таваљљўњро љалб кардан мехоњам. Ин масъалаи суханронињояшон дар анљуманњо мебошад. Албатта, вазифаи њамаи роњбарон аст, ки дар маъразўњо перомуни мазўњои муњими сиёсї сухан гўянд, дар съездњо сухан карда, масъалањои корро тарњ кунанд. Моњиятан њамаи маърўзањо хислати њисоботї-директивї доранд. Моњиятан суханронињо сарфи назар аз он ки чи гуна сурат гирифтаанд, маќсади таъсиррасонї доранд ва маќсад аз таъсиррасонї ба њаракат овардани онњое мебошад, ки ин сухан ба онњо равона шудааст. Ва аслан маќсади публисистика низ дар ин аст, ки барои муайян кардани мавќеи одамон дар њаёти иљтимої таъсир расонад. Аз ин љињат маърўзањо ва маќолањо бори баробар доранд ва гумон мекунам маърўзањоро низ дар чорчўби баромадњои публисистї мулоњиза кардан ѓалат намешавад. Махсусан агар сўњбатњои радиої ва телевизионї, амри маъруф ва амсоли инро бо онњо муќоиса кунем, моњияти публисистии маърўзањо бештар ошкор мешаванд. Ба њамин маъно ман аслан мехостам як суханронии устодро дар анљумани нависандагони Тољикистон ба тањлил гирам, аммо ќабл аз он мехостам, ки барои нишон додани љараёни умумии фикрронї ва масъалагузорињои устод аз суханронињояшон дар анљуманњо порчањоро тањлил кунем.
11 октябри соли 1952 Бобољон Ѓафуров дар анљумани Х1Х ЊК (б) Уммумииттифоќ сухан ронда, асосан дар атрофи масъалаи миллї, муносибати байни миллатњо, маданияти миллатњо ва љойи он дар маданияти сермиллати шўравї сухан гуфт. Раиси Иттифоќи нависандагони Шўравї А.А Фадеевро барои суст шудани танќиди њаќиќї дар адабиёт танќид кард, раиси Госкинои Шўравї Болшаковро барои он ки кино суст шудааст ва њаќиќати љомеаи моро нишон дода наметавонад, зери тозиёнаи танќид гирнифт. Аз нигоњи мутахассис вазъияти санъатро тањлил карда гуфт: «Коркунони санъат ва кинематография якзайл бо нависандагон дар ин бора бањс мекунанд, ки кадоме аз онњо ба аќиб мондани санъати кино бештар гунањгор њастанд. Ин бањсњо, ки ба мисли бањси ќањрамонони асари Гогол - Иван Иванович ва Иван Никифорович мебошанд, чандин сол боз кашол шуда истодаанд.»
Дар ин порча, ки аз маърўза аст, мо натанњо факти конкретро мебинем, натанњо танќиди рўирости шахсони масъулро мебинем, балки балоѓат ва образи суханро низ эњсос мекунем, мањорати публисистонаи каломро низ дарк менамоем.
Барои тањлили амиќ мо маърўзаи Бобољон Ѓвфуровро дар анљумани 111 нависандагони советии тољик ( августи соли 1954), ки «Барои пешрафти минбаъдаи адабиёти советии тољик» номгузорї шудааст, мегирем. Аз рўи инсоф бояд гуфт, ки аслан ўро бидуни шарњу эзоњ ва ихтисор чоп кардан, пурра овардан мумкин буд. Зеро дар вай натанњо вазъи адабиёт, санъат ва маданияти онваќтаи тољик дар он солњо умуман, балки платформаи минбаъдаи инишофи ин соњањоро барои давраи муайян донистан мумкин аст. Албатта, дар нутќ асос нишондод ва дастурњои ЊК ва давлати Шўравї аст, вале он дастурњо бо диду фањми Бобољон Ѓафуров суфта шудаанд, ба шароити Тољикистон, ба муњити Тољикистон мувофиќ карда шудаанд, манфиати мардуми Тољикистон ва халќи тољикро дар назар доранд. Онњоро мисли публисистикаи устод Садриддин Айнї, мактубњои ў ва устод Абулќосим Лоњутї ба адибон дастури амал, мавќеи миллї ва намунаи фаъолият донистан мумкин аст. Њатто аз нигоњи он ки ин суханњо аз забони шахси аввалмартабаи љумњурї садо додааст, онњоро на њамчун маслињати шахсияти вориди масъала, балки њамчун дастури ў фањмидан лозим аст. Ин матлаб боз аз он љињат муњим аст, ки Бобољон Ѓафуров дар он айём оѓози пинњонии равиши нави давлатдориро, ки дар он дурравї аз сиёсати одатшуда эњсос мешуд, дарк карда буд. Дар ин чо ба як масъала равшанї андохтан лозим аст, ки сабаби аз вазифаи давлатї хориљ шудани Бобољон Ѓафурови 47 сола ва бо дарназардошти хизмати воќеї ва содиќонааш, донишмандиаш ба њар њол дар њудуди идорањои давлатї боќї монданаш аз он вобаста аст. Шахсе, ки ба кори мекардааш њаќќонї бовар дорад, шахсе, ки ба идеяи таблиѓ мекардааш њаќќонї бовар дорад, шахсе, ки ба шахсияти бузургтар аз худ эътимоди њаќиќї дорад, њар бўњронеро, ки дар ин чорчўб пайдо мешавад, ором тањаммул карда наметавонад, худро аз он роњ нигоњ доштанаш душвор мешавад. Дар масъалаи идеяе, ки барояш хизмат кардааст, дар масъалаи шахсияти Сталин Бобољон Ѓафуров чунин мавќеъ дошт. Осон аст, барои онњое, ки барояшон таѓйир додани идея ва муносибат, дигар кардани аќида душворї намеорад, онњо имконияти бештар дар њалќањои дилхоњ мондан доранд.
Мегардем бар сари маърўзае, ки перомунаш сухан оѓоз намудем. Дар ќисмати авали он ки «Њаётро хубтар омўзем, образњои ќањрамонони њаќиќии давронро эљод кунем» номида шудааст, сухангўй аз муваффаќиятњои баркамоли адабиёти советии тољик ёдовар шуда аз љумла мегўяд:
«Халќи мо асарњои Садриддин Айнї, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуѓзода, Мирсид Миршакар, Рањим Љалил, Љалол Икромї, Аминзода, Фотењ Ниёзї, Ѓаффор Мирзоев, Дењотї , Муњаммадљон Рањимї, Саидалї Вализода, Суњайлї, Шукўњї, Фарњат, Толис, Ќањњорї ва дигар шоирон, насрнависон ва драмматургњоро бо камоли муњаббат мехонанд, месароянд ва тамошо мекунанд. Халќи мо ба бењтарин асарњои нависандагони советии тољик фахр мекунанд.
Бисёр асарњои нависандагони советии тољик, махсусан асарњои Садриддин Айнї ва Мирзо Турсунзода нафаќат дар Иттифоќи советї, балки берун аз њудуди он, махсусан дар мамлакатњои хориљии Шарќ машњуранд. Газетањо ва журналњои Хитой, Њиндустон, Покистон, Афѓонистон, Эрон аз асарњои ин нависандањо порчањо нашр намуда, бахшида ба эљодиёти онњо маќолањо чоп мекунанд.
Ба забони русї тарљума ва дар Москва нашр карда шудани шеърњою поэмањои Миршакар, романњои Рањим Љалил, Љалол Икромї, Улуѓзода, повести Фотењ Ниёзї ва дигар асарњо дар њаёти халќи мо њодисаи намоён аст.»
Аммо ин мувафаќќиятњо муаллифро ќонеъ намекунанд, бинобар ин ў якбора танќидро оѓоз мекунад. «Дар баробари ин ќайд кардан лозим аст, ки инкишофи адабиёти тољик аз талаботи халќ хеле аќиб мемонад ва ба тараќќиёти пурзўри хољагии республика мувофиќ нест. Ман ба худ љоиз медонам чунин ташбење оварам: агар республикаи мо дар роњи тараќќиёти хољагии худ ба суръати автомобил њаракат карда пеш рафта бошад, пас нависандагони мо аз оќиб ва ба сурати ароба кашол шуда рафтанд.»
Муќоисаи адабие, ки муаллиф овардааст, аз як тараф танќиди сахте мебошад, ки вазъи онрўзаи адабиётамонро ошкор мекунад, аз тарафи дигар малоњат ва образи сухан теѓњои ин танќидро нарм мекунанд. Аммо маќсади муаллиф ноаён кардани танќиди камбудї нест, балки муассир кардани он аст. Биноан, дар идомаи сухан мугўяд: «Нависандагони мо асарњоеро, ки њаёти пурмављ ва бисёртарафаи республикаро нишон дињанд, њанўз хело кам эљод мекунанд. Онњо њатто аз сад як њиссаи он дигаргунињои бузургеро, ки дар республика дар зарфи солњои мављудияти он ба вуљуд омаданд, инъикос накардаанд. Онњо бахшида ба одамони шоёни мо - дигаргункунандагони табиат ва бунёдкунандагони прогресс њанўз кам повестњо, романњо, поэмањо ва пйесањои њаяљоновар ва таъсибахш эљод карданд. Бисёр асарњои нашршудаи онњо на аз љињати тематикї ва на аз љињати бадеї халќи моро пурра ќаноат кунонида наметавонад.
Образњои эљодкардаи нависандагони мо мукаммал набуда, шоистаи таќлид нестанд. Кас асарњои нависандагони моро хонда, дар њайрат мемонад : онњо чунин одамонеро, ки тафаккури баланд ва њиссиёти равшан надошта, балки фаќат бо манфиатњои мањдуди истењсолї зиндагї мекунанд, аз куљо мегирифта бошанд. Ќањрамони асарњои бисёр нависандагони мо ба он плакате монанданд, ки дар рўи вай зане табассумкунон дар даст ќанори пахта нигоњ дошта бошад. Охир њаёти ќањрамонони даврони мо нафаќат аз ѓалабањо ва табассумњо иборат аст, њаёти онњо пур аз муборизаи њаррўзаи муќобили душворињо, пур аз задухўрдњои оштинопазири зидди душманони њаёти нав, зидди љорикунандагони урфу одатњои боќимондаи замони гузаштаи феодалї мебошад.
Ба фикри ман, камбудии аз њама калони нависандагони Тољикистон он аст, ки онњо њаёти республикаро наѓз намедонанд, аз фикру зикри ташкилоти партивии Тољикистон ва халќи тољик тасаввуроти равшан надоранд.»
Баъди ин Бобољон Ѓафуров дар бораи муваффаќиятњо ва камбудињои хољагии халќи кишвар, аз љумла зироаткорї ва пеш аз њама пахтакорї, саноат ва маданият бо мисолњои аниќ сухан мегўянд ва проблемаю мавзўњоеро, ки низ метавонистанд, мавзўи адабиёт шаванд, нишон медињанд. Мисоли зеринро аз соњаи маданият меоранд:
«Панљ-шаш сол пеш мо дар чунин ањволи сахт монда будем, ки мактабњои олии худро бо талаба таъмин карда наметавонистем, зеро шумораи шахсоне, ки синфњои дањумро тамом кардаанд, кифоя намекард. Ваќте ки мо ба ин участкаи кор ба таври бояду шояд машѓул шудем, маълум гардид, ки дар натиљаи бад кор кардани органњои маорифи халќ, дар натиљаи бад ба роњ монда шудани кори тарбиявї дар байни ањолї шумораи хеле бисёри талабагон мактаби миёнаро тамом накарда партофта мерафтаанд, махсусан шумораи духтарон, ки мактаби миёнаро партофта мерафтанд, зиёдтар буд.
Бо маќсади бењтар кардани кори мактабњо тамоми ташкилоти партиявї, тамоми халќ машѓул шуд. Дар натиља дар соли 1954 назар ба соли 1946 шумораи шахсоне, ки мактабњои миёнаро тамом карданд, дањ баробар, шумораи љавонон ва духтарони миллатњои мањаллї, ки мактаби миёнаро хатм карданд, бештар аз бист баробар зиёд шуд.
Хўш, мо магар бахшида ба муаллим китобњои наѓз дорем? Не, мо ингуна китобњоро надорем.»
Бобољон Ѓафуров таъкид мекунад, ки дар асарњои адабиёти мо албатта образњои дењќонон, коргарон, зиёиён, коркунони партиявї њастанд, аммо аксарияти онњо симои воќеии онњоро ифода карда наметавонанд. Дар њамин радиф ў романи «Диёри Навобод»-и Сотим Улуѓзодаро ба тањлил мегирад. Ин тањлил дар сабк тахлили хеле сарењи таќризнависи касбиро мемонад ва ба фикр аз нигоњи сиёсї дида, бештар љанбаи адабиётшиносона дорад:
«Њатто дар асари нависандагони пешрав ва пуртаљрибаи мо њам романтикаи революсионї дида намешавад. Масалан, романи Улуѓзода «Диёри Навобод» умуман асари хуб аст. Аммо азбаски муаллиф пешомадњои тараќќиёти хољагии ќишлоќро наѓз намедонист, бо њамроњии ќањрамонони худ ба пеш нигоњ карда натавонист, дар зарфи он солњое, ки ин китоб эљод карда мешуд, бисёр фикрњои асар кўњна шуда мондаанд. Он чизе, ки ќањрамонони асар дар роњи вай мубориза мебаранд, дар њаёти колхозњои мо марњалаи тайкардашуда мебошанд.
Рафиќ Улўѓзода мумкин аст ба ман эътироз баён карда, бигўяд, ки ман дар бораи њаёти имрўза не, балки дар бораи њаёти гузашта навиштаам. Њар чи њам бошад, бояд дар њар асар рўњи замони њозира њис карда шавад – ба њамин сурат ин асар муддати дароз ба халќ ѓизои маънавї дода метавонад.
Алалхусус њамонро њам ба рафиќ Улуѓзода хотиррасон кардан лозим, ки њатто дар њамон давраи тасвиркардаи ў навдањои њаёти нави имрўзаи колхозњои мо намоён буданд.»
Пас аз ин Бобољон Ѓафуров перомуни мавзўњои асосие,. ки бояд адибони тољик ба он тавваљљўњ кунанд, сухан меронад. Дар ин чорчўб мавзўи аввал «Мавзўи Партияи коммунистї, мавзўи дўстии халќњо-дар эљодиёти нависандагони мо бояд мавзўи асосї гардад», диќќатро ба худ мекашад. Муаллиф дар ин бобат чунин масъалањоро пеш мегузорад:
1. Нишон додани роли партияи мо дар сохтмони коммунизм, нишон додани таърихи ќањрамононаи он вазифаи аввалини нависандагони мо мебошад.
2. Нависандагони мо сиёсати миллиии Партияи Коммунистиро васеъ пропаганда карда, натиљањои пурсамари дўстии халќњои СССР-ро нишон дода, дар айни замон бояд идеологияи инсонбадбинии империализм ва ќасдњои онро, ки як халќро ба халќи дигар барангехтанї мешавад, фош кунанд.
3. Муњимтарин вазифаи нависандагони Тољикистон иборат аз он аст, ки халќи моро дар рўњи муњаббат ва њурмат кардани тамоми халќњои Ватани кабирамон ва пеш аз њама, бародари калонии мо - халќи рус тарбия намояд.
4. Ба њамаи нависандагони мо вазифаи фахрие гузошта мешавад, ки халќи тољикро бо комёбињои барљастаи адабиёти рус ва адабиёти дигар халќњои бародарї шинос кунад.
5. Нависандагони мо бояд космополитони бемаконро њам берањмона фош кунанд Ба ин муносибат масъалаи омўхтан, ба забони русї тарљума ва нашр кардани классикњои адабиёти тољик ањамияти махсус пайдо мекунад. Мо бояд дар бораи ба забони тољикї нашр кардан, инчунин аз забони тољикї тарљума ва нашр намудани асарњои Рўдакї, Фирдавсї, Абуалї ибни Сино, Носир Хисрав, Саъдї, Умари Хайём, Њофиз, Камоли Хуљандї, Абдурањмони Љомї, Сайидои Насафї, Ањмади Дониш ва дигарон ѓамхории љиддї кунем.
Дар баробари масъалагузорї дар ин ќисмат, роњбари љумњурї инчунин таъкид њам мекунад, ки «Дар омади гап бояд гуфт, ки тарљумаи асрњои бадеї ба забони тољикї њанўз ќаноатбахш ташкил карда нашудааст.Дар ин кор як системаи муайяне мављуд нест, баъзан асарњои тасодуфї њам тарљума карда мешаванд. Иттифоќи нависандагони советї ба ин кор наѓз машѓул намешавад, махсусан аз болаи сифати тарљума назорати хуб муќаррар карда нашудааст.»
Ќисмати сеюми нутќи Бобољон Ѓафуров дар анљумани нависандагони Тољикистон «Ба муќобили душманони ватанамон беамон мубориза барем, љорикунандагони боќимондањои урфу одатњои кўхнаро фош кунем» номида шуда, масъалањое, ки дар назди адабиёт гузошта мешаванд, дар ин унвон ифода шудаанд. Дар ин ќисмат, ки бо маслињати «нависандагон бояд нафаќат ба ќањрамонони мусбати худ муњаббати гарму љўшон дошта бошанд, балки дар њаќќи душманон њам адовати нишон дињанд», оѓоз мешавад, диќќат ба муборизаи зиддии оташдињандагони љанги нав, буѓикунандагони озодї ва истиќлолияти миллии халќњо боќимондаи хурофотњои динї, миллатчигї нигаронида мешавад. Зикр мешавад, ки ваќтњои охир дар Америка ва Англия як силсила китобњое нашр шудаанд ва масъалаи Осиёи Миёнаро чунон тарњ мекунанд, ки дар дили пантуркистону панисломистњо машъали умед меафрўзанд ва дар муќобили онњо бояд мубориза бурд. Дар хусуси муборизаи зидди хурофот сухан ронда, Бобољон Ѓафуров менависад, ки «Ман махсусан мехостам шоири љавони истеъдоднок Ѓаффор Мирзоевро рафиќона танќид кунам, ки дар лирикаи вай ќариб њељ оњанги љамъиятї-гражданї мављуд нест, аз лирикаи вай бўи замони њозира хеле кам меояд. Баъзе шеърњои вай зиннати албомњои шахсї шуда тавонанд њам, аммо барои назми советї намуна шуда наметавонанд» дар ин замина гўянда дар мисоли «Њар гулеро як харидор» сухан мегўяд.
Баъд дар маърўза перомуни дар асарњои бадеї инъикосшавии масъалањои муборизаи зидди одатњои бад - мансабпарастї, хушомадгўї, бюрократї, вайронкунандагони интизоми мењнатї, боќимондањои одатњои бої-феодалї сухан меравад. Бобољон Ѓафуров дар тањлили ин мавзўњо барои рафъ кардани шубњахо мегўянд: «баъзе нависандагон чунин фикр мекунанд, ки агар онњо њодисањои пурнуќсонро фош кунанд, онњоро ба тўњмат кардан нисбат ба њаёти советї айбдор хоњанд кард.
Албатта, агар њамаи одамон њамчун пањнкунандагони боќимондаи хурофотњои зарарнок тасвир карда шуда, тамоми асар аз типњои аќибмонда ва манфї пур карда шавад, ин бўњтон аст. Аммо агар нависанда муборизаи одамони пешќадамро ба муќобили аќибмонї ва кўњнапарастї, тантанаи љањонбинии нави прогрессивиро нишон дода, љорикунандагони боќимондањои хурофотњои кўњнаро масхара ва мањкум кунад, пас вай бо њамин кори хуби фоиданок мекунад.»
Бобољон Ѓафуров тарзи масъалагузориро дар асар нишон дода, роњи рости адабиётро зикр мекунанд ва дар замина он асарњоеро, ки дар адабиёти тољик пайдо шудаанд. Номбар ва бурду бохти онњоро мисли донандаи њаќиќии соња тањлил менамоянд:
«Чунин даъво кардан нодуруст мебуд, ки њоло асарњоеро, ки њодисањои манфии њаёти мо ва љорикунандагони хурофотњои кўњнаро фош мекунанд, надошта бошем.Аз љумла як ќатор асарњои драматургия, масалан, пйесаи Миршакар «Шањри ман», пйесењои якпардагии вай - «Хатои Бобо Сафар» ва «Тўњматшоев», пйесаи Боќї Рањимзода ва Дењотї - «Таърифхољаев», пйесаи Боќї Рањимзода ва Рабиев «Дар сояи шипанг» ва дигарњо ба њамин мавзўњо бахшида шудаанд.
Њамаи ин асарњо, ба вуљуди мукаммал набудани худ, шавќу мароќи калони хонандагон ва нависандагонро љалб карданд. Ман махсусан дар бораи пйесаи «Таърифхољаев» гап задан мехоњам. Дар ин пйеса шитобкорї њис карда мешавад. Образњои ќањрамонон пурра кушода нашудаанд. Вале азбаски ин пйеса ба масъалаи њаёту мамоти сохти колхозї дахл карда, одамони аќибмонда ва бегонаро фош мекунад, дар бисёр театрњо ва театрњои коллективи њаваскорони бадеї намоиш дода шуд, тамошобинон онро бо мароќи зиёд тамошо карданд ва номи Таърифхољаев њамчун ифодакунандаи раисони бади колхозњо исми ом шуда монд.»
Ќобили тазаккур аст, ки Бобољон Ѓафуров бо ин ифодааш на њамчун арбоби сиёсї, пеш аз њама њамчун адабиётдон таборуз мекунад. Ќаблан зикр шуда буд, ки ў дар Анљумани ЊК Иттињоди Шўравї чи гуна аз номњои омшудаи ќањрамонњои Гогол истифода бурда буд. Дар адабиёти навини тољик образњои Ќорї-Исмат ва Одина вирди забон буданд ва акнун вай дар адабиёти миёнаи асри бист ба ин образ ишора мекард. Ин нишони донишмандиааш аст, зеро равияи љањонї моро ба он мўътаќид месозад, ки адибон бо чунин образњо шинохта ва халќ бо образњои омшудааш муаррифї мешавад.
Бо њамин гуна серталабї Бобољон Ѓафуров ќисмати чањоруми нутќашро ба масъалаи «Нисбат ба нависандагон серталаб бошем, танкид ва худтанќидкуниро вусъат дињем», мебахшад. Вай серталаб буданро асоси пешрафти кор дониста, таассуф мехўрад, ки «њатто нависандагони калони мо њам ваќтњои охир нисбат ба эљодиёти худ серталаб нестанд. Чунончи дар ваќти худ ба Рањим Љалил дар бобати романи «Пўлод ва Гулрў», инчунин ба Љалол Икромї дар бобати романи ў «Шодї» бисёр фикрњои танќидї баён карда шуда буданд. Шубњае нест, ки ин асарњо асарњои хуб мебошанд, вале дар онњо љойњои чаламонда, образњо ва тасвирњои нобоб ба дараљае бисёранд, ки дар болои ин асарњо боз њам устуворона кор кардан лозим буд. Аммо рафиќон Љалол Икромї ва Рањим Чалил садои танќид ва орзўњои хонандагонро ба назари эътибор нагирифтанд.» Бобољон Ѓафуров дар бораи чанд адиби дигар хеле љиддї мегўяд: «Ман фикр мекунам, ки съезд њак дорад аз Дењотї, Ниёзї, Рањимї барин нависандагон пурсад: онњо дар давоми панљ соли охир ба халќ чї доданд!»
Дар маърўза талабњои љиддї барои инкишофи танќид, натанњо асарњои њаљвї танќидї, балки њамчунон танќиди адабї пешнињод мешавад, барои њамин њам дар охир ќисмати директивї хеде мустањкам мешавад:
«Бюрои КМ ПК Тољикистон ба ман супурд ба нависандагони коммунист бо чунин даъват мурољиат намоям, ки онњо худро дар адабиёт амалан муборизони пешќадами роњи партия нишон дињанд, бо роњи тарбия ва боваркунонидан ба он муваффаќ шаванд, ки њамаи нависандагон дар сохтмони коммунистї дар тарбияи маънавї-сиёсии бинокорони коммунизм, дар кори бартараф кардани боќимондаи хурофотњои капитализм дар шуури одамон фаъолона иштирок кунанд.» Дар ин замина ў дар назди Иттифоќи нависандагони Тољикистон вазифа мегузорад, ки :
1. Асарњои хом, чала ва халтуравї набояд умуман дар матбуоти мо пайдо шаванд. Вале агар ин гуна асарњо пайдо шаванд, бояд бе њељ рўихотир онњо беамон танќид карда шаванд;
2. Мо ба чунин танќиде, ки ба нависанда ёрї нарасонида, балки вайро тамоман мањкум мекунад, муќобилем. Мо ба чунин таќризњое, ки асаррро ба таври амалї тањлил накарда, онро торумор менамояд, муќобилем;
3. Барои мо танќиди принсипиалии хайрхоњона, ба таври рафиќона фањмонда додани хатоњо зарур аст, зеро бе ингуна танќид адабиёти тољик сабзида ва тараќќї карда наметавонад;
4. Бисёр мунаќќидони адабї ва адабиётшиносони мо одамони бељуръатанд. Фаќат ба њамин љуръат карда метавонанд, ки эчодиёти нависандагони асри ХУ-ро тањлил кунанд ва њатто баъзе аз онњо њељ љурат намекунанд, ки њатто ба дараљаи тањлил кардани нависандагони асри то Х1Х бирасанд. Баъзе мунаќќидон ва адабиётшиносони моро бо зўрї маљбур кардан лозим меояд, ки ба масъалаи адабиёти муосир машѓул шаванд.
6. Таърихи адабиёти пешазреволюсиониро омўхтан лозим аст. Вале дар айни замон муќаррар кардани рафт ва ќонунияти инкишофи адабиёти советии тољик, муайян намудани ќимати нависандагони њозира барои мо хеле муњим аст. Кори институти забон ва адабиёти Академияи фанњои РСС Тољикистон бояд ќатъиян дигаргун сохта шавад, то ки вай ба омўхтани таърих ва проблемахои асосии адабиёти советии тољик бештар машѓул шавад.
7. Вазифаи ташкилоти партиявии мо ба Иттифоќи нависандагон њамаљониба мадад расонидан аст. Дар ин сурат фаъолияти тарбиявї ва ташкилотчигии Иттифоќи нависандагон боз њам мукаммалтар ва муассиртар мешавад.
Ин маърўзаи Бобољон Ѓафуров двр њаќиќат як маќолаи пурљозибаи публисистї мебошад. Хислати публисистии он пеш аз њама дар интихоб ва тањлили факт, дар хислати актуалї ва имрўзии воќеахои тањлилшаванда, дар мундариља ва бањо додан ба асарњо аст. Дар ин асар унсурњои маќола, таќриз дар омехтагї меоянд, дар он хислати тањќиќи таърих ва директива бо њам омехта мешаванд. Зеро муаллиф аввалан њамчун сардори давлат њарф мезанад ва њаракат мекунад, ки шунаванда роњбар будани гўяндаро дарк кунад, сониян вай худро аз эљодкорон дур намегирад, чунки худашро њамкасб ва њаммароми њозирин медонад. Нињоят тахлили вай аз хислати директивї дида, бештар хусусияти эљодї касб кардааст.
Дар замина бояд гуфт, ки хислати хоси забони Бобољон Ѓафуров дар он аст, ки вай образнок аст, аз ифодањои халќ кор мегирад ва сохти суханаш ба забони адабии гуфтугўї мувофиќ меояд. Аммо дар каломи ў, махсусан њангоми истифодаи истиллоњот ифодањои шевагї низ истифода мешаванд.
4. Публисистикаи баъди соли 1957 ў аз рўи хислат ба чанд љињат таќсим мешавад: хислати аввалаш гуногунжанрист. Маќолањояш њам равияи назариявї, хам публисистии соф, хам тањќиќотї монанд, ки дар онњо маводи таърихиву адабиётшиносона дар якљоягї меоянд, доштанд, сафарномањояш хислатњои ба ин навъи очерк хосро доро буданд, таќризњояш намунаи жанри публиситиро намояндагї карда метавонистанд ва онњо бештар хислати таблиѓоти илмиро касб мекарданд. Дар ин давра дар эљодиёти ў асарњои адабие ба вуљуд омаданд, ки аслан байни публисистика ва адабиёт ќарор мегиранд. Масалан ќиссаи саргузаштии «Мањмуд» давраи наврасии худи ў, њамсолонаш ва њамдењагонашро дарбар мегирад. Дар он муќоисаи солњову замонњо ва хислату рафторњо хеле равшан ва оњанги публисиcтї хеле гўё мебошад. Ин асари бадеї аз сиёсат холї нест.
Яке аз маќолањои публисистии дар ин давр навиштаи ў, ки зоњиран равияи публисистикаи сиёсиашро нишон дода метавонад, «Хуршеди олам» ном дорад. Ин маќола дар бораи В. И. Ленин аст ва дар бораи Шарќ аст. Шарќї будани ин маќола маро итминон медињад, ки фањм ва маќсади се шахсияти бузурги асри ХХ тољик устодон Садриддин Айнї, Бобољон Ѓафуров ва Мирзо Турсунзода дар муносибати Шарќу Ѓарб дар як мавќеъ ќарор доштанд, аз як мавќеъ сухан мегуфтанд, ки ин мавќеъ ба њамаи халќњои зањматкаш азизу мўътабар аст ва номи ин мавќеъро бо ибораи «Ѓамхори Шарќ» ва ё калимаи «Шарќпараст» ифода кардан мумкин мебуд. Месазад, ки дар таърихи замони Шўравї номи ин се намояндаи адабиёт илм ва сиёсати тољик дар сархати муњофизон ва мубаллиѓони Шарќ, натанњо Шарќи исломї, дар саросари идеологияи кули кишвар гузошта шавад.Мафњуми зањматкашони Шарќ мафњуми синфї не, балки мафњуми сиёсї гардида буд ва вай тамоми Шарќро ифода мекард, зеро Шарќ мењнаткаш буду Ѓарб истисморгар. Инро аз чунин суханони Бобољон Ѓафуров ба хубї пайдо карда мешавад:
«Замоне, ки субњи асри бистум нав медамид, сайёраи мо фољиаи сахтеро аз сар мегузаронд. Ба воситаи Љабалутториќ ва Босфор, сањрои Сибир ва ќаторкўњњои Њимолай хати сиёњи сарњаде мегузашт, ки инсониятро ба ду ќисми нобаробар ба халќњои ѓалом ва халќњои њукмрон људо мекард. Халќњои Њиндустон ва Сейлон, Индонезия ва Хитой, Нигерия ва Миср, Марокаш ва Судонро истибдоди метрополияњо бўѓї мекард. Шоири маддоњи љангњои мустамликахоњї Редярд Киплинг дар сурудњои худ «Инсони сафедрўст»-ро, ки љангалзорњои сарзамини Африка ва Осиёро забт мекунад, васф мекард. Номњои љаллодони халќњои Шарќ - генералњои мустамликахоњ ва банкирњои чашмгурсна шўњратманд гашта буданд.
Мамлакатњои бузурге, ки мустамликаи капитал гашта буданд, гўё абадулабад аз сањифаи таърих хат зада шуда ва он таъсири пурзўреро, ки як ваќтњо дар тамаддуни инсоният доштанд, гум карда буданд. Халќњои Шарќ, ки достони «Ромаяна», ва наќшу нигори Эллора, ањромњои азими Миср ва маъбадњои Бирма, назми Њофиз ва Хайём, Ло Бо ва Ду Фу, асарњои тиббии Ибни Сино ва кашфиёти мунаљљим Улуѓбекро офаридаанд гўё ба ѓуломони њалќабаргўше мубаддал шуда буданд, ки мењнати онњо банкњои Лондон ва Петербург, Париж ва Брюсел, Мадрид ва Нйю-Йоркро бо зари сурх пур мекард.»
Воќеан чунин буд халќњои фарњангофарида ѓуломони бегонагон шуда буданд. Њатто кишварњое чун Чин ва Њиндустон, ки ањолии алоњидаи њар кадомаш аз маљмўи ањолии мамлакатњои истисморгар - кулли Европа маротибањо зиёдтар буд, дар асорат мањв мешуданд. Европоињо сол ба сол бо моли ба яѓмобурдаашон бойтар ва тавонотар, љангитар ва маданитар мешуданд ва мамлакатњои ѓоратшуда ва ѓоратшавандаи Шарќ сол ба сол ќашшоќтар, нотавонтар, маѓлубтар ва вањшимонандтар мешуданд. Гўё ин амри таърих буд ва гўё аз ин шароити фољиабор илољ ва имкони баромадан вуљуд надошт ва мутаассифона халќи Шарќ аз доро то нодор ба ин сарнавишт унс мегирифт. Аммо онњоро аз хоб бедор ва аз ин ночорї рањо кардан зарур буд. Бобољон Гафуров озодии мардуми Шарќро дар идеяњои Ленин мебинанд:
«Ана дар њамин замони дањшатангез аз Россияи подшоњї, ки он ваќт «зиндони халќњо» буд, ба тамоми олам овози пурзўр ва возењи доњии революсияи сосиалистї - Владимир Илич Ленин баланд шуд. Ѓояњои Ленин ба тамоми ќитъањои рўи замин пањн гашта ва дар дили одамон сахт љой гирифта, ба ояндаашон умед ва дар муборизашон илњом мебахшид.
Дар он рўзњое, ки мустамликадорон тантана мекарданд, Ленин тезисњои худро дар бораи њалокати мустамликадорї ба таври илмї исбот карда буд. Дар њамин асос Ленин ба назарияи «сукут» ва «таназзули њатмї»-и Шарќ назарияи худро муќобил гузошта, дар «тавозўни» он нисбат ба империализм ѓазаб ва нафрат, дар «беошўбї»-и он - ба вуќўоии он тўфони оташин, дар «бепарвоияш» - кори нињонї, вале бузурги ќуввањои эљодиро медид.»
Бобољон Ѓафуров барои исботи муносибати Ленин ба Шарќ чунин мисолњоро мушуморад:
1. Феврали соли 1920 ў ба саволи мухбири рўзномаи америкоии «Нйю - Йорк ивнинг љорнал» љавоб дода, аз љумла мегўяд : « Он чизе, ки нисбат ба Европа гуфтем, ба Осиё њам дахл дорад: мо бо халќњо, бо коргарон ва дењќонони њамаи мамлакатњое, ки ба њаёти нав ќадам монда истодаанд, осоишта зиндагї кардан мехоњем».
2. Принсипи Ленинии озодї ва истиќлолияти халќњои Шарќ дар «Деклоратсияи њуќуќи халќњои Россия», дар Мурољиатномаи совети Комиссарони халќ «Ба њамаи мењнаткашони мусулмони Россия ва Шарќ» ва дар нахустин Шартномањои баробарњуќуќ дар таърихи халќњои Шарќ – шартномањои СССР бо Афѓонистон, Эрон ва Туркия ифода меёбад.
3. Ба њар халќ бояд озодии пурраи сиёсї ва њуќуќи худмуайянкунї дода шавад.
Бобољон Ѓафуров дар ин маќолаашон, ки равияи таблиѓотї дорад, таъкид мекунад ва мисол меорад, ки чунин андеша ва муносибати давлати Шўравї ба мамлакатњои Шарќ, ки аз он андешаи ў маншаъ мегирифт, дили халќњои Шарќро ба худ љалб мекард. Инро дар чунин мисолњо мебинем:
-Љавоњирлол Нењру дар китоби худ «Кашфи Њиндустон» дар бораи Ленин менависад: миллионњо одамон ўро наљотдињандаи худ ва бузургтарин одами замона мешуморанд.
-Албаётї, шоири Ироќ мегўяд: «Овози Ленин мисли садои нањри кўњї тоза ва буррост. Ў оламро мисли офтоб мунаввар мекунад.»
Дар маќола чунин аќидањо бо ифтихор ба андешањое муќобил гузошта мешаванд, ки бар муќобили истисморгарон гуфта шудаанд. Дутои онро аз маќола айнан наќл мекунам:
«Мардуми Шарќ одатан дар њангоми сўњбат бештар ваќт образњои афсонањои ќадими худро ба ёд меоранд. Ман дар хотир дорам, ки соли 1930, дар мурофиаи сиёсии машњури Бандунг яке аз судшавандагон инженери љавон Сукарно, ки њоло Президенти Индонезия мебошад, мустамликадорони асри ХХ-ро ба олињаи њариси замони Махакала, ки њама чизро мехўрду хуни одамиро мемакид, шабоњат дода буд.» Воќеан мавќеаш аст, зикр кунем, ки дар ин бора Бобољон Ѓафуров маќолаи махсусе чоп карда буд.
Дигар. «Ба ёди ман сухани пешвои Гвинеяи озод Секу Тура мерасад, ки ба муносибати аз тарафи њукумати Франсия дар ватани ў зўран ќабул кунонидани лоињаи Конститутсия гуфта буд. Секу Тура дар нутќи аљоиби худ дар конференсияи партияи демократии Гвинея соли 1958 чунин изњор кардааст: «То ин дам мо «Оре, хўљаин!, Бале, Хўљаин !» мегуфтем. Лекин акнун «Не. Хўљаин!» мегўем».
Ин маќолаи Бобољон Ѓафуров, ки дар «Садои Шарќ» соли 1960 чоп шудааст, албатта, барои замони худ мавзўяш ом аст. Аммо ин маќолаи академик аст, бо бурњонњояш бо устуворї ва пайдарпаии аќидањояш, бо мисолњояш ва ин аќида ва маќолаи шахсияти бузург ва фаъоли сиёсии замон аст, бо ашхосе, ки ёд кардааст, иќтибос овардааст. Маќола аст, аммо бо образњои шоирона, ки онро зебо ва хоно кардаанд. Дар њоли хондан ва тањлили ин маќола бори дигар ба он мўътаќид шудам, ки тамоми умр устод ба аќидаи марксистї устувор будааст ва ў боварї дошт, ки њамин назария халќи тољикро ба озодї расонд, маданияти ќадимаашро баргардонд ва бисёр халќњои Шарќро ба истиќлол расонд. Воќеан, агар пирўзии аќидаи марксистї намешуд, оё сарнавишти давлатњои мустамлика, давлатњои маданияти ќадима чї гуна мешуд? Мисли аборегенњои ИМА ва Сибири Россия? Оё њамин мустамдикадорї набуд, ки ќабилањои арабро ба давлатњои гуногуни таќрибан душману њарифи якдигар табдил дод? Фикри дар маќола њимояшуда касро ба чунин андешањо мебарад.
На танњо дар маќолањо, балки дар навиштањои марбут ба жанрњои дигар, аз љумла дар очеркњои сафарии ў низ мавзўи маданияти Шарќ, мавзуи озодии Шарќ мавеи муњим дорад. Ин нуктаро муњаќќиќи тољик Ш. Саидљаъфаров дар китоби дастаљамъии «Академик Бобољон Ѓафуров ва тањќиќи таърих ва тамаддуни мардумони Осиёи Марказї» чунин ќайд кардааст:
«Бобољон Ѓафуров ба маънои томи ин сухан аз эљодкорони нав буд, ки мањз дар шароити сосиализм ташаккул ёфта, дар навиштањои худ љињатњои пурќувват, пасту баландињои умуман љомеаи љањонї ва алалхусус, љомеаи замони худро инъикос намудааст. Сањмгирии вай дар таќвияти њаќиќати бадеї, рўњшиносии инсон, ѓиновати шаклї ва жанрии сафарнома сазовори он аст, ки ўро ба сифати нависандаи ќолабшикане-тозанигор ва ибтидокори як тамоюли услубї - услуби реализми психологии серсадо, ки ба интиќоди созанда ва публисистикаи тезутунд омехта, гўшзад кардан мумкин аст, тавсиф кунем». (сањ.11).
Тамоми сафарномањои Бобољон аз воќеияти мўњимтарини замонаш ва дигаргунињои аќлношунид, вале ќонунии њаёт, тарзи зисту зиндагї, урфу одат одоб, мењнату маишат, диди сиёсї ва муборизоти сиёсии халќњо бар меояд.
Устод барои он ки ин мавзўро дар мисолњои амиќ гуфта ва бовар кунонида тавонад, онро аввал пурра ва њамтарафа меомўхт, бо гузаштаи таърихї ва њаќиќати илмї муќоиса мекард, вакте бовариаш ќавї шуд, сонї менавишт. Масалан очерки «Дар сарзамини мењмоннавози Тунис» пас аз сафари дуввум ба ин мамлакат навишта шудааст. Ин очерк бештар ба масоили авзои сиёсї дахл мекунад. Дигаргунињои сиёсї ва иљтимоии ин кишвар, ки нав рў ба озодї овардааст, хеле моњирона тасвир мешаванд. Аслан њамин чиз маќсади навишта шудани очеркро ташкид медињад. Мавзўъ забони асаррро низ муайян мекунад, азбаски хислати мавзўъ сиёсї аст, забонаш њам хело сода ва дар айни замон аз бадеият озод аст. Мафњумњое кор гирифта шудаанд,ки фањми мавзўро осон мекунанд. Муаллиф дар заминаи дигургунињои ин кишвар, ки дар давраи байни ду сафараш ба амал омадаанд, дар асоси бардоштояш аз сўњбатњо бо Президенти кишвар ва вазирон, дар асоси дарки он ки мардуми сарзамин баъди истиклолияташон аз мустамликаи аврупоиён ба чи пешравињои маънавї ва иќтисодї муяссар гардидаанд, дар бораи ин кишвари дорои «таърихи њазорсолањо», оид ба ин мамлакати зебо сухан мегўяд. Албатта, очерк аз мавќеи сиёсии Бобољон Ѓафуров - фиристодаи мамлакати сосиалистї, сарпарасти њаракати сулњи шўравї вокеањоро мефањмонад ва арзёбї мекунад. Зерсарлавњањои очерк - «Мо ба сўи пирўзї меравем», «Тунисињо ташаббусњои сулњхоњонаи шўравиро пуштибонї мекунанд», «Бигузор дўстии мо гул-гул шукуфад» худ далели онанд, ки мавзўъ чї гуна ва ба чї тариќ баррасї мешавад.
Очерки мазкур симои сиёсии муаллифро аз он нигоњ бозгўї мекунад, ки вай инсондўст, озодихоњ, Шарќпарвар ва њаќиќатнигор аст. Ў аз пояе сухан мегўяд, ки бузургии кишвараш, тантанаи миллаташ ва ифтихори миллиашро бозгў менамояд. Чунин мавќеи нигоранда барои бовар кунондани хонандааш, барои вазндор шудани суханаш имконият медињад.
Дар очеркњои сафарї њам, сарфи назар аз риояи талаботи ин жанр, яъне навиштан дар бораи он чи дар њангоми сафар дида ва шинохта шуд ва њар чизи дидаро дар чорчўби баёни пулисистию бадеї ифода кардан, Бобољон Ѓафуров њамеша ба шахсияти эљодии худ - олими сиёсатмадор, олими Шарќшинос. њомии системаи сотсиалистї, мубаллиѓи сулњ ва дўстї пойдор мемонад. Ў наметавонад. фикри худро нагўяд, ў наметавонад таърихро варак назанад, ў наметавонад хондаашро бо дидааш муќоиса накунад. Ин сифати шахсии касбии вай навиштањояшро муассир ва суханонашро бовардињанда ва њаќиќаташро пойдор мекунад. Барои фањми бештари ин мавзўъ очерки «Дар љазирањои Филиппин»-ро мулоњиза мекунем.
Очерк жанри публисистї аст. Публисистикаи очерки зикргардида дар он зоњир мешавад, ки вай дар бораи воќеањое навишта шудааст, ки муаллиф дидааст, яъне ин бардоштест аз сафари Филиппин, пеш аз њама аз дидањо дар Манила, пойтахти ин мамлакат. Ин публисистика аст, зеро нигоранда хонандаро бовар кунонидан мехохад, ки солњо ва ќарнњо яѓмогарони Ѓарб дар мисоли Португалия ва ИМА ин мамлакатро истисмор карданд, боигариашро ба яѓмо бурданд ва халкашро чун ѓулом кор фармуданд. Ин публисистика аст, зеро муаллиф дар заминаи дида ва дарки худ ба хонанда таъсир расондан мехоњад, то вай ба њаракат ояд, мубориза кунад, агар хонандаи филиппинист донад, ки роњи наљот танњо дар худшиносист ва агар ин хонандаи шўравист, эњсос кунад, ки бо ин кишвару ин халќ дўстї ва њамкорї бояд кард. Дар ин замина мо мефањмем, ки «Таърихи Филиппин аз замоне, ки ин архипелагро конкистадорони (истилогарон) европої «кашф» карданд, солномаи муборизаи фанонашаванда барои истиќлолияти миллї мебошад. Ба назар мерасад, ки осмони Филиппин бо хуни њазорњо-њазор писару духтаронаш, ки дар майдони муњорибањо бо яѓмогарони бадхашм ва берањм ќурбон шудаанд, рангин гардидааст.
Бо нияти дар бардагї нигох доштани мардуми Филиппин мустамликадорон кўшиданд, њатто хотираи маданияти кадимаашонро аз ёдашон бубуранд. Аммо агар ба монархњои испанї муяссар шуда бошад, ки тамоми ёдгорињои хаттии адабї ва таърихиро сўзонанд, аммо ба њар њол натавонистанд халќро рўњан шикананд, ин аз ќудрати онњо берун буд.»
Дар мавќеи дигар публисист дар бораи боигарињои табиї, имкониятњои моддиву маданї, шароити ќулайи географии кишвар сухан ронда, њайрон мешавад: «Пас дар ин холат сабаб чист, ки сатњи зиндагии мардум дар ин кишвари бой ќариб пасттарин дар байни тамоми кишварњои олам аст? Чаро даромади солона ба њар сари ањолї дар Филиппин дањњо маротиба пасттар аз Вилоятњои Муттањидаи Амрико - соњиби собиќи ин кишвар аст?
«Мустамликадорї!» - филиппинињо ба савол њамин тавр содаву фањмо љавоб медињанд. То имрўз њам дар кишвар корчалонњои Амрикої хољагидорї мекунанд».
Барои пуркувват кардани фикри худ муаллиф мисоли дигаре меорад: ба наздикї сардори штаби Армияи Филиппин Мануэл Кобал гуфтааст, ки мушовирони њарбии амрикої «хунхоранд» ва талаб кардааст, ки бо авваллин киштї онњо ба кишварашон баргардонда шаванд.
Чунин рўњия – истисмор шудан, горат гардидан, бенавої ва бењуќуќии халќи Филиппин саросари очеркро ифода мекунад ва пафоси публисистии асар низ аз он вобаста аст.
Очерк натанњо жанри публисистї, балки њамчунон жанри адабї њам аст. Яъне ин ду унсур дар якљоягї ин жанрро мустаќил мекунанд. Бадеияти очерк сохта не, балки тасвиру баёни вокеият, мањдуд дар воќеият аст. Сухани зебо пуркунандаи асосии публисистии очерк аст. Аз ин њунар Бобољон Ѓафуров хеле моњирона, шоирона истифода мебаранд. Барои фањми ин дар тањрири худи муаллиф дар забони асл чанд мисол меорам то дида шавад, ки чї гуна тасвир, чї хел ташбењ ва чи љумлањои зебо доранд:
«К востоку от островов Самар и Минданао узенький, слегка изогнутой лентой тянется знаменитая Филиппинская впадина - самая глубоководная в Тихом океане. Любовь тагалобов, висайя, илокан и других народностей Филиппин к своей родине так же глубока, как и бездонная морская пучина этой впадины.»
Љои дигар мехонем «Великий сын Филиппинского народа поэт Хосе Рисал подарил своему отечеству романтическое название «Жемчужина южных морей». Трудно подобрать слова, которые лучше передовали бы пленительный облик природы архипелага Филиппин.»
Дар очерки мазкур чунин тасвири нихоят зеборо низ мебинем «По вечерам, когда огромный шар солнечного диска уходит за горизонт, багровые отблески отражаются на гребне могучих океанских валов, открашивают в пурпур курчавые вершины пальм и буйную темно-зеленную листву тропиков».
Бобољон Ѓафуров дар ин очерк чунин суханпардозињо низ доранд: «Так пробил двенадцатый час жестоких и алчных чужоземцев на филиппинской земле… Недра Филиппин - сказочная кладовая, в которой можно найти золото, серебро, медь, хром, марганец, железо, сырьё для атомной промыщленности - уран». Ин гуна тасвиру мафњумњо, иборањо гувоњї медињанд, ки академик Ѓафуров илњом ва баёни шоирона дошт, онро дар њарду забон - модариаш - тољикї ва кориаш - русї устодана истифода мебурд. Ин ифодањои ёдшударо на њар нависандаи рус кор фармуда метавонад, зеро онњо моњиятан тољикона ва шоиронаанд, кайфияту лаззати тољикона доранд ва танњо ба забони русї ифода шудаанду бас.
Бадеияти ин очерк натанњо ба тасвиру каломи зебо, балки њамчунин ба як силсила портретњои шахсиятњо, ки тавасути онњо муаллиф вуљуди Филиппинро ошкор намуда, њаќиќати онро мешиносонад, низ устувор аст.
Дар ин очерк низ Бобољон Ѓафуров ба њаќиќати худ устувор аст - ќисми зиёди очерк дар бораи фарњанг- анъанањои миллї, адабиёт ва санъат, илм ва одатхо бахшида шудааст Нависанда ба ин васила рўњияи миллиро бењтар кушода ва муборизаи миллиро накўтар нишон дода метавонад.
Очеркњои сафарии Бобољон Ѓафуров симои алломаро ба хайси эљодкори мумтоз, доно, равонкилк ва њаќиќатбин бењтар нишон дода метавонанд.
Сиёсат хати мањаки њамаи навиштањои публисистии ўст, зеро устод амалан тамоми умр ба сиёсат машѓул будааст. Масалан, дар ду сафарнома - «Дар сарзамини мењмоннавози Тунис» (1959) ва «Дар љазирањои Филиппин» (1960) муаллиф њамчун шахсияти сиёсие таборуз мекунад, ки ба њаёти мардуми ин кишварњо аз баландињои сиёсї ва иљтимоии мамлакати худ менигарад, зиндагї, фарњанг ва иљтимоиёти онњоро ѓамхорона тањлил мекунад Барои вай мамлакатњои Шарќ њамчун љузъи басо мўњими сарнавишти худаш азизу муќаддас аст. Масалан, ёдгорињои таърихии Тунис њамчун љузъи фарњанги исломиаш, зиндагиву рўзгор ва маишати он рўз, њамчун мавзуи ошнову ба андешабаранда инъикос меёбад.
Маќолањои «К прошломе нет возврата» ( «Правда», 1959), «Солнце над планетой» («Комсомольская правда», 1960), «Освободительное движение и интернационал» («Культура и жизнь», 1964) дар хусуси бедоршавии Шарќи мазлум, ќавишавии њаракати озодихоњии халќњои Шарќ, пурќувватшавии дунёи сеюм навишта шудаанд. Ин маќолањо натанњо фикри як олим, ё як сиёсатмадори одианд, балки онњо мањсули дида ва тањлили як сиёсатмадоре мебошанд, ки зодаи Шарќ аст, сарнавишти Шарќ барояш азиз аст, муборизи роњи озодии мардуми Шарќ - яке аз пешоњангони чунин мубориза мебошад. Сухани навишта ва гуфтааш дар ин бобат бетаъсир нест. Ин овоз барои сулњу дўстї ва алайњи љанг аст. Ва њатто номи яке аз маќолањош «Шабањи дањшатангези љангро биронем» њамчун шиор, њамчун даъват барои њамдилї садо медињад
Сухани сиёсии публисист Бобољон Гаферов танњо ањамияти тољикона не, танњо ќурби муњити шўравї не, балки эътибори азими байналмилалї доранд,онро мешунаванд ва ба эътибор мегиранд. Барои њамин њам вай дар мўътабартарин нашрияњои сиёсї ва назариявии шўравї маќолањое чоп мекунад,ки онро нашрияњои кишварњои хориљї низ гирифта, тарљума карда ба нашр мерасонанд. Яке аз чунин маќолањои устод маќолаи «Мир, независимость, социализм» мебошад, ки моњи ноябри соли 1963 чоп шудааст ва он масъалањои назариявии ин мавзуро бо дониши мустањками илмию назариявии соња ва бо истифода аз таљрибаи зиндагї баён менамояд. Хонандаи чунин маќолањо њама нестанд, аммо онњо дар доираи ањолии як кишвар ва ё як миллат (халќ) мањдуд намемонанд. Онњо хонандагони баландмаориф ва амалкунанда доранд, мавзўъ ва пешнињодњои ин гуна маќолањоро танњо олимон ва сиёсатмадорони људогона не, муассисањои илмию сиёсї меомўзанд. Худи он ки «Ѓафуров чунин аќида дорад» барои ин гурўњи хонандагон ва муњаќќиќон чи арзишеро ќоил аст. Мо ифтихори онро дорем, ки сиёсат, илм ва публисистикаи тољик чунин шахсиятро дошт. Ин одам, ки олами сиёсиву илмии дунё суханашро мешунид, тавонист, ки бо он доира халќашро ба симои љозибу диданї муаррифї намояд.
Ба тањлили маќолањои байналхалќї мавзўи Осиёи Миёна низ кашида мешавад. Масалан, маќолањое, ки ба номи «Средняя Азия, год 1967» дар маљаллаи «Наука и жизнь» чоп шудааст, зимни тањлили воќеањои оддии пешрафтњо дар зарфи 1 сол, таърихи пурифтихори миллат ва кишвар, таззодњо ва намунањои он тањлил мешавад.
Сифату кайфияти маќолањои илмию публитсистии ў «Фирдавсї - слава и гордость мировой культуры» (Москва, 1972), «Амир Хусрав Дехлави и его поэма «Восемь райских садов» («Художественная литература», М., 1957), ва «Великий поет Востока Мухамад Икбол» («Век ХХ и мир». 1977, №11) нињоят баланд аст. Дар онњо Бобољон Ѓафуров танњо муњаќќиќ нест. Ба тањќиќи хаёту рўзгор ва осори ин шахсиятњо дар љањон олимони зиёде машѓуланд. Вале дар маќолањои зикргардида Бобољон Ѓафуров пеш аз њама њамчун мубаллиѓ ва муарификунандаи онњо таборуз мекунад. Ў олим, нависанда ва публисисте аст, ки суханаш вазн дорад, ба гуфтањои ў бовар мекунанд ва њидоят мешаванд. Ў ба Фирдавсї, ба ин адиби љањонином њамчун ба фарзанди миллати худ - тољик менигарад ва мешиносонад, ў Амир Хусравро њамчун як тан аз намояндагони адабиёти оламшумули тољик муаррифї мекунад ва неруи муборизии Иќболро, ки Шарќи хобидаро бедор мекард, васф мекунад. Барои мисол маќолаи ў дар бораи Муњаммад Иќболро мегирем. Ин маќола њаљман хурд аст, аммо дар он масъалањои умдае тарњ мешаванд. Ў бузургии Иќболро дар чунин ќиёс иброз медорад, ки «њамзамон бо Тагор - шахсияти бузургтарини таърихи адабиёти Шарќи нимаи аввали асри ХХ эљодиёти Иќбол низ барои мардуми Њинд, Покистон ва Бангладеш ифтихори муштарак мебошад.
Дар замони мубориза барои истиќлолияти Њиндустон ашъори Иќбол дар воќеият ба сурудњои халќї мубаддал шуданд, зеро онњо њовии кўшишњои воќеї ва омолу орзуи миллат буданд».Воќеан бояд бузургии андешаи устодро дар маврид бо ин њам таъкид кардан имкон дорад,ки дар талошњои сиёсии Тољикистони аввали солњои навадуми ќарни бист њам ашъори Иќбол шеър ва суруди майдоннишинон буд.
Дар маќола њамчунон зикр мешавад, ки Иќбол чун мутафаккир ва шоир рўњияи инќилобии андешањои аврупоиро самимона ќадр мекард ва дар эљодиёташ борњо бо эњтиром аз Гете, Петефи, Эйнштейн, Толстой, Гегел, Маркс ва Ленин ёд кардааст. Ў гаштаю баргашта дар он бора менавист, ки дар аќидаи инсондўстии Шарќу Ѓарб монеаи бартарафнашаванда мављуд нест. Ва ба андешаи Бобољон Ѓафуров, «ин аќидаи маорифпарваронаи Иќбол ба тамоми љараёни инкишофи адабиёти урду таъсири амиќ дошт.»
Муаллифи маќола ба афкори башардўстона ин адиби мумтоз, ба хислати олии инсониаш, ки дар ашъораш низ таљассум ёфтаанд, боварии ќавї дошт,ки менависад: «Иќбол борњо мансубияти худро ба ислом, мењри худро ба зодгоњаш - Панљоб, ки ќисми зиёди умрашро дар он љо ба сар бурдааст, таъкид кардааст, борњо решаи њиндуї доштани аљдодашро зикр кардааст. Аммо барои ў њамеша вањдати азалии инсоният аз тафовутњое, ки ба иллати ирќ, шуѓл ва дин пеш меоянд, бартарї дошт. Иќбол образи инсони мукаммал ва эљодкорреро офарид, ки барои баробарї, адолати иљтимої ва хушбахтии тамоми одамон мубориза мебарад…
Вале њангоме сухан аз иртиљо, зулм ва миллатчигї ва шовинизм меравад, садои ў меларзад. Иќбол миллатчигии буржуазиро чашми дидан надошт ва инсонро болотар аз њар чиз медонист. Ў мегуфт «аввал одам бояд буд ва сонї афѓон ё турк.»
Бобољон Ѓафуров њатман дар маќолањояш аз миллат ва Ватан ёдоварї мекунанд, яъне Иќбол имкон медињад боз як бор тољику Тољикистонро ёд кунанд.
Ваќте доктори фалсафа Иќбол дар соли 1908 аз тањсил дар Аврупо ба Лоњур баргашт, љомеаи Њинд ўро чун умеди адабиёти урду пешвоз гирифт. Дар тўли чанд сол чун шоири дар саросари Њиндустон машњур вай натанњо ин умедро ба таври аъло воќеї кард, балки чун шоири баруманди форсизабон, давомдињандаи анъанањои адибиёти форсизабони Њиндустон, ки ба љањон Амир Хусрав, Файзї, Урфї, Бедил ва Ѓолибро додааст, ба ин анъанаи дар охири ќарни Х1Х хомўшшуда шўњрати гузаштаашро бозгардонд ва ба ин васила доираи аудиторияи худро хеле густариш дод, зеро шеър дар ин забон барои мардуми Ирон, Тољикистон ва Афгонистон фањмост.» Ва муаллифи маќола зикр мекунад, ки «дар Тољикистон назми Иќбол ќисми таркибии мероси мадании хадќи тољик мањсуб мешавад.»
Маќолаи мазкур, дар мавзўе навишта шудааст, ки бояд хислати тањќиќї касб мекард. Аммо Бобољон Ѓафурав онро дар шакле навиштааст, ки шеърро мемонад. Самимї, сода ва гўё. Маќола дар як нафас хонда мешавад, тавре ки шеър. Ин аз ихлоси баланди муаллиф ба шоир ва аз истеъдоди худододи вай гувоњї медињад. Кам аст дар публисистикаи Бобољон Ѓафуров асарњое, ки бо чунин самимияте навишта шуда бошанд. Яке аз сабабњои дигаре њам, ки ўро ба чунин тарзи тањрир во доштааст, шояд он бошад, ки орзуи сарбаландии миллат, вањдати миллї ва рањої аз парокандагї аз орзуњои азалї ва муќаддаси вай будааст. Бузургии ин њарду - муаллиф ва ќањрамон дар як мавзўъ ва маъно омадааст.
љои зикр аст, маќолањои љашнии Бобољон Ѓафуров хислати илмию публисистї доранд, онњо тањќиќоте мебошанд, ки бинобар зарурати имрўза анљом дода шудаанд. Маъмулан гирандаи аввалини онњо аудиторияи зинда аст,яъне онњо рў ба рў гуфта мешаванд. Дар ин њолат исботњо ва иќтибосњои илмї камтар лозим мешаванд. Дар ин њолат сухане лозим аст, ки гўш кунанд, фањманд ва ў ќабул кунанд. Ин тарзи баёни публисистиро таќозо мекунад. Мутаассифона, чунин публисистика то имрўз умуман, аз љумла публисистикаи устод Бобољон Ѓафуров омўхта нашудааст.