Дар тамоми соњањои зиндагї, махсусан маънавиёт, нобиѓањои зиёдеро ба арса овардааст, ки онњо њар кадом бо инсондўстиву миллатпарвариаш наќши арзандае гузоштаанд

Вид материалаДокументы

Содержание


Он на ман бошам, ки рўзи љанг бинї пушти ман
«фарзандон, шавњарон, бародарони азиз – љанговарони диловари мо!
Фарзандони мењрубони тољикистони офтобрўя!
Аз њамон нури поки фикри Ленин
Мардписарони халќи тољик!
Он ки мељангид он сон дар замони бандагї
Нахоњам тани зиндаи беному нанг
Љанговари тољик!
Љавонмардњои шердили мо!
Фарзанди тољик натарсад аз кас
Касеро, ки бинмуд дар љанг пушт
Мезанад хасм туро, гар ки ту ўро назанї
Чун љамъ шаванд панљ ангушт
Агар ду бародар нињад пушт-пушт
Љанговарони пањлавони мо!
Намонад ситамгори бадрўзгор
Мард дар њимояи Ватан аст
Подобный материал:
1   2   3   4   5   6   7

ТАШКИЛОТЧї


Тамоми матлаби сиёсї, рањнамої ва корњои ташкилии Њизби коммунистии Тољикистонро дар мавриди матбуот ва дигар воситањои ахбори омма, яъне, рўзнома, маљалла, радио, телевизион, нашриёт ва агентии хабариро дар тўли солњои 1940- 1956 дар њамин ќисмат тањлил кардан ва дар онњо ба мењнату хизмати Бобољон Ѓафуров ангушт гузоштан сањв намешавад. Зеро дар ин давра аввал ў котиби идеологии њизб, сонї котиби дуюм ва нињоят котиби аввали Њизби Коммунистни Тољикистон буд. Мусалламан шахс дар чунин вазифањо кор кунад, дар тамоми дигаргунињо даст дорад, дуруст тарњ шудан, њал шудан ва татбиќ шудани масъалањо ба ў вобаста мешавад.

Мавридаш аст дар ин љо ба як чизи муњиме, ки њама медонанд, вале мутаассифона касе онро нагуфта ва нанавиштааст, ишора кунам. Бобољон Ѓафуров аввалин тољике аст, ки роњбарии ташкилоти љумњуриявии Њизби коммунисти Шўравї дар Тољикистон ба дўшаш афтидааст. Дар солњои бистум Чинор Имомов ва Шириншо Шотемур котибони муштарак буданд, ва дар раъс русњо, аз љумла Иванов ќарор доштанд. Шириншо Шотемур, Нусратулло Махсум, Абдулќодир Муњиддинов, Абдурањим Њољибоев ва Абдулло Рањимбоев вазифањои масъулу аввалмаќоми њукуматї ва давлатї доштанд, аммо роњбарии њизбро дар солњои сиву чил, то анљоми љанги дуюми љањон мардуми ѓайритољик, ѓайри Осиёи Миёнагї ба ўњда доштанд. Ва аввалин тољике, ки ба вай ин вазифаро бовар карданд, Бобољон Ѓафуров буд. Пас, хулоса мешавад, кори ташкилотчигї ва роњбарии ў ба кори идеологї дар солњои пеш, махсусан дар замони љанг манзур ва писанд шуд. Худи ин далолат медињад, ки мавќеи устувори сиёсї, дониши замонавї, принсипнокї њамеша ба ў хос будааст. Њисси олии миллї ва интернасионалї ва ватандўстї принсипи зиндагии ўро ташкил медодааст. Аз Бобољон Ѓафуров омўхтан лозим аст, ки чигуна дар бораи миллат росту дурўѓ суруд нахонда, сўи дигарон санг наандохта, таърихи миллатро навиштан, ба ин намояндагони илмњои дигарро њамроњ ва розї кардан ва номи миллатро љањонї кардан мумкин будааст. Ба ин кор ў њамон солњо оѓоз намуд, хиштњои аввалро гузошт.

Ќаблан, ваќте сухан аз шарњи воситањои ахбор мерафт, аз телевизион низ тазаккур рафт. Албатта, фикре пайдо мешавад, чун Бобољон Ѓафуров то тобистони соли 1956 рањбарии љумњуриро ба дўш дошт ва телевизиони Тољикистон моњи ноябри соли 1959 ба фаъолият оѓоз намудааст, ў чї иртиботе ба ин воситаи ахбор медошта бошад?

Гап ба сари он ки њукумати Иттињоди Шўравї соли 1954 дар бораи ташкил намудани системаи телевизион дар саросари Иттињоди Шўравї карор ќабул намуд. Дар ин асос дар Тољикистон низ ба ташкили ин системаи ахбор оѓоз намуданд. Яъне корњои омодагї, муайян кардани љои студия ва антена, овардани таљњизоти зарурї, оѓози сохтмони ин иншооти барои он замон бузург дар њамон айёми оѓоз гардида буд. Ин раванд зери назар ва роњбарии ў сар шуд.

Дар замони љанги Бузурги Ватанї Бобољон Ѓафуров ташкилотчигии худро аввал дар амалияи журналистика исбот кард. Дар байни матолибе, ки дар ин замон навишт, маќолањояш- «Борьба таджикского народа против чужеземных захватчиков поработителей» (1942), «Анъанањои ќањрамононаи халќи тољик» (1943) ва «Тољикистон ба фронт» (1943) фарќ мекунанд. Ду маќолаи аввал хислати таърихї-таблиѓотї доштанд. Яъне дар онњо аз таърихи пуршарафи халќи тољик, фарзандони содиќ ва ќањрамонии онњо ёдоварї карда мешуд, то ба насли имрўзаи тољикон таъсир кунад, то онњо ба њимояи Ватан бихезанд, дар хати фронт ва оќибгоњ, дар њар љо ки бошанд, ќањрамонона кору пайкор намоянд.

Вобаста ба Ватан ба як масъала назари худро баён кардан мехоњам. Ба фикри баъзе њамкасбонамон менамояд, ки таърихи шўравї таърихи мо нест. Ва агар мо ба Шўравї иртиботе њам дошта бошем, ин иртиботи нангин аст, ин давраи ѓуломии мо мебошад. Ба андешаи ман, ин аќидаи нодуруст ва ѓайриилмї ва њатто беинсофона аст. Агар аз ин дидгоњ мо ба гузаштаи худ нигаристанї шавем, худро таќрибан пайдо намекунем. Дар таърихи се њазор соли охир танњо сад соли њукмронии Сомониён таърихе аст, ки мо маркази кишвар мањсуб мешудем, мустаќил будем, империя сохтем ва аммо њамон мустаќилияти мо низ хислати нисбї дошт. Аз замоне, ки Искандари Маќдун кишвари моро тасхир кард, мо дар тобеияти юнонињо, кўшонињо, чиноињо, сосонињо арабњою, муѓулњо, шайбонињо, сафавињо, ўзбакњо, манѓитњо, русхо будем Сомонињоро барои он нимамустаќил гуфтем, ки гарчи соњибдавлат мо - Осиёи миёнагињо будем, аммо давлати Сомониён ба Иттињоди хилофати араб дохил мешуд. Агар аз мантиќи онњое, ки аз давлати замони Шўравиамон нафрат доранд, ба он таърих нигарем, онро њам давлати худ шуморида наметавонем. Аммо њаќиќат чунин нест. Њаќаќат он аст, ки тамоми таърихи сењазорсола ин таърихи хоси мост ва њамаи он сулолањои аљнабї барои таърихи мо таъсир кардаанд. Дар ин таърих талошу муќовимат ќањрамонињои мо, бадбахтиву сарсахтињо, пешрафту комёбињои мо инъикос ёфтаанд. Ин роњи инкишоф ва худшиносии миллати мост ва таърихи ташаккули њар кадом миллат ба ин монандї дорад. Дар тамоми дунё як халќ њам нест, ки ватанаш аз азал то охир дар як чорчўба боќї монда бошад, њатто як ќавм дар як њолат ва як љои худ боќї намемонад - инкишоф ёфта бузург мешавад ё аз байн меравад.Давлат бошад, истилоњи сиёсї аст, вай таѓйир ёфта меистад. Масалан, дар ибтидо ва интињои асри бистум ва ибтидои асри бистуяк харитаи давлатњои љањон ба таври љиддї таѓйир ёфтааст. Њамаи инро донистан ва эњтиром кардан лозим аст.

Давлати шўравии тољикон бошад, сазовори эњтироми махсус аст. Миллати тољик аз ин давлат зарар надидааст, балки эњёяш ба номи њамин давлат тавъам аст. Вай аз мањвшавие, ки аз таарузи ќабилањои турк пеш меомад, халос шуд. Ин мавзўъ дар аввалин маќолаи замони љангии Бобољон Ѓафуров «Тамоми ќувваи халќ ба торумор карда шудани душман», ки дар «Тољикистони сурх» соли 1942 чоп шудааст, мавзўи марказї мебошад. Ин маќола хусусияти пропагандистї дорад. Аммо имзои муаллиф - Котиби КМ ПК (б) Тољикистон ба он хислати директивї медињад. Хислати директивї пеш аз њама вазн доштани масъалањои тарњшударо ифода менамояд. Пас аз сухани муќаддимавї, ки ба масъалаи Октябр ва озодии халќ дахл дорад, муаллиф менависад:

«Халќи тољик бо кори устуворонаи худ дар аќибгоњ ва муборизаи далеронаи худ дар фронтњо маѓлубияти душмани нафратангезро тайёр карда истодааст. Халќи тољик ѓуломи фашистони истилогари немец шуданро намехоњад. Халќи тољик ба хубї дар хотир дорад, ки маънои ѓуломї чист.Азобу уќубатњои зулми дутарафаи њукумати подшоњ ва амири Бухоро, љабру ситам ва њаёти нимгруснаи бењуќуќ њанўз аз хотири ў нарафтааст.

Дар ваќти њукмронии амири Бухоро Тољикистон мамлакати тамоман бењуќуќ буда, мењнаткашон азобу уќубат мекашиданд. Барои хурдтарин гуноњ ба мењнаткашон љазои сахт медоданд ва њатто онњоро ќатл мекарданд. Амир аз болои фуќаро худро њокими мутлаќ медонист, дар мањалњо бошад, амалдорони амир – бекњо низ худро чунин мешумориданд. Дар ќаламрави амир ќатлкунї васеъ љорї буда, ин ба усули вањшиёна гузаронида мешуд. Одамони ба куштан њукм карда шударо зинда дар гўр мекарданд, бо дурраю калтак то мурданаш мекуфтанд, ё сар аз тан људо мекарданд.

Чи амири Бухоро ва чи њукумати подшоњ ба тараќќиёти хољагии халќ мутлаќо ањамият намедоданд. Тољикистон кўњсори одамногузар буд. Кўњњои баланд бисёр районњоро аз љањони беруна бурида људо карда буданд. Дар натиљаи нагузаронидани тадбирњои ирригатсионї бисёр заминњои њосилхез бекишт монда, биёбони хушку холї шуда монда буданд. Аз он љумла водии Вахш ва як ќатор районњои шимоли Тољикистон, бесамар мехобиданд.

Њукумати подшоњ ва амир ба маорифи халќ ва нигоњдории тандурустї ягон тин њам харљ намекарданд. Ањолии районњои тољикнишини аморати Бухоро таќрибан тамоман бесавод буданд. Амалдорони њукумати подшоњ ва амири Бухоро ба маќсади дар мамлакат мустањкам намудани мавќеи худ дар байни ўзбеку тољикњо, туркману ўзбекњо ва дигар халќњо низои миллиро вусъат медоданд. Дар тамоми мамлакат нифоќи миллї њарљониба ављ гирифта буд.

Револютсияи Кабири сотсиалистии Октябр халќи тољикро озод кард. Халќи тољик бо ёрмандии халќи кабири рус, Армияи сурхи ќањрамон, дар тањти роњбарии партияи Ленин-Сталин аз зулми њукумати подшоњ ва амири Бухоро озод шуд, шайкањои босмачиёнро нест кард, ќафомонии асрии экономикї ва мадании худро барњам дод.

Дар республика дар давоми панљсолањои Сталинї заводу фабрикањои азим сохта шуданд, колхозу совхозњо ташкил карда шуданд, мактабњо, касалхонањо ва дигар муассисањои сершумори медисинї ва маданї кушода шуданд. Халќи тољик дар зери нурњои офтоби Конститутсияи Сталинї - дар дунё аз њама демократитарин, хушбахтона ва хурсандона њаёт ба сар мебурдагї шуд.»

Пас аз ин дар маќола факту раќамњои пешрафти хољагии халќ бо тартиби саноат, роњсозї, системаи нави ирригатсионї- каналњо, зироат сухан меравад. Дар ин раванд як чиз ба назар мерасад, ки дар ин ва маќолањои дигар Бобољон Ѓафуров ба масъалаи саноат ва роњсозї бештар ањамият медињад ва онњоро нисбат ба зироаткорї бартарї медињад. Муаллиф дар мавриди маорифу маданият сухан ронда, махсус таъкид менамояд, ки «Тољикистон мамлакати тамоман бесавод буд. Дар ваќти њозира дар Тољикистон 2626 мактаби ибтидої, миёнаи нопурра ва миёна мављуд буда, дар онњо бештар аз 300000 талабањо мехонанд.

То револютсия дар Тољикистон касалхона ва амбулаторї набуд Њозир мо дорои 123 касалхона, 425 амбулатория, пунктњои тиббї ва фелдшерї, 88 дигар хел муассисањои тиббї мебошем.

Дар Тољикистон ягонто њам театр набуд, њозир мо дорои театрњои республикавї, вилоятї ва районї мебошем.»

Пас аз ин муаллиф дар бораи он сухан меронад, ки љавонони тољик дар фронтњо чигуна мардона бо душман мељанганд, аз ќањрамонњо ном мебарад, онњоро чун мисол барои пайравї таъкид мекунад, дар бораи ёрии мењнаткашони тољик ба фронт бо мисолхо сухан мегўяд. Хулосаи муаллиф аз сухани И.В. Сталин бармеояд: «мо кори њаќро муњофизат менамоем ва боварии ќавї дорем, ки ѓалаба дар љониби мост.» Тавре мебинем дар ин маќола низ вобаста ба мавзуи тарњшуда фикри давлатдорї, муносибати давлат ба ањолї дар мисоли Бухоро, Россия ва давлати Шуравї баён карда мешавад.

Фикри давлат ва ифтихори миллї, худшиносии тољикона аз њамон маќолањои зикршудаи Бобољон Ѓафуров маншаъ мегиранд. Мавзўъ ва маќсади онњо касро ба ин фикрњо мебаранд. Симои ў дар он маќолањо њамчун ќањрамонњои Ватан таборуз мекунад.

Дар мубориза ба муќобили аљнабињо ба гуфти Бобољон Ѓафуров «Спитамон як рўз њам осудагї надошт…Бо вуљуди хеле кам будани ќувваи худ муборизаро ба муќобили ќуввањои сершумори душман ќатъ намекарданд».

Барои фањмидани он ки ибрати шахсии Бобољон Ѓафуров дар тайёр кардани матолиби ватанпарварї чи гуна буд, маќолаи «Анъанањои ќањрамононаи халќи тољик»-ро, ки моњи ноябри соли 1943 чоп шудааст, мулоњиза мекунем. Ин маќола имзои расмї надорад, биноан дар он Бобољон Ѓафуров озодонатар, таърихвор менависад, гарчи порчае аз мактуби Сталин ба халќи тољик дар он иќтибос шудааст, аммо ин маќола нисбат ба њама маќолањои дигар аз таъсири сиёсї озодтар аст. Шояд барои он ки ў чи гуна навиштани маќолањои пропагандистии ватанпарвариро дар замони љанг ба дигар њамќаламон ёдоварї кардан мехост. Маќоларо шартан ба чор ќисмат таќсим кардан мумкин аст.

1. Дар бораи халќи тољик ва манзалати ў. Дар ин хусус Бобољон Ѓафуров менависад: «Халќи тољик ќадимтарин халќи Осиёи Миёна аст. Аљдодони ќадими тољикони њозира дар Мовароуннањр - дар сарзамини байни дарёњои Сир ва Ому ба маданияти дењќонї асос гузошта буданд. Аз замонњои хеле ќадим тољикон њамчун аввалин бинокорони моњири кўлу рўдњои Осиёи Миёна машњуранд. Падару бобоњои тољикони њозира сокинони мамлакатњои Бохтар ва Суѓдиён буданд, ки номи ин мамлакатњоро таърихнависони дунёи ќадим ва Хитой зикр мекунанд.

Суѓдиён ва Бохтар дар муњимтарин роњњои корвонгарде воќеъ буданд, ки ин роњњо Ѓарбро империяи ќадими Рум, Византия ва Эронро ба Шарќ бо Хитой ва Њиндустон пайваст мекарданд. Иттињоди гуногуни ќабилањои гуногуни бодиянишин, ќушўнњои ѓоратгари Искандари Зулќарнайн, истиллогарони араб, Чингизхон ва дигар истиллогарони аљнабї Тољикистони асри ќадим ва асрњои миёнаро, ки дар мавќеи ќулаи географї воќеъ буд, ба дасти худ дароварданї мешуданд. Онњо боигарињои ба ранљи дасти халќи мењнатдўсти тољик ба вуљуд овардашударо, ки воњањои дењќонии Осиёи Миёна бо ин боигарињо ном бароварда буданд, зери даст карданї мешуданд».

Тавре мебинем, маќсади ин ќисм мушахас кардани љои халќи тољик дар таърихи халќњо аст. Ќаламрав ва давлатњои аввалияи вай, сабабњои талош барои дастрасї ба сарнавишти ин халќ аз мавзуњои такмилкунандаи он мебошанд.

2.Халќи тољик халќи инсондўст ором, сулњпарвар аст, аммо дар њимояи Ватан ѓаюр аст. Дар ин бобат Бобољон Ѓафуров аз њар давра мисолњои муаассир меорад:

«Халќи тољик дар љангу љидолњои зидди истилогарони аљнабї бисёр рўзњои сахтро аз сар гузаронида буд. Дар ин љангњо тољикон далерии бењамто нишон медоданд. Аз замонњои хеле ќадим, аз њамон ваќтњое, ки тољикон бар васфи бањодури ќањрамон- Коваи оњангар, бар васфи њамон Ковае, ки халќро бар зидди подшоњи аљнабї - Зањњоки истилогар бархезонида буд, достон мегуфтанд, сар карда, тољикон анъанањои ба муќобили њар зулму ситам муборизаи фидокорона бурданро дар худ нигоњ доштаанд.

Аљдодони ќањрамони тољикони њозира дар соли 327-329 пеш аз милод бар зидди урдуњои Искандари Зулќарнайн далерона љангида буданд.Искандар барои истило крдани мулки тољикон се сол зўр зада буд. Ва танњо баъд аз берањмињои гўшношунида, пас аз рехтани хуни садњо њазор одамони бегуноњ, танњо баъд аз он ки аъёну ашрофи мањаллї ба манфиатњои халќ хиёнат карданд ва пешвои ќањрамони шўриш - Спитаменро номардона кушта буданд, Искандар ба ин нияти худ ноил гардида буд.

Дар асри У111 истилогарони араб ба хоки Осиёи Миёна зер карда даромаданд. Онњо аз парокандагии феодалии мамлакат истифода бурда вайро гирифтори асорат гардонданд ва ба додани хирољ маљбур намуданд. Он ваќт тамоми мардуми тољик бар зидди љабру зулмњои истилогарони аљнабї шўриш бардошт. Тољикон бо роњбарии пешвои шўриш - Муќаннаи номдор, ки ќобилиятњои беназири ташкилотчигї дошт, отрядњои чандинњазораи њарбии истилогарони арабро торумор мекарданд. Муборизаи бузурги халќи тољик ба муќобили истилогарони араб 15 сол давом кард. Тољикон ба онњо шабу рўз ќарору ором намедоданд. Хилофати араб, ки боиќтидортарин давлати он замон буд, танњо дар натиљаи љамъ кардани ќувањои хеле калони њарбї тавонист, ки дар мулки тољикон њокимияти худро муваќќатан барќарор кунад».

Тавре мулоњиза мешавад, дар ин ќисмат ќањрамонии халќи тољик дар љанги зидди аљнабиён порча-порча оварда мешавад. Гўё муаллиф нигарон аст, ки касе ин чизњои навиштаашро муфасалтар ва бо мисолњои даќиќтар идома медињад ва аз ќањрамонии фарзандони њар давра наќл мекунад. Ва ин нигарониаш асос њам дошт, зеро то он ваќт ў борњо бо эљодкорон-адибон, журналистон ва олимон мулоќот карда, пешнињод намуда буд, ки аз таърихи ќањрамононаи халќамон маќолаву очеркњо нависанд ва дуруст умедвор буд, ки ин маслињат барабас намеравад.

3.Ќиссаи ќањрамонии Темурмалик ривояти марказии ин маќола мебошад. Бобољон Ѓафуров камтар боварї дорад, ки касе дар ин хусус чизе менавишта бошад, бинобар ин онро муфассал менависад:

«Дар соли 1221 ба Осиёи Миёна ќўшунњои истилогари нав- Чингизхон, ки вай даъвои њукмронии љањонї мекард, бало барин зер карда даромаданд. Боз аз сари нав шањру ќишлоќњои тољикон оташ гирифт, боз дарё-дарё хуни халќи мењнатдўст равон шуд Халќи диловари тољик яроќ бар даст, озодї ва истиќлолияти худро муњофизат намуданд,

Тољикон образњои Темурмалик ва Мањмуди Торобиро муќаддас дар хотир нигоњ доштаанд, ки ин ќањрамонон бар зидди урдуњои истиллогарони бодиянишин фидокорона мељангиданд, ба муборизае, ки халќи тољик ба муќобили зулму ситам ва истисмор мебурд, моњирона роњбарї мекарданд.»

Баъди ин дар маќола дар бораи муборизаи хуљандиён алайњи муѓулњо, бо сабаби хиёнати тољирон гирифтор шудани Хуљанд, дар љазира истењком сохтани Темурмалик, сифати киштии љангии ў, тамомшудани лавозимоти љангї ва хўрока, фирори маљбурии Темур Малик ба Хоразм ва аз нав лашкар кашидани ў ќисса мешавад. Дар ин зимн сифати шањри Хуљанди арафаи истилои муѓул низ омадааст: «Хуљанд он ваќтњо яке аз калонтарин шањрњои Осиёи Миёна буд. Дар он љо зироаткорию боѓдорї ривољ ёфта, саноати косибї хеле тараќќї карда буд. Хуљанд шањри тиљоратї буда, чандин роњњои муњими тиљоратии асри Х111 дар њамин љо ба њам пайваст мешуданд.» Аммо дар маќола њадаф Хуљанд нест ва њадаф танњо Темурмалик њам нест. Балки њадаф гуфтани он аст, ки ќањрамонон ватани худро дар њама њолат њифз мекунанд ва њатто истилогари ба он даромада аз љонаш сер мешавад, зеро ба ў рўз намедињанд. Образи Мањмуди Торобї ва Бухороиён низ дар њамин ќолаб ифода мешавад.

4 Маќсад ва хулосањо аз ин ќиссањои тарихї. Ба ин тарафи маќола таваљљўњ мекунем:

«Ин вокеањои дар боло зикршуда, аз гузаштаи ќањрамононаи халќи тољик фаќат порчањои људогонаанд. Таърихи тољикон аз ин гуна воќеањо пур аст. Дар вай мисолњои ба Ватан фидокорона хизматкунї ва дар роњи озодї ва истиќлолият љони худро нисоркунї хеле бисёранд. Ана аз њамин сабаб мисрањои зерини асари Саъдї дар байни тољикон хеле машњуранд:

Он на ман бошам, ки рўзи љанг бинї пушти ман,

Он манам, к-андар миёни хоку хун бинї саре.

Он ки љанг орад ба хуни хеш бозї мекунад,

Рўзи майдон, в-он ки бигрезад ба хуни лашкаре.

Зањњоки њозира - Гитлери одамхўр, иттифоќи бародарии Республикањои Советии сотсиалистиро, ки тољикон дар њайати он истиќлолият пайдо карда, хушбахт гардидаанд, торумор карданї мешавад. Фарзандони озодидўсти халќи тољик - наберањои Коваи оњангар, Спитамен, Муќаннаъ, Темурмалик њељ гоњ роњ намедињанд, ки ба гарданашон юѓи пурнанги ѓуломї андохта шавад.

Маќолаи мазкур дар њаќиќат њам барои эљодкорон мисоли ибрат ва пайравї буд. Зеро дар он таърих ва ифтихори миллии тољикон њаст, дар он њаќиќати муборизаи тољикон ба муќобили аљнабиён њаст, дар он амалњои ибратбахш њаст, дар он муќоисаи дирўзу имрўз њаст, дар он даъват барои њимояи ватан њаст. Ин намунаи маќолаи мавзуи ватанпарастї аст. Забони маќола ба тавре содда аст, ки њар хонанда онро мефањмад ва саводи аксарияти хонандагон мактаби њаштсола буд.

Дар бораи фаъолияти ташкилотчигии Бобољон Ѓафуров дар солњои ЉБВ сухан ронда, ба се чиз таваљљўњро љалб кардан мехоњам:

1. Ў натанњо худ дар мавзўи таъриху ќањрамонињои фарзандони халќаш китобу маќолањо менавишт, балки дигарњоро, аз љумла устод Садриддин Айнї, Мирзо Турсунзода, Муллољонови Шањристонї, Абдусалом Дењотї , Рањим Љалил, он адибону олимон ва журналистонеро, ки ќалами бурро доштанд, ба ин кор љалб менамуд. Дар маљлисњое, ки бо ташаббуси КМ ЊК, АИ ё муассисањои дигар баргузор мешуданд, барои њама мавзуњо пешнињод мекард ва ба эљодкорони таљрибадор ном ба ном супоришњо медод, чизњои ќобили нашркардаашонро номбар ва ситоиш мекард. Ў медонист, ки аз дасти кї чї кор меояд ва бо њамон шева супоришњо медод. Дар ин маврид номаи Абдусалом Дењотї ба устод Айнї, ки Усмонљон Ѓаффоров дар китоби «Алломаи замон» иќтибос кардааст, далели равшане мебошад:

«Дар чандин маљлисњо ва машваратњое, ки дар давоми шаш моњи љанги Бузурги Ватанї дар КМ партия ва дар зери роњбарии КМ дар љойњои дигар бо нависандагон ва коркунони санъат шуда гузашт, масъалаи дар адабиёт ва санъат зинда кардани номи гузаштагони диловари халќи тољик (мисли бинни Муќаннаъ, Темурмалик, Восеъ ва ѓайра) бардошта шуд ва рафиќ Ѓафуров борњо ин мавзўњоро ба њама пешнињод кард. Баъзе рафиќон дар ин бора пйесањо навиштанї шуданд. Аммо њанўз касе ба кори амалї шурўъ накардааст, гўем, хато намешавад. Майли ман ба сифати як хонанда он буд, ки яке аз ин мавзўъњоро Шумо кор кунед, хоњ ба шакли ягон асари адабї, хоњ ба шакли очерки илмї-таърихї, ба њар њол чунин асар бояд муваффаќият пайдо кунад ва фоида бахшад.»

Устод Садриддин Айнї ин тавсияи Бобољон Ѓафуров ва маслињати шогирдашро пазируфта, дар замони љанг ба мавзўи таърихї - ќањрамонї љиддї машѓул шуд аввал як сислсила памфлету маќола навишта, фашизмро масхара кард ва сонї очеркњои таърихии «Исёни Муќаннаъ» ва «Ќањрамони халќи тољик Темурмалик»-ро навишт. Моњияти ин асарњо дар як мавзўъ љамъ меоянд: халќи тољик ба аљнабиён - хоњ юнониву хоњ араб, хоњ муѓулу хоњ манѓит сари таъзим фуруд наовардааст, ватанашро муќаддас доштааст ва ба истилогарони немис њам тобеъ намешавад. Спитаменњо, Шеракњо, Восеъњо зиндаанд, онњо намемуранд, рўњи онњо аз насл ба насл мегузарад. Мавзўи ќањрамонии халќи тољик дар он солњо мавзўи шеърњо, очеркњо ва латифаву ќиссањои Абулќосим Лоњутї, Абдусалом Дењотї, Шарифљон Њусейнзода, Самад Ѓанї, Мирсаид Миршакар, Сотим Улуѓзода ва дигар адибону олимон низ будааст. Дар он солњо модари Бобољон Ѓафуров - Розия Озод њам бо як силсила шеърњояш, ки ба муќобили фашизм, барои њимояи шарафи Ватан навишта шуда буданд, садо баланд мекард.

2.Бобољон Ѓафуров аз љумлаи шахсиятњои фикрдор, фикрёб ва дурбин буд. Дар њар чизи хондаашу дидааш фикри наверо барои худ пайдо мекард ва роњи наву бењтари татбиќи онро андеша менамуд. Масалан, моњи декабри соли 1942 ў сармаќолаи рўзномаи «Правда»-ро тањти унвони «Мактуб ба фронт» хонд ва зимнан фикри муњиме ба сараш омад. «Аз номи халќ ба фронт мактубе нависем, ки љанговарони тољикро ба матонату ќањрамонињо њидоят кунем. Ба ин кори хайр мо шоирону нависандагони маъруфи худ Абулулќосим Лоњутї, Мирзо Турсунзода ва адабиётшинос Шарифљон Њусейнзодаро даъват намоем.» (У.Ѓаффоров. «Алломаи замон», Хуљанд, 1998, сањ.33).

Номаи мазкур аввал 20 марти соли 1943 дар рўзномаи «Правда» ва сипас ба номи «Мактуб ба љанговарони тољик аз халќи тољик» 28 марти соли 1943 дар рўзномаи «Тољикистони сурх» чоп шуд. Ба ин мактуб 390 њазор нафар ањолии Тољикистон имзо кардааст ва арзиши онро дорад, ки пурра иќтибос кунем. Тайёр ва тањрир шудани мактуб, љамъоварии ин ќадар имзо нишонаи кори ташкилотчигии Бобољон Ѓафуров буд. Ин аст он мактуб:

«ФАРЗАНДОН, ШАВЊАРОН, БАРОДАРОНИ АЗИЗ – ЉАНГОВАРОНИ ДИЛОВАРИ МО!

Дар ин рўзњо, ки армияи сурхи ќањрамон, фармони дар 23 феврали соли 1943 додаи рафиќ Сталинро иљро карда, ба душман зарбањои њалокатовар расонида истодаанд, халќи тољик шумо иштироккунандагони љангњои пуршарафи бањри озодї ва истиќлолияти Ватани мањбуби сотсиалистии моро аз дилу љон табрик менамояд. Вакте ки мо калимаи Ватанро дар забон меорем, дар пеши назари мо натанњо водии зархези Вахш, натанњо боѓњои себу зардолузори Ленинобод, натанњо кўњњои барфии сар ба фалак кашидаи Помир, балки низ, манзарањои рангоранг, љангалистон ва дарёњои сероби Россия, хўшањои гандуми майдонњои Украина, канорњои рўњафзои бањри Сиёњ, кўњњои афсонавии Кавказ ва гањвораи револютсия шањри азими Ленинград љилва менамояд. Дар миёни ин Ватани бузурги худ дили тамоми кишвар Москваи пурњашаматро мебинем, ки дар болои манорањои ќасри Кремли он ситорањои сурх њамчун нишони хушбахтии њамаи халќњои мамлакатњои он дурахшонанд. Дар ин љо дар яке аз биноњои ќадимаи ин ќаср Ленини кабир зиндагї ва эљодкорї мекард. Дар ин љо Сталини кабир зиндагї ва кор мекунад. Аз њамин љо ў падар ва пешвои мо ба муборизаи халќи Советї ба муќобили истилогарони фашистї роњбарї мекунад. Ба ин Ватани бепоёни зебо моро Револютсияи Кабири Октябр, партияи большевикї, пешвоёни хирадманди мо Ленин ва Сталин соњиб кардаанд. Русњо, украинњо, белорусњо, гурљињо, узбекњо, туркманњо, ќазоќњо, ќирѓизњо ва тољикњо њамаи мо фарзандони њамин Ватани бузург мебошем. Кишвари мо Тољикистони офтобрўя ќисми људонашавандаи он мебошад. Дар њар куљое, ки мубориза кунед, хоњ дар соњилњои дарёи Дон, хоњ дар сањроњои Украина, хоњ дар гирду атрофи Ленинград, шумо Сталинобод, канорњои дарёи Панљ, кўњњои Помир, водии Вахш ва Ленинободро муњофизат менамоед.

Дўстї ва бародарї, ки моро бо дигар халќњои Советї пайванд мекунад, гапњои бекора нестанд. Бовар кунед, ки мо њар ваќт хабари вањшиятњои фашистиро нисбат ба русњо, украинњо, белорусњо ва дигар халќњо мешунавем, хун дар рагњои мо мељўшад, хашм бадани моро меларзонад, њисси нафрат нисбат ба душман сар то пои моро фаро мегирад. Модарон, падарон ва хешу таборњои Шумо ба фарзандони кушташудаи халќњо чунон, ки ба фарзандони худ мегирянд, ба ќотилони онњо лаънат мефиристанд, њамати мо барои интиќом гирифтан аз душман ва ёрї додан ба фронт боз њам бештар ба њаракат меоем.

ФАРЗАНДОНИ МЕЊРУБОНИ ТОЉИКИСТОНИ ОФТОБРЎЯ!

Ваќтњои гузаштаи наздикро ба ёд биёред, ки дар зери зулми подшоњ , амир ва амалдорони он буд. Дар он давра мо ворисони маданияти њазорсола аз тамоми њуќуќи озодї ва хушбахтї мањрум карда шуда будем. Оташи лаёќат, заковат, нури истеъдод ва ќањрамонии мо дар хокистари харобањои маданияти худамон гўронда шуда буданд. Зулм ва худсарињо на шумор доштанд ва на андоза.

Дар он замон, ки гўё умеди халосї аз њељ куљо набуд, бо даъвати мо халќи бузурги рус дар зери байраќи зафаровари Ленин-Сталин ба ёрмандии мо омад. Ёрии бародаронаи ў, мадади дигар халќњои СССР сабаб шуданд,ки мо соњибони Ватани сосиалистии озод ва хушбахт шавем:

Аз њамон нури поки фикри Ленин,

Оташи размњои Сталин

Дар чунон рўзгори торикї,

Шуд дурахшон чароѓи тољикї.

Охир аз бахт комёб шудем,

Соњиби њарбаву китоб шудем.

Тољикистон чунон гул-гул шукуфт, ки онро шинохтан мумкин нест. Шањру ќишлоќњои нашъунамоёфтаи он, пойтахти сабзу хуррами боѓмонандаш-Сталинобод, роњњои шосеи аз миёни кўњњои Дарвоз ва Помир гузаранда, обњои нуќрамонанди дар Каналњои Њисор ва Фарѓона љоришаванда, водињои аз пахта барфмонанди Вахш, Њисор ва Ленинобод, ќасри зебои санъат- театри опера ва балети Сталинобод, биноњои пуршукўњи институтњо, мактабњо, табобатхонањо, муассисањои илмї, замзамаи сурудхонињои њофизон ва раќсњои раќќосу раќќосањои тољик, шеър ва достонњои шоирон, роман ва повестњои насрнависони мо ба ин гувоњї медињанд.

Ин бор душмани ашаддии њамаи инсонияти озодихоњ Гитлер бо тўдањои вањшигаштаи худ мехост оилаи бародарии халќњои СССР-ро, ки дар он мо соњиби истиќлолият ва бахту саодат гаштем, торумор намояд. Шубњае нест, ки шумо писарони халќи тољик, љанговарони шуљоатноки он дар ин лањзањо ќарзи худро дар назди Ватан фидокорона иљро хоњед кард. Охир шумо мељангед, то ки зулмати абрњои сиёњи фашистї нурњои офтоби ба сари халќњои мо тобанда - Конститутсияи советиро хомўш нагардонанд, то ки гулњои боѓу бўстонњои мо пажмурда нашаванд, то ки модар, падар, бародар, хоњар ва фарзандони шумо дубора ба ѓуломї наафтанд, то ки обњои дар каналњо љоришудаи мо дубора дар сарбанд хушк нагарданд, то ки ќасрњои маданияти мо хароб карда нашаванд.


МАРДПИСАРОНИ ХАЛЌИ ТОЉИК!

Шумо авлодони аљдоду бобоњои бузурги худ мебошед, ки онњо ба муќобили истилогарон ва ѓоратгарони аљнабї бањодурона љангидаанд.Дар замонњои ќадим дар васфи ќањрамон Коваи охангар, ки ў халќро ба муќобили шоњи истилогари аљнабї- Зањњок бархезонда буд, афсонањо бофта шудаанд.

Аз ду китфи Зањњок, ки кишвари тољиконро зери асорати худ карда буд, - наќл карда мешавад дар афсонаи халќї, - ду мор рўидааст. Хар рўз љаллодони Зањњок ду љавони наврасро кушта, аз мияи сари онњо ба морњо авќот тайёр мекарданд. Кинаю адовати халќ нисбат ба Зањњоки морон бепоён буд. Аз њама њам зиёдтар ўро Коваи оњангар бад медид, чунки ёздањ писари ба камолрасидаи ў тўъмаи морони Зањњок гардиданд. Халќ исён кард, Кова пешдомани чармини оњангарии худро байраќи исён карда, ба халќ сардорї кард. Шўришгарон њокимияти шоњ Зањњоки аљнабиро сарнагун карданд.

Одамхўри имрўза - Гитлер ба манзили мо сар дароварда, мехоњад мамлакати зебои моро ба мамлакати ѓуломї ва асирї мубаддал гардонад. Писарони мањбуби халќ, муборизаи барои истиќлолият ва озодї бурдаи аљдодони худро ба ёд оварда, аз онњо њам мардонатар ва нотарсонатар љанг кунед.

Он ки мељангид он сон дар замони бандагї,

Бин чи сон љангад кунун дар давраи тобандагї.

Гитлерчиёнро аз замини советї зада њай кунед, агар онњо таслим нашаванд, берањмона ќир кунед.

Афсонањои падару бобоњои моро дар бораи Рустами достон ба хотир оваред, ба ёд оваред, ки Рустам- ќањрамони «Шоњнома»-и шоири љовидонаи дар љањон машњури мо - Фирдавсї чї мегўяд:

Нахоњам тани зиндаи беному нанг,

Битозам чу боди дамон сўи љанг.

Кунам рўи кишвар њама бесипоњ

Синонам гузар гирад аз чархи моњ.

Њама роњу расми паланг оварам,

Сари саркашон зери чанг оварам.

Таърихи халќи мо дањњо ин гуна ќањрамонњои номдорро ба майдон овардааст. Ваќте ки арабњо дар асри У111 ба сарзамини мо њуљум оварда, мехостанд ба тани халќи мо либоси сиёњи мотам пўшонанд, тољикон бо сардории лашкаркашњои худ Абумуслим, Тањмоси Хуљандї, Ибни Муќаннаъ чандин сол машъали шўришро фурўзонда, љангиданд. Темурмалики Хуљандї ва Мањмуди Торобї дар муборизаи халќ бар муќобили муѓулњои бадхашми истилогар роњбарї намуданд.

Наход, ки шумо, авлоди он падарони сарафроз, мегузоред, ки немесњои бењаё тавќи асириро бар гарданатон печонда, шуморо монанди ѓуломон дар заминњое, ки аз худи шумо ба зўрї гирифтаанд, кор фармоянд. Не. Њељ ваќт писари озодидўсти тољик ба чунин нанг ва бадномї тан намедињад. Вай њамеша васияти аљдодони худро дар хотир нигоњ медорад:

Чунин гуфт доно, ки мурдан ба ном,

Бењ аз зинда, душман дар ў шодком.

ЉАНГОВАРИ ТОЉИК!

Пешво ва падари мо Сталини бузург ба тољикон чунин супориш додааст: « ба тамоми Шарќ нишон дињед, ки Шумо байраќи озодиро дар дастони худ мустањкам нигоњ медоред ва авлодњои сазовори аљдодони бузурги худ мебошед»

Бо роњзанњои гитлерї љангида истода, ин супориши Сталини мањбубро бо камоли ќањрамонї ва мардонагї иљро кун!

Бо шунидани њар хабар аз шуљоат ва њунарнамоињое, ки шумо дар майдони љанг мекунед, нури нав ба чашм, зўри нав ба бозу ва ќуввати нав ба дили мо меояд. Мо фахр мекунем, сарафрозем, ки бисёрии Шумо дар он ќисмњои ќушунї мебошед, ки Саркомандадењи Олї рафиќ Сталин ба онњо ба муносибати ѓалабаи мо ва маѓлубияти фашистони истилогари немец ва иттифоќчиёни онњо - руминњо, италянњо ва венгерњо дар назди Сталинград, дар Дон, Кавкази Шимолї, дар назди Воронеж, дар райони Великие луки, љанубтари кўли Ладога ташаккур изњор кардааст. Мо фахр мекунем, сарафроз мешавем, ки дар миёни шумо монанди Ќањрамони Союзи Советї Неъмат Ќаробоев, ордендорон Муњаммадї Иброњимов, Ѓозї Рашидов, Отахон Низомав, Раљаб Мамадов, Нуъмон Умаров, Тешабой Одилов, Давронов, Шукрулло Исоев ва бисёр љанговарони дигари ба њамаи мамлакат машњур њастанд.

Бовар кунед, ки мо њам дар фронти мењнат њељ як аќиб намемонем. Мо љонсупорона мењнат карда истодаем ва боз њам фидокорона кор мекунем, ки мамлакат ва армияи сурхи љонољонамонро аз њама чизи зарурї таъмин намоем. Занон, модарон ва хоњарони шумо дар баробари мардон ихтисосњои шавњар, фарзанд ва бародарони ба фронт рафтаашонро бомуваффаќият ёд гирифта, бо тамоми ќувваи худ ба Армияи сурх ёрї расонида истодаанд, ки душмани палидро торумор кунад. Мо нефт ва ангиштњосилкуниро рўз то рўз зиёд мекунем, торафт бисёртар мањсулоти саноатї мебарорем, майдони киштро васеъ менамоем, њосилоти майдонњоямонро баланд мекунем, барои Армияи сурх њазорон њазор аспњои бодрафтор парвариш мекунем, барои бомуваффаќият иљро кардани плани соли 1942 аз њар се љињат - зироат, чорводорї ва кори МТС Тољикистони мо барои гирифтани Байраќи сурхи сайёри Кумитаи Давлатии Мудофиа кандидат тасдиќ шудааст.

Дар соли 1942 мо ба шумо ва ба рафиќони њамяроќатон бештар аз сад вагон тўњфањои бомуњаббат љамъ кардашуда ва садњо њазор сару либоси гарм фиристодем. Танњо колхозчиёни республикаамон дар давоми якчанд рўз ба сохтани колоннаи танкии «Колхозчии Тољикистон» зиёда аз 81 миллион сўм љамъ карда, супориданд. Љанговарони азиз, фашистони афъиро сахттар занед, бо тасмачархи ин танкњо сари онњоро берањмона маљаќ кунед!

Колхозчиёни мо дар бораи супурдани ѓалла гўшт, пашм ва дигар мањсулоти хољагии ќишлоќ ўњдадории худро дар ваќти худаш иљро намуда, илова бар ин бо нархи муќаррарии давлатї 300 њазор пуд мањсулоти озуќавї супурданд.

Ин њаракати ватандўстонаи халќи мо то рафт вусъат ёфта истодааст. Саломи пешвои мањбуб ва миннатдории Армияи сурх, ки барои иштирокамон дар кори умумихалќї сазовори он шудаем, дар шањру ќишлоќњои республикамон боз њам мављи пурљўш ба вуљуд оварданд, ба сохтмони колоннаи танкї маблаѓњо ва ба фонди мудофиа дохилшавии мањсулоти озуќавиро пўрзўр намуданд.

Мо болшевикони партиявї ва бепартиявии Тољикистон ба шумо ваъда медињем, ки дар љавоби фидокорињои љангии шумо, дар љавоби њуљуми музаффаронаи лашкари сурхи диловар, мо боз њам хубтар кор карда, ватан ва фронтро бо яроќ, лавозимоти њарбї, нефт, ангишт, либос, озуќа, бо њамаи чизњое, ки Армияи сурх ва рафиќ Сталин аз мо талаб мекунанд, то рафт зиёдтар ва зиёдтар таъмин мекунем. Мо барои Амияи сурхи љонољонамон пай дар пай одамони нави наѓз таълимгирифта тайёр мекунем, ба оилањои шумо падарона ва модарона ѓамхорї мекунем.

ЉАВОНМАРДЊОИ ШЕРДИЛИ МО!

Ба шумо дар бораи боз њам хубтар ва бењтар кор кардани худ ваъда дода супориши модаронро, ки бо шири онњо парвариш ёфтаед, хоњиши падаронеро, ки бо мењнати онњо тарбият гирифтаед ва фармони халќи худро, ки дар оѓўши мењрангези он ба воя расидаед, ба шумо мерасонем: он супориш ин аст:

Истилогарони фашистии малъунро берањмона ќир кунед! Барои Ватан, барои Сталин далерона пеш равед!

Фарзанди тољик натарсад аз кас,

Дар майдон асло намеравад, пас.

Ватан - Сталин, Сталин -Ватан»,

Дар њуљум инро медонаду бас.

Мо боварї дорем, ки дар миёни шумо чунин беномусе, ки аз майдони љанг гурезад, ёфт намешавад. Њељ модари тољик чунин унсури нопокро фарзанди худ намешуморад, дашт ва кўхсорони зарнигори мо ингуна доѓро дар дили худ ќабул намекунанд. Агар чунин нокас пайдо шавад, бидонед, ки ў аз мо нест, аз душман аст ва мувофиќи њамин бо ў рафтор кунед:

Касеро, ки бинмуд дар љанг пушт,

Бикуш, гар аду дар масофаш накушт.

Мо аз Шумо талаб мекунем, ки њар як амри командирони худро бетаъхир ва бечуну чаро иљро намоед, дар лањзањои хатарнок синаи худро пеши онњо далерона сипар кунед. Мо аз шумо талаб мекунем. ки фармони дар якуми май додаи рафиќ Сталинро иљро намуда, техникаи њарбии имрўзаро комилан аз худ кунед ва моњирона кор фармудани аслињаи худро ба таври аъло омўзед, ки ин аслињаро халќи советї монданашуда ва фидокорона барои шумо тайёр мекунад.

Мо ба мардонагї ва диловарии шумо боварии ќатъї дорем. Шумо намегузоред, ки хоки муќаддаси Ватани моро пои нопоки истилогар поймол кардан гирад. Шумо дигар њељ тоќат намекунед, ки фашистони дарранда аз неъмати мо бањраманд шудан гиранд. Шумо дигар намегузоред, ки ситамгарони лаънатї одамони советиро дар районњои муваќќатан забткардаи мамлакати мо тањќир кардан гиранд.

Фашистони бењаёро ягон нафар њам намонда, ќир кунед, ки онњо мехоњанд марќади Рўдакї, эљодиёти олими машњури тољик Абў Алї Сино, сањифањои достони намирандаи «Шоњнома»-и Фирдавсї, асарњои пурњикмати Саъдї, шеърњои оташбор ва лирикаи пурњикмати Камоли Хуљандї ва Њофиз, дурдонањои Љомиро сўзонда, ба як хокистартўда мубаддал созанд, чи тавре, ки ин вањшиён музей ва ёдгорињои Толстой, Чайковский, Шевченко ва дигар одамони бузурги халќњои бародарии моро хароб ва торољ намуданд.

Фашистони мурдор ба кирдорњои бади дањшатангези худ нисбат ба ањолии Ќрим ва Кавкази Шимолї ба тамоми љањон нишон доданд, ки онњо нафаќат душмани ашаддии халќњои Европа ва хусусан халќњои славиянї, балки душмани ашаддии халќњои Шарќ њам мебошанд.

Кушед, фашистони даррандаро, ки мехоњанд, ки дигар њељ гўше таронањои форами њофизони моро нашунавад, мехоњанд дигар њељ чашме раќсњои мафтункунандаи духтарони озоди моро набинад, намехоњанд дар њељ як китобе дигар шеър ва повестњои шоирону нависандагони мо дида шаванд, мехоњанд дар њељ як забоне дигар номи Тољикистони советї дида нашавад.

Ќир кунед, фашистони торољгарро, ки кўшиш доранд заминњои Шумо, боѓњои шумо, токзорони шумо, ѓаллаю рамањои шуморо ба даст оварда, самараи мењнати чандинсолаи шуморо аз худ кунанд, мехоњанд номуси занон, арўсон, модарон ва хоњарони шуморо бешармона поймол намояд, чи тавре ки номуси занон ва духтарони Украина, Белорусия ва дигар районњои муваќќатан забт кардаашонро барбод дода истодаанд. Онњоро берањмона ва монда нашуда ќир кунед!

Мезанад хасм туро, гар ки ту ўро назанї,

Меканад бехат агар, решаи ўро наканї.

Фашистони ѓоратгари немец барои ба даст даровардани маќсадњои худ кўшиш доранд бо роњи дурўѓ ва иѓвогарї дар байни халќњои мамлакати мо низо пошанд, то ки пас аз он тавонанд, онњоро тоќа -тоќа мутеи худ гардонида, ба зону нишонанд. Ин ба онњо муяссар нашуд ва њељ гоњ нахоњад шуд!

Мо зарбулмасали халќи худро њамеша дар хотир дорем:

Чун љамъ шаванд панљ ангушт,

Гарданд ба фарќи душманон мушт.

Гар ангуште људо бимонад,

Њар тифл шикастанаш тавонад.

Мо наѓз дар хотир дорем ва њељ гоњ фаромўш намекунем, ки барои хушбахтии халќњои тољик дар солњои љанги гражданї баробари хуни муборизони тољик хуни њазорњо бародарњои мо аз авлодњои халќи кабири рус, украин ва дигар халќњои советї рехта шудааст. Воќеањое, ки писари коргари Ленинград ё фарзанди дењкони Полша љони худро ба хатар андохта мељангид, то ки хоњар ё бародари тољикро аз дасти ќаттоли ќурбошї наљот дињад, як ё ду воќеа нестанд. Бисёртарини шумо дар хотир доред, солњоеро, ки русњо, украинњо, белорусњо дар зери фармондењии лашкаркаши пуристеъдоди рус М.В.Фрунзе ба ўзбекњо, туркманњо, ќирѓизњо ќазоќњо ва мо, тољикњо барои халосї аз чанголњои амир ва хонњо мардона ёрї доданд.

Дар он рўзњои оташу хун кадом ќувва моро ба ѓалаба расонд? Ќувваи дўстї ва бародарии халќњои советї, нињоли гаронбањое, ки Ленин ва Сталин дар боѓи Окябр шинонданд.

Имрўз шумо фарзандони Тољикистон бо якљоягии фарзандони халќњои дигари ватанамон ба душманони пурхашмтарини озодї ва истиќлолияти ватани сосиалистии худ, ба муќобиди дуздони гитлерї љангида истодаед. Кадом ќувва дар рўзњои љаги кабири ватанї моро ба ѓалабаи ќатъї мерасонад? Боз њам ќувваи дўстї ва бародарии халќњои советї, меваи ширини он дарахти муборак, ки боѓбони хирадманд Сталин онро эњтиёткорона сабзонд ва ба камол расонд.

Агар ду бародар нињад пушт-пушт

Тани кўњро хок монад ба мушт.

Мо, халќњои советї бозуи ватани ягонаи худамон мушти ў њастем, ки сари пурбоди фашистонро зада, маѓзашонро парешон мекунад. Њељ ќуввате ва њељ фиребе наметавонад моро аз њамдигар људо карда шикаст дињад, вай бо њељ як ќуввае наметавонад, ки дўстии вайроннашавандаи сталинии халќњои СССР-ро, ки бо хуни бародарии дар фронтњои ватанї рехтаи худ мустањкам гардидааст, вайрон кунад. Шумо ин дўстиро муќаддасона муњофизат ва мустањкам намоед, «зеро то даме, ки ин дўстї пойдор аст, халќњои мамлакати мо озод ва маѓлубнашаванда хоњанд монд» (Сталин).

ЉАНГОВАРОНИ ПАЊЛАВОНИ МО!

Дар чанги зидди душманони пуркинаи инсоният - фашистњо иштирок кардан барои шумо шарафи бузург аст.

Фарзандон ва наберањоятон бо шумо фахр мекунанд. Халќи мо ќањрамонии шуморо бо миннатдорї ва муњаббати чуќур як умр дар лавњи хотири худ нигоњ медорад. Шердилона ба пеш кадам занед, писарони мањбуби Тољикистон! Шаѓолони нафратангези гитлериро, ки замини советиро ифлос карда истодаанд, зада њай кунед, одамхўрони гитлериро нобуд кунед. Њамаи сагони девона, њамаи роњзанони фашистиро ќир кунед, то :

Намонад ситамгори бадрўзгор

Бимонад аз ў лаънати пойдор.

Бо ќањрамонї, шуљоатмандии бењад ва дўстии шўълавари худ рўзи ѓалабаи мо ва маѓлубияти душманро наздик кунед. Мо боварии комил дорем, дур нест он рўз, ки Армияи советии ќањрамони мо дар тањти роњбарии бузургтарин стратег ва лашкаркаш рафиќ Сталин одамхўрони гитлериро ба куллї торумор менамояд.

Марг ба истилогарони немец!

Зинда бод, фарзандони нотарси халќи тољик, ки дар фронтњои љанги ватан мардвор љангида истодаанд!

Зинда бод, Армия сурх ва Флоти Њарбї - бањрии ќањрамон!

Зинда бод, дўстии маѓлубнашавандаи Сталинии халќњои СССР!

Зинда бод партияи пуршарафи Ленин-Сталин!

Зинда бод пешво ва лашкаркаши генеалии мо Сталини кабир!

Ин нома аввалан нишонаи хирад ва ќањрамонї, намунаи таблиѓ, далели таъсиррасонї бо мактуб аст. Албатта, тањрири бевоситаи он ба ќалами эљодкорон тааллуќ дорад. Яъне, Бобољон Ѓафуров шахсан нанавиштааст. Аммо соњиби идея, ташаббускори навишта шудани мактуб, тарзи истифодаи фактхои таърихї ва масъулияти љиддие, ки дар ин нома њаст, бовар мекунонад, ки онро устод дида, тањриру иловањо кардааст

Дар заминаи ин мактуб номаи манзуми «Аз аќибгоњ ба фронт» ва «Аз фронт ба аќибгоњ» пайдо шуданд, дар заминаи ин ташаббус дар матбуот шиори:

Мард дар њимояи Ватан аст

Рули трактор дар дасти зан аст.

Ба майдони матбуот омад.

3.Дар яке аз мулоќотњое, ки соли 1942 бо зиёиён дошт, Бобољон Ѓафуров масъалаи нашри «Ойинаи тољикТА»-ро ба миён гузошт. Расму плакатњои њаљвии сиёсї, яъне карикатурањо, матнњои кўтоњи пуртаъсир, бењтараш як ду байти обдор ба њайси плакат барои душманон дандоншикан, барои аскарони мо рўњбаландкунанда мешавад. Мо барои ин рассомони моњир њам дорем, нависандагони нагз њам,- гуфта буд ў дар он сўњбат. Дар воќеъ дар он солњо 323 шумораи « Ойинаи ТољикТА» ва ќариб 250 вараќањои сиёсї, дар Тољикистон тайёр ва дар хати пеши фронт пайдо шуданд.

4.Ќобилияти ташкилотчигии Бобољон Ѓафуров дар соњаи журналистика танњо ба солњои љанги Бузурги Ватанї не, балки ба даврањои дигари њаёташ, то ба охирњои солњои њафтодум низ оид аст. Дар охирин соле, ки вай роњбари Тољикистон буд, дар мамлакат 58 рўзнома, 11 маљалла бо тиражи якдафаинаи 540 њазор нусха чоп мешуд. То њамон ваќт 8 љилди Асарњои В.И.Ленин дар тарљумаи тољикї чоп шуданд. Аслан ташкили тарљума ва нашри асарњои В. И. Ленин ташаббуси Бобољон Ѓафуров буда, ин кор асосан аз соли 1954 оѓоз шудааст. Баъдтар, ваќте ки ў ба Москав ба кор рафт, дар Институти Шарќшиносии СССР ташаббус кард, ки як силсила дастнависњои нашрнашудаи сайёњон ва сафоратњои Россия ба Осиёи Миёнаи асри Х1Х ба сифати китобњои алоњида чоп шаванд. Аз ин силсила бештар аз 15 китоб ба нашр расид, ки њамашон зери назари академики тољик баромадаанд. Дар бисёр ваќтњо њатто ходимони давлатї ба нашри ин китобњо монеъ шудан мехостанд, аммо номи Б. Ѓафуров пеши роњашонро мегирифт. Сабаб дар он буд, ки дар ин асарњо њаќиќати таърихї, сиёсї ва фарњангиву демографии Осиёи Миёна баён карда мешуданд. Яке аз онњо асари Е.Г Мейендорф «Путешествые из Оренбурга в Бухару» мебошад, ки аз сафари соли 1820 навишта шудааст. Њељ китоби нашри Россия бењтар аз он љои тољиконро дар Бухоро маълум накардааст. Дар ин асар аз љумла омадааст:

«Бухарский народ разделяется на две основные группы: одна победивщая и господствующая, другая-побежденная и подчененная. Первую состовляют узбеки, вторую - таджики. Последные рассматрывают себя как первоначалное население страны и происходят вероятно, от древных согдийцев. Узбеки, утверждающие, что они явились из окресностей Астрахани, разделяются на много племени».