Дар тамоми соњањои зиндагї, махсусан маънавиёт, нобиѓањои зиёдеро ба арса овардааст, ки онњо њар кадом бо инсондўстиву миллатпарвариаш наќши арзандае гузоштаанд

Вид материалаДокументы

Содержание


Мухбири коргару дењќон
Не мало знаем мы больших богатырей
Мизраб и Сарахан, прославленный Восэ
Сталин с трудом своим неустанным
Он на ман бошам, ки рўзи љанг бинї пушти ман
«фарзандон, шавњарон, бародарони азиз – љанговарони диловари мо!
Фарзандони мењрубони тољикистони офтобрўя!
Аз њамон нури поки фикри Ленин
Мардписарони халќи тољик!
Он ки мељангид он сон дар замони бандагї
Нахоњам тани зиндаи беному нанг
Љанговари тољик!
Љавонмардњои шердили мо!
Фарзанди тољик натарсад аз кас
Касеро, ки бинмуд дар љанг пушт
Мезанад хасм туро, гар ки ту ўро назанї
Чун љамъ шаванд панљ ангушт
Агар ду бародар нињад пушт-пушт
Љанговарони пањлавони мо!
Намонад ситамгори бадрўзгор
...
Полное содержание
Подобный материал:
  1   2   3   4   5   6   7



ЖУРНАЛИСТИКАИ АКАДЕМИК БОБОЉОН ЃАФУРОВ


МУЌАДДИМА


Миллати тољик дар таърихи дурударози худ дар тамоми соњањои зиндагї, махсусан маънавиёт, нобиѓањои зиёдеро ба арса овардааст, ки онњо њар кадом бо инсондўстиву миллатпарвариаш наќши арзандае гузоштаанд. Аз ин зумра асри ХХ њадди аќал чор танро медонад: аллома Садриддин Айнї, академик Бобољон Ѓафуров ва устодон Абулќосим Лоњутї ва Мирзо Турсунзода. Онњо бо кор ва эљоди худ ба эътибори миллатамон чизе зам карданд, арзишњои миллиамонро густариш доданд ва халќу давлати тољиконро ба курсии эътибор нишонданд.

Академик Бобољон Ѓафуров дар ин зумра бо он фарќ мекард, ки давлатдор бошад њам, ба кори илмї љиддї машѓул мешуд. Ў мактаби таърихнигории нави тољикро ибтидо гузошт, шарќшиносиро аз мањвшавї наљот дод. «Тољикон» олитарин намунаи илми таърих, илми тољикшиносї, илми осиёимиёнашиносї, илми эроншиносї, илми шарќшиносї аст, ки асолати таърихии тољиконро њамчун як миллати равшанравону равшандили фазои мадании инсоният нишон додаст.

Дар конгреси байналмиллалї бахшида ба империяи Кўшонињо, ки бо ибтикори Бобољон Ѓафуров аз 27 сентябр то 5 октябри соли 1967 ЮНЕСКО дар Душанбе доир кард, олими олмонї Манфред Лоренс изњор намуд. «Ман дар табиат ќањраборо дидаам, ки кањро ба худ мекашад,оњанраборо дидаам, ки оњанро ба худ мекашад, вале то ин њол оњанраборо надида будам, ки ба атрофи худ одамонро љалб кунад. Хушнудам, ки имрўз ба ман мушарраф гардидааст, ки дар шахси Бобољон Ѓафурович одамраборо дидам, ки тамоми ховаршиносони љањонро, ќатъи назар аз рўи љањонбиниашон дар атрофи худ муттањид кардааст. (Пулотов А.М Академик Гафуров –гордость нации, факел знания.-Душанбе: Ирфон, 1998, с.32)

Аллома Ѓафуров натанњо сиёсатмадор ва олим, балки њамчунон журналист ва публисист низ будааст. Аввалин тољике буд, ки Университети коммунистии журналистикаро хатм намудааст. Ў аз насли дуввуми роњбарони Тољикистон, аз аввалин насле мебошад, ки дар мактаби шўравї тарбия ёфтаанд. Насли аввали роњбарон - Абдулќодир Муњиддинов, Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Чинор Имомов, Абдулло Рањимбоев, Абдурањим Њољибоев насли инќилобии роњбарони мо, насли мадрасахондаи роњбарони мо, насли бо силоњ ба ќудрат омадагонанд. Дар дўши онњо вазифањои нињоят бузург афтоданд, ки аввалин ва муњимтарини онњо дигар кардани сохти иљтимоиву сиёсї буд. Онњо мардумро бо ѓояњои инќилоби Октябр шинос карданд, онхо акси садои ин инќилобро дар кишвар шунавониданд. Насли дуввуми роњбарон, аввалин насле. ки мактаби шўравї хонда ба воя расиданд, дар айёми наврасии худ муборизањои шадиди сиёсиву синфиро дидаанд, душманиву душмансозиро мушоњида кардаанд. Ин насл хеле зуд ба воя расидааст. Дар дањсолагї кори понздањсолањоро ва дар понздањсолагї кори биступанљсолањоро ба дўш гирифтааст. Замон барои фикру андеша, барои ором ва бафурља ба камол расидан фурсат намедод. Ваќт набуд, кадр набуд.

Бобољон Ѓафуров њам мактаби шўравии гуногунзинаро гўё парида гузашт. Талаба буду котиби љамоа, курси њукуќ мехонду мухбирї мекард, Дорулфунуни коммунистии журналистика мехонду рўзноманигор буд, рўзноманигорї мекарду ба кори њизбї машѓул мешуд, кори њизбї мекарду ба тањќиќи таърихи халќи азиз шуѓл дошт.

Чунин ќиёсу чунин сифатро перомуни вай бисёр овардан мумкин аст ва хамааш воќеияти зиндагии ўро ифода менамояд. Зеро хамеша бо замон баробарї кардан мехост, аз он асло аќибмонданї набуд ва аќиб намонд ва дар андешаву ояндабинї аз замонаш хеле пеш рафт.

Насли Бобољон Ѓафуров барои журналистика ва дар соњаи журналистика асосгузор набуд. Замоне, ки ў таввалуд шуд, дар Осиёи Миёна аллакай матбуот интишор меёфт. Нашрияњои форсие монанди «Њаблулматин» ва «Чењранамо» нашрияњои русие монанди «Самарканд», «Русский Туркестан», нашрияњои тањљоие, мисли «Туљор», «Хуршед», «Тараќќї» чоп мешуданд. Осиёи Миёна рўй ба самти Аврупо оварда буд ва амалан сарнавишташ бо он пайванд пайдо кард. Аљибаш, тасодуфи таърих ин аст, ки њамзамон бо Бобољон Ѓафуров дар Хуљанд аввалин нашрияе ба миён омад, ки он хислати сосиал-демократї дошт ва ба номи «Красное солнышко» њамагї як шумора, дар моњи январи соли 1909 чоп шудааст. Ин аввалин нашрия дар худуди имрўзаи Точикистон аст. Таввалуди матбуот дар Хуљанд њамзамон ба таввалуди аллома буд. Ба њадде, ки Бобољон Ѓафуров камол меёфт, ба њамон њад матбуоти тољикї низ интишор меёфт.

Бобољон Ѓафуров дар аввалин нашрияњои шўравии тољик низ њамкорї накардааст. Дар замони нашри «Шўълаи инќилоб» ва «Ќутулиш» ў навраси дањ-дувоздањсола буд ва дуртар аз Самарќанду Бухоро зиндагї мекард. Аммо ў аз ин матбуот огоњї дошт, мехонд. Мавзўњои онњо њовии масоили Хуљанд низ буданд ва худи мавзўи инкилобї барои мактаббачагони онрўза масъалаи асосї буд. Матбуоти номбурда, махсусан њафтаномаи «Шўълаи инќилоб» дар Хуљанд мусалсал пањн карда мешуд. Маќолањои Сайидризо Ализода ва Садриддин Айнї дар ташаккули шуури сиёсї, фањмиши инќилобї ва љањонбинии миллии љавонони њамнасли ў наќши барозандае доштанд. Махсусан, барои Бобољон Ѓафуров, ки ба сифати љавони доно, фаъол ва ташкилотчї ба воя мерасид, дар фаъолияти созмонњои пешоњангон ва комсомол иштирок мекард, онхо нињоят муњим буданд.

Дар замони наврасии ў як навъи матбуот - љаридањои деворї басе маъмул шуданд. Дар мактабњо, чойхонањои сурх, клубњо ва аввалин китобхонањо моње як - ду шумораи љаридаи деворї пайдо мешуд. Бобољон Ѓафуров натанњо онњоро мехонд, балки кам-кам ба онњо менавишт ва аз соли 1926 сар карда, љаридаи љамоат ва мактаб бо роњбарии ў мебаромад.Дар нимаи дуввуми солњои бистум, вай њамчун љавони фаъол дар мактаб, чойхонаи сурх, љамоат ва ТОЗ-њо барои бесаводон рўзнома мехонд. Воќеан дар солњои бистуми дар љойњои љамъиятї бо овози баланд рўзнома, маљалла, рисолаи сиёсї ва шеъри сиёсї хондан роиљ буд. Ин њунари нави воизї ба њисоб меравад, ки онро аврупоињо таблиѓи агтасионї мегўянд ва мо метавонем ба сифати публисистикаи сиёсї шиносем. Ин омезиши таблиѓи хаттиву шафої буд.

Дар ин солњо дар Хуљанд асосан рўзномаи «Овози тољик» пањн мешуд. Рўзнома, масалан менавишт, ки « ба сабаби он ки 60 фоизи халќи Хуљанд косиб, бофанда, пиллакаш њастанд, ва рўз то рўз молњои фобрик зиёд мешавад, ва молњое, ки бо усули кўњна тайёр мешаванд, ќиммат буда, дар натиља ањволи ин косибњо бад шуда, дар миёни онњо бекорї зиёд шуда истодааст, анљумани дуюми узбак ќарор кардааст, ки ба тезї барои онњо дар Хуљанд як корхонаи абрешим кушода шавад». («Овози тољик», 1927, 11 апрел). Ё дар маќолаи дигаре, 24 августи соли 1927 «Овози тољик» менависад, ки «Корњои округи Хуљанд ба ду забон узбекї ва русї љорї шуда истодааст. Њол он ки коркунони округи Хуљанд тамоман тољик њастанд. Тољик будани ањолии Хуљандро њама медонанд Таклиф шуда буд, ки округи Хуљанд тамоми корњои идораи шўро, љамоати дењќониро ба забони тољикии худаш барад…» Љои дигар рўзнома даъват мекунад: «Эй навомўзгорони сурх! Эй ќањрамонони урдуи дониш! Агар њар кадоме аз Шумо дар арзи њар сол аќќалан 30 ё 40 нафар аз фарзандони мењнаткашонро ба як рўњи инќилобї барои гузаштан ба зиндагии нав тарбия ва тайёр накунед, мард нестед! Ва номи баланди омўзгори сурх ба шумо њаром бод!» («Овози точик», 1927, 21 май)

Чунин буданд, матолиби рўзномањое, ки Бобољон Ѓафуров мехонду таблиѓ мекард. Дар чунин рўњия худаш њам ташаккул меёфт. Матбуоте, ки Бобољони љавонро ба зиндагї тайёр мекард, аз дарди тољик аз њаќиќати тољик ва иродаи тољик сухан мегуфт ва манфиати тољики камбаѓалро мешинохт. Дар њамин матбуот Бобољон Ѓафуров аввалин повести тољикї «Одина», аввалин тањќиќотро аз таърихи амирони манѓитии Бухоро ва сарнавишти таассуфангези халќи тољикро дар Ватани худ, ки њукмронаш аљнабињо шуда буданд,хондааст.

Бояд гуфт, ки љаридаи «Овози тољик» барои тољикони Ўзбекистон дар Самарќанд нашр мешуд ва дар солњои бистум он дар зери тањрири Ањмадљон Ќурбї, Шарофиддин Садрулин, Муњаммадљон Њасанї баромадааст. Дар он нафаќат маќолањо, балки повести аввалини устод Садриддин Айнї «Саргузашти як тољики камбаѓал, ё худ Одина» низ чоп шудааст. Ин аввалин асари бадеии адибони муосире буд, ки Бобољон Ѓафуров хондааст. Албатта, вай дар мактабу дар хона, махсусан бо ёрии модараш шоира Розия Озод асарњои зиёде аз адабиёти гузашта, махсусан аз ашъори Њофиз, Саъдї, Камол, Мавлавї, Бедил, Љомї, инчунин «Њазору як шаб», «Самаки айёр, «Абумуслимнома» хондааст, аммо асаре, ки рўзгори њамасронашро баён мекард, саргузашти љавонони андаке калонтар аз худро нишон медод, њамин «Одина» буд. Баъдтар, 30-35 сол дертар худаш њам ба њамин шева асаре навишт. Дар он солњо ў ба ашъори устод Лоњутї низ ошної ва дилбастагї пайдо кард ва аз ў панд мегирифт. Ў њатто эхсос мекард, ки модараш њам дар пайравї ба Лоњутї шеър мегўяд.

Бобољон Ѓафуров бисёр мехонд, ба наќли муаллимону калонсолон бештар диќќат медод, то моњияти дигаргунињои баамалояндаро дарк намояд. Мехост мавкеи худашрову њамсолонашро ва онњоеро, ки мешиносад, ба дигарон фањмонад, бинобар ин ќалам гирифта ба матбуоти Хуљанду Самарќанд маќолањо навишта мефиристод, ваќте онњо чоп мешуданд, хурсанд мешуд ва эњсос мекард, ки ин касбро дўст медорад, бештар мехонду бештар менавишт.

Дар солњои аввали њокимияти шўравї тољикон аз мадди назари њокимияти марказї дур афтоданд. 15 ноябри соли 1925 «Правда» навишта буд, ки «до настоящего времени работа среди таджиков в Средней Азии, также в Центре уделалось мало внимания. А между тем, таджики заслуживают большего внимания, как по количеству, как и по значению их в Средней Азии.Общее количество их в одной советской Средней Азии миллион с лишным».

Он ваќт дар Осиёи Миёна ду Тољикистон буд. Яке ба номи Љумњурии мухтори Шўравї Сосиалистии Тољикистон моњи ноябри соли 1924 таъсис ёфта буд ва пойтахташ аз Хуљанд дур, дар љои ношиносе ба номи Душанбе муайян гардид. Ташкилёбии ин љумњурии мухтор кори муњими таърихї будаст, ки И.В Сталин онро 15 марти соли 1925 чунин табрик намудааст:

«Привет Таджикистану- новой Советской Республике трудящихся у ворот Индостана. Горячо желаю всем труженикам Таджикистана решительных успехов в деле превращения своей республики в образцовую республику восточных стран.

Таджики имеют богатую историю; их организаторские и политические способности в прошлом ни для кого не составляет тайны.

Работники Таджикистана! Подымайте культуру своей страны, развивайте ее хозяйство, помогайте труженикам города и деревни, сплачивайте вокруг себя всех лучших сынов своей родины и покажите всему Востоку, что вы являетесь лучшими потомками своих предков, крепко держащими в своих руках знамя освобождения.

Да здравствует Советский Таджикистан!

Жалею, что не могу приехать к вам в Дюшамбе.

И. Сталин»


Мардуми вилояти Самарќандро, ки Хуљанд низ љузъи он буд, ба он љумњурии мухтор њамроњ накарданд. Оњ, чї талошхои шадиде буданд, дар он солу моњњо. Агар матбуотро вараќ занед, онро равшан мебинед. Њатто гузашти солњо, даврњо ва сохтњо он дардро кам накардааст, балки сањифањои зардшуда матбуот њам ба чењрањои миллати тољики аввали солњои бистуми асри бист, ки дар њоли фишои душманон ќарор дошт, шабоњат пайдо кардаанд. Масалан, як гурўњ љавонони Хуљандро соли 1925 ба Дорулмуаллимини Тошканд баъди таътил роњ надоданд. Гуфтанд: «Тољикистон мухтор шуд, равед , Шумо низ дар он љо хонед.»

Дар он ваќт дар Хуљанд одамоне рустї-рустї дар хонаю масљидњо мегаштанд, яке таблиѓ мекард, ки мо мардум ќавми худро бояд ўзбек нависем, дигарњо мегуфтанд, ки њафт пушти мо тољик аст, ва асло худро турк намегирем. Арвоњи Хоља Камол мезанад, онњоеро, ки худрову моро турк мегўянд.

Дар он талошњо наврасон, ёру бародарони Бобољон Ѓафуров тољик буданашонро дар мактабњо, мадрасањо,чойхонањои сурх хеле фаъолона исбот мекарданд.Ин чиз он рўзњо бењад зарур буд. Зеро вилояти Самарќандро натанњо барои Тољикистон надоданд балки заминаи тољикнишонии онњоро аз байн бурданї шуда, мактабњоро ўзбекї мекарданд, коргузориро ўзбекї карданд, ба назди бачањо муаллимони ўзбек мефиристоданд.

Ман яке аз ин гуна муаллимонро мешинохтам ва аз забони ў шунида будам:

-Маро ба синфи якум муаллим таъйин карданд.Њамаи талабањо тољик буданд, аммо дарс ўзбекї мегузашт. Маълум, ки алифборо аз рўи сурат дарс медињанд. Масалан, ваќте ки њарфи «Э»-ро ёд медодам, сурати мўзаро ба бачањо нишон дода пурсидам:

-Бачањо, ин сурати чист?

Ѓайричашмдошти ман тамоми синф овоз баровард:

- Мўза.

Фањмидам, ки дар забони тољикї ин пояфзол мўза номида мешудааст. Камтар тањаммул кардаму гуфтам.

Мўза дар забони ўзбекї этик мешавад Этик аз њарфи «э» сар мешавад. Биёед аз нав мегўем, ки ин сурати чї будааст

-Мўза.

Ба њамин шева аз тољикони дар Ўзбекистон монда, яъне дар Намангону Фарѓона, Самарќанду Бухоро, Тошканду Андиљон, Ќашќадарёву Сурхондарё ўзбек месохтанд. Тољикони дар Ўзбекистонмонда кам набуданд. Танњо сеяки тољикони Осиёи Миёна ба њайти Љумњурии мухтори Тољикистон дода шуда, аз се ду њиссаи дигарашон дар дохили вилоятњои Ўзбекистон боќї монданд. Норозињо миллион-миллион нафар буданд. Масалан соли 1924 љавонони Конибодому Исфара дар истгоњи роњи оњан поездеро, ки дар он М.И. Калинин-Раиси Шўрои Олии СССР равон буд, дошта, ба сардори давлат аз ин бедодињо шикоят карда, талаб намуданд, ки онњоро ба Тољикистон пайванданд.

Аммо њанўз натиљаи ин талабњо маълум набуданд. Бинобар ин бо ташаббуси миллатпарастони хуљандї соли 1926 округи Хуљанд худро «Округи тољикии Њуљанди вилояти Самарќанд» эълон кард ва ин расман ќабул шуд. Ин Тољикистони дуввум буд. Акнун дар «Овози тољик» рубрикаи «Хабарњо аз округи тољикии Хуљанд» пайдо шуд ва навиштањои аввалини Бобољон Ѓафуров низ дар зери њамин лавња ба табъ расидаанд.

Барои дарки вазъи миллии муњите, ки солњои бистуми асри гузашта Бобољон Ѓафуров дар он ташаккул ёфтааст, ба як-ду њуљљати дигар таваљљўњро љалб мекунем.

15 марти соли 1927 ба муносибати дусолагии Љумњурии мухтори Тољикистон дар шањри Тошканд маљлиси серодаме баргузор гардид ва дар он Раиси Шўрои Вазирони Тољикистон Абдулќодир Муњиддинов маърўза карда, вазъиятро дар тамоми соњањои хољагии халќ фањмонд. Ба Абдулќодир Муњиддинов бештар аз сад савол доданд. Дар љавоб ба яке аз саволњо ў гуфт, ки «Мардуми Хуљанд ва дигар тољиконе, ки дар хоки Ўзбекистон зиндагонї мекунанд, албатта, тољик шуморида мешаванд. Миллат ба воситаи забоне, ки гуфтугў мекунад, муайян мегардад. Агар дар хонаашон тољикї гуфтугў кунанд, ба њар љое ки бошанд, тољик њисоб меёбанд.» («Овози тољик», 11 апрели соли 1927)

Охири соли 1926 дар Тошканд конфронси нахустини коркунони байни миллатњои майда баргузор шуд ва маърўзачї Иванов «Дар бораи сиёсати миллии Хукумати шўрої ва усули кор кардан дар миёни миллатњои майда дар шароити Ўзбекистон» сухан ронда, аз љумла зикр кард:

«Дар давраи таќсимоти њудуди миллї ва истењкоми њукумати шўрої, дар шароити мубориза бо босмачиён, њамчунон ба муностбати корњои ислоњоти замин ва районисозї кумитаи фирќаи Ўзбекистон натавонист ба корњои байни миллатњои майда диќќати лозимии худро сарф намуда, фармоишхои фирќаро дар бораи ин масъала ба амал бароварад.

Каљфањмињои сиёсати миллї ва таассубкорињое, ки њозир дар шароити Ўзбекистон намудор мешаванд, метавонанд мухолифатњои синфиро аз миён бардошта, ранљбарони миллатњои майдаро бо буржуазияи эшон муттањид созад ва итињоди байналмиллалии ранљбаронро халалдор сохта, дар миёни онњо таассуби миллї падидор оварад.» ( «Овози тољик», 4 январи соли 1927)

Дар банди 4а резолютсияе, ки дар асоси ин маърўза ќабул шудааст, омадааст:

«Каљфањмињои доир ба сиёсати миллиро аз миён бардоштан ва њуќуќи њамаи миллатњоро баробар кардан. Зеро бе ин наметавон оммаи ранљбаронро ба сохтмони сосиалистї љалб кард.»

Мањдуд кардани њуќуќњои тољикон дар Тољикистони де факто дар сурате шиддат мегирифт, ки дар Тољикистони де юре демократияи муносибатњои миллї таъмин шуда буд. Масалан, дар ќарори Кумитаи инќилобии ЉМШС Тољикистон «Дар бораи ба забонњои мањаллї гузаронидани коргузорї», аз 18 декабри соли 1925 омадааст:

«В целях наибольшего приближения соваппарата к трудящимися массам и ведения в области делопроизводства определенного порядка, в отмены раннего изданного постановления №12 от 12 апреля 1925 года Ревком ТАССР постановляет:

1. государственным языком ТА ССР признать таджикский, узбекский и русский

2. всем центральным органам в их отношениях с местными органами вести всю переписку на родном языке населения данной местности, или параллельно на узбекском и русском языках

3. всем вилоятским, туманнским и кентским ревкомам, исполкомам вести переписку с центральными учреждениями и вообще все делопроизводство на одном из общих государственном языке сносится же с низовыми органами исключительно на языке местного коренного населения.

4. делопроизводство в кишлаках и районах ввести исключительно на том языке, на котором большинство населения говорит.»

Љояш аст як масъаларо зикр кунем.Дар тамоми давраи солњои 1920-1928-замони таќсимоти њудуди Осиёи Миёна халќи тољик ба сифати миллати асосї не, миллати майда муаррифї шудааст, дар њоле,ки яке аз маќсадњои асосии таќсимоти њудуди миллии Осиёи Миёна ва ташкил додани љумњурињо дар асоси нишондињандаи миллї хунсо кардани сиёсати миллатгаронаи халќњои туркнажод буд, ки мехостанд дар Осиёи Миёна як давлати яклухти туркї бунёд ва онро дар муќобили Россия гузоранд.


МУХБИРИ КОРГАРУ ДЕЊЌОН


Бобољон Ѓафуров ба публисистика аз роњи њаракати мухбирони коргару дењќон омадааст. Њаракати мухбирони коргару дењќон њаракати коммунистї, василаи таблиѓ ва њам парвариши мухбирон буд. Ин кор барои бисёрињо аз љаридањои деворї, ки дар мактабњо мебаромаданд, оѓоз меёфт. Ростї, љаридањои девории он ваќт аз рўзномањои ноњиявї камтар ањамият надоштанд. Хабару маќолањо дар бораи одамоне, ки њамдигарро мешинохтанд, сурату расмњои онњо диќќати хонандагонро ба худ љалб мекарданд. Махсусан, матолиби танќидї касеро бетараф намемонд.

Дар бораи таъсирнокии љароиди деворї сухан гуфта, як мисол оварданиям. Соли 1923 Армияи сурх, ки дар Ќаротегин ба муќобили душманони инќилоб мељангид, ба номи «Красный Каратегин» љаридаи деворие мебаровард. Онро танњо аскарњо не, ањолї низ мехонданд. Ба ин маќсад аз њисоби он аскарњое, ки забони тољикї медонистанд, гурўњи таблиѓотие ташкил шуда буд ва аъзои гурўњ дар чойхонањои сурх љаридаро хонда, онро шарњ медоданд.Мардум барои шунидани он махсус љамъ мешуданд.

Шакли дигари љарида, ки њаракати мухбирони коргару дењќон аз он шурўъ мешуд, рўзномаи ноњиявї буд. Ашхосе, ки дар чунин нашрияњо перомунашон сухан мерафт, низ дар аксарияти њолатњо шиноси њамдигар буданд. Матбуоти ноњиявї дар Тољикистон аз нимаи дуюми солњои бистум шурўъ шуда бошад њам, инкишофи он ба солњои сиюм рост меояд. Матолиби Бобољон Ѓафуров дар матбуоти ноњиявї аз охирњои солњои бистум сар карда чоп мешавад ва дар замоне њам, ки журналисти касбї буд, дар матбуоти ноњиявї ва дар бораи матбуоти ноњиявї маќолањо чоп кардааст.

Ў њамчун мухбири коргару дењќон дар рўзномаи вилоятии «Пролетари Хуљанд» ва рўзномаи љумњуриявии «Овози тољик» хабару маќолањо чоп карда хонанда ва мухбири фаъоли њамин нашрияњо ба њисоб меравад. Дар байни маќолањои чопкардааш маќолањои зерин диќќатро ба худ бештар љалб менамоянд: «Корњои кооператив», «Ширкат гул мекунад», «Чигунагї», «Љинояткорони Исфисорї», «Аз дафтари се нафар љинояткор», «Унсурони бегона», «Ба золим љазо талаб мекунем», «Љинояткор Ањмад Љалилов». Ин маќолањо аксар дар рўзномаи «Овози тољик» дар солњои 1928-1929 чоп шудаанд. Онњо дар хусуси ширкатњои гуногуне, ки њамчун рамзи њаёти нав таъсис ёфта кор мекарданд, бурду бохти корњо наќл мекарданд. Ќисми бештари хабару маќолањои чопшуда хислати танќидї дошта, дар онњо рољеъ ба одамони конкрет, ки ќонуннописандї кардаанд, моликияти давлатро аз худ кардаанд, одамони бечораро фиреб додаанд, сухан меравад. Бобољон Ѓафуров, ки ба аќидањои њукумати шўравї боварї дошт, ќудрати њукуматро самимона њамчун такягоњаш эњтиром мекард, дар бораи одамон нотарсона бо ному нишонашон маќолањои танќидї менавишт. Дар бораи оѓози фаъолияти журналистии Бобољон Ѓафуров духтарашон чунин менависад: «В1920-1930-е годы, будучи деятельным комсомольским работнком, молодой Бободжан провляет глубокий интерес к журналистике, как к важному и мощному средству прапаганды новой жизни, грандиозных преобразований в экономическом и культурном стороительстве в Таджикистане. Свою журналистскую деятельность Бободжон Гафурович начинает дехканским (колхозным) корреспондентом. Проявляя себя смелым, активным рабкором, неустанно публикует под разными псевдонимами свои разоблачительные статьи, против пережитков феодального строя, против внутренного врага молодой советской республики - босмачества в первых таджикских газетах «Овози тоджик» ( «Голос Таджика»), «Овози Шарк» ( «Голос Востока»),. «Бедории тољик» ( «Пробуждение таджика»). Первыми редакторами и публицистами этих газет были известные таджикские журналисты и писатели Садриддин Айни, Абулкасим Лахути, Исмоилзода. В этот же период Бободжан Гафуров становится страстным агитатором Союза безбожников, разоблачавщим антинародные действия реакционного духовенства, поддерживающего босмаческое движение и стоявшего на закрепощение женщин, ношение ими паранжи.

Тоджинисо Гафуровна рассказывает «страшно даже вспоминать события, которые происходили в годы его журналистской деятельности. Тогда каждый рабочий день брата таил в себе большую опасность. Классовый враг не оставлял его в покое. Не мог забыть как однажды в полночь около нашего двора прогремели выстрели. Вся семья поднялись наноги. Первым выбежал наш отец.Спустя некоторое время он вернулся в дом с Бободжаном. Мама зажегла керосиновую лампу. Все молчали. Без слов было ясно, что это было очередное нападение на нашего брата. Его жизнь всегда была в опаности, по этому районный комитет вынес решение выделить Бободжону кабинет на железнодорожной станции под присмотром милиции. Борьба Бободжана Гафурова за свободу и счастье своего народа всегда создавала постоянную тревогу для всей семьи, страх на жизнь родного человека»

В концу1928 года Бободжон Гафурова направляют в Самарканд на одногодичные Высщие юридические курсы. Но юриспруденция не увлекает молодого журналиста и он с энтузиазмом продолжает свою журналистскую деятельность, совмещая ее с партийной работой его назначают заведующим отделом по партийно-воспитательной и идеологической работе. Его публикации, освещаещие реальную жизнь периода построения социализма в республике, постоянно появляются на страницах газет Таджикистана и Узбекистане. Его учителями и наставниками в те годы, по его собственному признанию, были основоположники современной таджикской литературы Садриддин Айни и известный узбекский поет Гафур Гулям, которые помогли ему стать на нелегкую стезю журналистики, оттачивали его перо.

В апреле 1930 года Бободжон Гафурович по распоряжению ЦК КП (б) Таджикистана направляется в качечтве заместителя редактора в республиканскую газету «Ќизил Тожикистон» ( «Красный Таджикистан») выходящую на узбекском языке. В 1931 г.Бободжана Гафуровича направляют в Москву на учебу во Всесоюзный коммунистический институт журналистики ( КИЖ) им. «Правды» основанный в 1921 г. В Москве в самом центре столицы, на Мясницкой № 13 в Институте журналистики ( при нем было и общежитие) учились и жили мои родители Бободжан Гафурович Гафуров и Карима Њамидовна Акылова (1910 -1919). Здесь они познакомились и поженились. Мама часто рассказывала мне и своей внучке Розие о ее дедушке. Она вспоминает «несмотря на свою болезнь (туберкулёз коленной чашечки), Бободжон блестяще учился.Если по причине болезни он не был в состоянии передвигаться, педагоги сами приходили в общежитие принимать экзамени у одарённого студента. Сдавал Бободжан все экзамены только на «отлично» Я будучи студенткой младще его на три курса, страшно боялась экзаменов и дрожала как осинивый лист. Бободжан обычно успокаивал и подбадривал меня словами «Экзамен- это большой праздник» Поистине вся жизнь для моего папы была экзаменом, который он всегда сдавал на «отлично».

В годы учёбы Бободжана Гафурова в КИЖ-е преподавали видные партийные деятели Емилян Ярославский и П.Н.Поспелов, индолог- востоковед И.М.Рейснер, советский арабист-исломовед Е.А Беляев совершенствовавшие дар молодого студента к журналистике и приобщавщие его к научной работе.

В автобиографии Бободжана Гафуровича Гафурова далее мы читаем: «С февраля 1935 по 1936 г. работал заместителем и редактором республиканской газеты «Ќизил Тожикистон» ( «Красный Таджикистан») В 1936 году был утвержден инструктором ЦК КП (б) Таджикистана по печати. В ноябре 1937 г. был назначен завотделом печати ЦК КП (б) Таджикистана. После слияния отдела печати с отделом пропаганды и агитации ЦК КП (б) Таджикистана с февраля 1939 по 1 сентября 1940 г. работал заместителем заведующего отдела пропаганды ЦК и заведующим культпросветсектором. С 1сентября 1940 года по апрел 1941 года был аспирантом Института истории Академии наук СССР. После защиты был избран секретарем ЦК КП (б) Таджикистана по пропаганде и агитации, в 1944 г. был избран вторым секретарем ЦК КП (б) Таджикистана, с февраля 1946г.-первым секретарем ЦК КП (б) Таджикистана На этой работе находился бессменно по май 1956 г». (Академик Бободжан Гафуров. Москва, 2009г. стр.102-103)

Порчаи иќтибосшуда давраи мадди назари зиндагии Бобољон Ѓафуровро ба истиснои баъзе номњо дуруст шарњ медињад. Фаќат дар назар доштан даркор аст, ки дар рўзномаи «Овози Шарќ», ки соли 1924 дар Душанбе чоп шудааст, ў њамкорї накардааст ва устод Айнї њељ ваќт муњаррири кадом як рўзномае набудаанд

Воситањои ахбори омма барои тарбияи мухбирони коргару дењќон, такягоњи худ дар мањалњо кор мекарданд. Дар мактабњо шахсони аз адабиёт, аз њунари нависандагї хабардорро љамъ оварда, мањфилњои «мухбирони љавон» ва «адибони љавон» ташкил дода, навиштанро ёд медоданд, он чи онњо барои машќ ва њатто барои рўзнома менавиштанд, хонда, муњокима ва тањрир мекарданд. Кормандони рўзнома ва маљаллахо дар мактабњо, колхозу совхозњо, МТС-њо конференсияњои хонандагон ташкил карда, дар бораи кору бори худ, натиљањои иљтимоии маќолањои навиштаашон сухан мегуфтанд, мухбирони фаъолашонро ќадрдонї карда, барои њавасмандиашон мукофотњои пулї, ё китобу дафтар ва ќалам тўњфа медоданд, озмунњо эълон карда, дар сањифањои худ ба мухбирони фаъол рањматњо мегуфтанд. Дар чунин конференсияњо таваљљўњи газетахонон ва фаъолони худро ба мавзўњои муњимтарини рўз љалб менамуданд. Масалан, 23 ноябри соли 1929 дар бинои комиљроияи округи Хуљанд рўзномаи «Овози тољик» ба муносибати хониши дуввуми мухбирони коргару дењќон ба дўстдорони газета ва журнал – хонандагон ва мухбирон аз корњои кардаи худ њисобот дод.

Дар замони мухбирии Бобољон Ѓафуров мавзуи асосї мустањкам кардани асосњои њокимияти шўравї, ташкил ва ривољ додани кори ширкатњои дењќонї ва косибї, ошкор кардани ќаллобону љинояткорон ва сафарбар намудани диќќати мардум ба муборизаи зидди онњо, ривољу равнаќи маориф, мубориза алайњи хурофот буд ва њаминњо мавзўњои маќолањои чопкардаи Бобољон Ѓафуровро, ки бештар бо имзои «Бобољон чўлоќи Исфисорї» менавишт, низ ташкил медињанд. Бояд зикр кард,ки дар солњои бистуму сивуми асри бистум танќид ва худтанќидкунии матбуот ба њадди баланд расида, баъзан аз њад њам мегузашт. Ин бештар дар душманкобию душмансозї ба мушоњида мерасид.

Барои мухбироне чун Бобољон рўзномаи «Овози тољик» ба номи «Рањнамои мухбирон» нашрияи иловагие таъсис дода буд, ки њафтае як бор чун вараќаи иловаи он ба чоп мерасид. Бобољон Ѓафуров њангоми тањсилаш дар шањри Самарќанд ба ин редаксия рафтуомад дошт ва аз кормандони он маслињатњои касбї мегирифт.

Њаракати мухбирони коргару дењќон дар он давр њаракати сиёсї ба њисоб мерафт. Масалан, 25 феврали соли 1929 бо имзои Нусратулло Махсум «Мактуби Кумитаи Иљроияи Марказии Тољикистон ба њамаи кумитањои иљроияи вилоятї, ноњиявї, назоратњои халќї ва ташкилотњои иљтимоии Тољикистон «Мухбиронро эњтиёт кунед, аз њуљум муњофизат намоед!» дар ин бобат ба табъ расида буд. Дар он њимояи мухбирон аз унсурњои бегона, вазифаи муњими давлатї эълон шуда буд. Ин сабаби хос дошт ва дар ин бора дар нома омада буд: « Њоло њозир мухбирони коргарї ва ќишлоќ ќувваи ањамиятноки маданї ва сиёсии Иттифоќи шўроњо мебошанд. Ахборнависони коргар ва ќишлоќ муваффаќиятњои моро нишон дода, баробари ин дар сањифањои матбуот њамаи камбудињои моро кушода медињанд, њамаи ѓалаткорињоро, ки сохтмони иљтимоиро вайрон мекунанд, маълум менамоянд». Дар замони пешрафти њаёти нав воќеан мухбирон мисли чашми давлат хизмат мекарданд, зеро онњо дар љои воќеа зиндагї доштанд, иштирокчиёни воќеањо буданд. Масалан, њамаи он хабару маќолањои Бобољон Ѓафуров, ки номбар шуданд, аз Исфисору Хуљанд навишта шудаанд Албатта он љинояткороне, ки перомунашон маќолањои танќидї чоп шудаанд ва хешу аќрабои онњо ба мухбирон ќасд мекарданд, онњоро тањдиду таъќиб мекарданд.

Мавзўи мазкурро академик Ањрор Мухторов дар китоби «Академик Бобољон Ѓафуров» (Душанбе, Ирфон,1998) чунин пешнињод намудаанд: «Дар он солњо Бобољон Ѓафуров худро чун рўзноманигори болаёќат ва љасур нишон дода, дар кори матбуот фаъолона иштирок мекард. Дар маќолањои ў кирдори ношоями баъзе аз намояндагони бою мулло, боќимондањои љамъияти феодалї, нуќсонњои кори баъзе органњои њокимияти љавони советњо сахт танќид карда мешуданд.»

Яке аз ветеранњои матбуоти тољик, Журналисти хизматнишондодаи Тољикистон Э. Мўњсинзода дар хотироти худ нигоштааст: «Матбуотии чопии Хуљанд соли 1930 дар давраи коллективонидани хољагии ќишлоќ ташкил ёфта, дар мубориза бар зидди кулакњо ва думравони онњо роли махсусан калон бозид. Душманони сохти колхозї ба мухбирони шањру ќишлоќњо, ки ниќоби онњоро берўбинї кушода мепартофтанд, тањдид мекарданд. Дар њаќќи онњо бўњтонњо менамуданд ва њатто мекуштанд.

Ваќте ки аввалин мухбири фаъол Бобољон Ѓафуровро бо маќсади куштан љустуљў мекарданд, вай њар шаб љои худро иваз мекард, коммунистон бошанд ўро муњофизат карда, бар зидди љинояткорон ќатъї мубориза мебурданд. Њамин тавр, Бобољон Ѓафуров зиндаву саломат монд.

Оре, Бобољон Ѓафуров дар ќишлоќи Исфисор мухбири ќаламаш бурро ва љасур ба шумор мерафт. Вай фелйетон ва маќолањои бисёр навишта, бо суханони нисбат ба душманон тезутунди худ башараи њаќиќии онњоро нишон медод.

Ин тањдидњою бўњтонњо ва кушторњои вањшиёна иродаи мухбирон ва коркунони матбуотро њаргиз суст накарданд. Онњо бо имзою тахаллусњои гуногун фаъолияти худро давом медоданд, кружокњои мухбиронро ташкид намуда, сафи худро зиёд карданд»

Роњи аввалини мухбирони коргару дењќон пурмашаќќат ва пурхатар буд. Вале эњтиром ва муњаббати самимии халќ нисбат ба онњо бузург буд. Аз рўи услуби нигориш дењќонон ва коргарон муаллифи маќола ё фелйетонро, бо вуљуди он ки ў имзои мустаор мегузошт, ё материали худро бидуни имзо чоп мекард, зуд мешинохтанд.

Њамон солњо – ёд меорад Тољинисо Ѓафурова,- дар газетаю журналњо маќолаю хабар ва фелйетонњои Бобољон Ѓафуров зуд-зуд чоп мешуданд. Ў дар зери материалњои худ «Бобољончўлоќ» имзо мегузошт.

Дар хотир дорам, ки он солњо ман духтарчаи хурдсол будам, љои хўрок, љои истиоњат ва љои кори мо як љо – гирди сандалї буд. Бародарам дар рў ба рўи ман нишаста, ба ќоѓаз чизе менавишт, гоњо сарашро бардошта ба рўи ман чанд фурсат чашм дўхта, ба фикри зиёд фурў мерафт. «Ња» мегуфтам, ман, њар боре ба рўи ў нигоњ карда, вале ў њамон лањза боз ба болои ќоѓаз хам мешуду боз тез-тез менавишт.

Ба хотир овардани воќеањои он солњо њатто имрўз маро ба вањму њарос меоранд. Он ваќт њаёти Бобољон Ѓафуров њаррўзу њар соат зери хатар буд. Вале таъќибу тањдиди душманони синфї фаъолияти мухбирии ўро ягон лањза њам боздошта наметавонист.» ( сањ 11 – 13)

Ин њолат дар њама љо рух медод. Дар Мурољиатномаи Сардори давлати Тољикистон њатто аз кушта шудани мухбирони фаъол сухан меравад. Бинобар ин њимояи онњоро давлат кори муњим мешуморид ва даъват мекард, ки « Њамаи љамоаи шўроњо, њамаи дастгоњњои шўрої бояд ба муњофизати мухбирони коргару дењќон истодагї бошад».

Танќид дар замони ташаккули матбуоти нав, дар замоне, ки муборизањои синфї ављ мегирифтанд, василаи муњим ва муассир буд. Ашхосе, ки дар рўзнома мавриди танќид карор мегирифтанд, њатман аз љониби маќомњои дахлдор мавриди пурсиш ќарор мегирифтанд, њатман мувофиќ ба гуноњи содиркардаашон ба љавобгарї кашида мешуданд. Ин нишондињандаи таъсирнокии матбуот дар он замон буд. Бе ин њам намешуд, зеро дар замони гузаришњои сиёсї ба воќеа, ба зуњурот сари ваќт ва љиддї бањо додан, шарти асосии мувафаќќияти кор мебошад. Кашолкорї дар њалли вазифа ба зарари кор сурат мегирад. Масалан, агар ба маќолаи навишташуда љавоби воќеї дода нашавад, акси амал ба вуљуд омада, таъќиби мухбирон сар мешавад, онњо тарсу ва дилсард мешаванд, муросокор мешаванд, љинояткорон аз бељавобгарї мондан неру гирифта, амали худро дучанду сечанд давом медињанд, дуздча бошанд, дузди калон мешаванд, рўзнома нописанд мегардад ва маблаѓе, ки давлат барои нашри он бо њазор душворї ба даст овардааст, бефоида ва барбод меравад. Матбуоте, ки таъсир надорад, хонанда ва ањамияти худро гум мекунад.

Вобаста ба мавзуњое, ки Бобољони љавон нигоштааст, вобаста ба замон ва мавќеи ин нављавон дар он замон, дар бораи њаќиќати љањонбинии ў аз диди имрўз як масъалаи муњими ќобили зикр мављуд аст. Академик Бобољон Ѓафуров маќолаи устод Садриддин Айнї «Ленин ва Шарќ»-ро аввалин маќолае донистааст, ки шавќи ўро ба журналистика кушод ва њушашро сўи ин њунар овард. Ин маќолаи Айнї эњтироми адиби кўњапнсоли тољик ба аќидаи иќилобї ва умеди ў аз ин инќилоб барои мазлумони Шарќ, барои инкишофи илму адаб ва маданияти мардуми тољик аст. Ба ибораи дигар, сиёсат, вобаста ба он љои Шарќ ва миллати тољик дар он, ањамияти давлати шўравї барои мардуми мењнаткаш, ситоиши давлати шўро ин аз мавзуњои умдатарине гардид, ки тамоми умр аз чоки ќалами ин олими забардасти тољик рехтааст. Яъне Бобољон Ѓафуров аќидаи устод Айниро њамчун маслаки журналистї ва илмии худ ќабул кард. Ин намунаи фарзанди замони худ будан аст, ё нишони ба таблиѓоти сиёсї фирефта, дигар ба худ наомадан аст, ва ё њам ин њамон њаќиќатест, ки мо –тољикон тавассути пайгирии он ба нияти нињоиямон хоњем расид.

Чаро чунин савол гузошта мешавад? Зеро имрўз дар замоне, ки истиќлолияти воќеї ба даст овардем, ба он замони нимаистиќлолият ба чашми нобоварї, баъзан ба дидаи тахќир менигарем. Муаррихон ва воќеанигорони навбине пайдо шудаанд, ки аз нигоњи «Садриддин Айнии аз амирон чўбхўрда», ба амирони манѓития нигаристанро тањрифи таърих, ноадолатї ва тањќири ниёи њукмронамон медонанд. Онњо амирони Бухоро ва босмачиёнеро, ки аз њукумати вай пуштибонї мекарданд, ќањрамонони миллат ва баръакс Аскарони сурхро неруи мусулмонкуш, ѓосиб ва њар касеро, ки аз онњо пуштибонї мекунад, нукарони рус меноманд. Албатта, онњо «миллат» гуфта чи ќавмеро дар назар доранд, худашон медонанду худо, зеро на амирони 900 соли охири Бухорои тоинќилобї тољик буданду на саркардагони босмачињои онњоро њимоякунанда. Амирони манѓит халќи моро воќеан мутеъ ва адибону пулдорони моро хушомадгўи дарбор карданд. Њамин гуна њамќавмони моро ба босмачигарї, ки пойдорандаи пантуркизм буд, пайвастанд. Маќсади босмачигарї воќеан муборизаи зидди болшевизм барои таъсиси давлати ягонаи туркї дар Осиёи Миёна буд. Ва ин аќидаи пантуркистиро ќабоили турки Бухорои Шарќї, ќабл аз њама лаќайњо ва ќарлиѓњо пеш мебурданд. Касофати онњост, ки то имрўз таърихи ќариб њазор соли кишвари моро чун таърихи халќи бегона муаррифї кардан мехоњанд. Онњо ба номи «миллати мусулмон» Осиёи Миёнаро ќариб аз тољик холї карданд, он «Бийњо», «Афандињо», «Оталиќњо», ба њавлие, ки даромаданд, соњибхонаашро куштанд ва соњиби молу амвол ва ному номусаш шуданд. Баъди сари охирин амири Бухоро дидем, ки чї «ободињое» ин амирон дар дусад соли роњбариашон ба халќи мо кардаанд. Онњо Бухорои макони илмро, ки ба олам аз он нур мерехт, ба кишваре љоњиле табдил доданд, ки бар сарашу мардумаш хок меборид. Аскарони сурх ватану халќи моро чунин тањќир накарданд, балки ёрї расониданд, то ќисме аз њиссаамонро аз онњо боз гирем. Бобољон Ѓафуров аз онњову аќидаи онњо аз аввалин рўзе, ки барои навиштан ќалам ба даст гирифт, то охирин дањзае, ки навишта метавонист, њимоя кард. Заминаи китоби «Тољикон»-аш њам дар њамин матоъ танида шуд. Ў њар чи дар он замон гуфту навишт, дониставу фањмида ва аз замири дил гуфту навишт. Ў дунёи навомадаро дуруст шинохт ва ба он пайваст, барояш мубориза бурд ва њамроњи он ба воя расид. Њаќиќате, ки вай дар замони наврасиаш шинохт ва барои шиносоиаш маќолањо, шеърњо ва асарњои илмиву адабии Садриддин Айнї, Абулќосим Лоњутї, Абдулќодир Муњиддинов ва дигарњо мусоидат намуданд, барояш абадї ва муќаддас монд. Вай њамчун мухбири коргару дењќони рўзномаи «Овози тољик» ба майдон омад ва аз ин рўзнома як умр миннатдор монд. Аз љумла, се сол пеш аз даргузашташ, 29 августи соли 1974 ба редаксияи рўзномаи «Њаќиќати Ўзбекистон» навишта буд: «Дар он солњо бароям мушарраф гардид, ки мухбири фаъоли ин рўзнома бошам».